Internews барои гузаронидани ду тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон кумак мекунад.

Дар мавзуи пулҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва ҳамчунин  оид ба он, ки занон дар Тоҷикистон соҳиби кадом ҳуқуқҳо ва озодиҳои воқеӣ ҳастанд, ду гуруҳи рузноманигорони тоҷик бо мусоидати молии  Internews нақл хоҳанд кард.

Дар маҷмуъ бист  дастаи рузноманигорон аз Осиёи Миёна, аз ҷумла  се даста аз Тоҷикистон, дар кори нахустин озмоишгоҳи  осиёимиёнагии додаҳо – Innovation {and Motivation} Data Lab, ки санаи 23-25 майи соли 2019 дар шаҳри Нур-Султон баргузор гардид, иштирок намуданд. Иштирокчиён ҳини баргузории озмоишгоҳ дар бораи он ки журналистикаи додаҳо чист, додаҳои  бозро дар куҷо бояд ҷуст, тавассути  кадом  абзорҳо бояд коркард шаванд, чи тавр сохтан ва  амалӣ намудани лоиҳаҳои расонаии хушсифат маълумот гирифтанд.

“Барои сохтани лоиҳаҳое,ки бо додаҳо алоқаманданд, пеш аз  ҳама  ба шумо ёфтани “кон”-и додаҳо лозим аст. Шумо бояд бидонед, ки оҳоро дар куҷо меҷуянд. Кори  минбаъда марбут ба  ҷараёни коркарди онҳост, яъне бо додаҳо бояд коре кард.  Фаҳмиши он, ки бо ин иттилоот чи кореро анҷом додан мехоҳед,бисёр муҳим аст. Аудиторияи бо “маводи хом” таваҷҷуҳ надорад. Барои  одамон  натиҷа зарур аст. Ва чунин ҳам мешавад, ки натиҷа ҳеҷ рабте  ба арқом нахоҳад дошт,”-гуфт аз таҷрибаи худ Денис Бигус-рузноманигор -тадқиқотчӣ аз Украина,муассиси лоиҳаи  «Канцелярская сотня»  ва манбаи  ГарнаХата — каталоги соҳибони хонаҳои гаронарзиштарин дар Украина .

Намунаҳои кори журналистикаи додаҳо дар Тоҷикистон ҳастанд,вале бо назардошти он ки самти мазкур вақт ва талоши зиёдеро тақозо дорад, дар  редаксияҳо бо додаҳои боз ба нудрат кор мекунанд. Масалан, тибқи қавли иштирокчии ин озмоишгоҳ, директори иҷроияи гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс»- Зебо Тоҷибоева, агар онҳоро бо лоиҳаҳое, ки дар ин озмоишгоҳ муаррифӣ шуданд, муқоиса намоем, метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон журналистикаи додаҳои боз умуман рушд накардааст. Ин дар ҳолест, ки коршиносон доимо рабт доштани  ояндаи журналистикаро бо журналистикаи додаҳо таъкид мекунанд. “Додаҳои боз дар рушди кишвар  ба таври умум, беш аз пеш, аҳамият пайдо мекунанд”- мегуяд Марат Бигалив, роҳбари намояндагии  Internews Network  дар Осиёи Миёна.

«Журналистикаи додаҳо,  ба андешаи ман, метавонад ба расонаҳо  барои баромадан ба сатҳи баландтари рушд мусоидат намоянд ва омузишҳо дар ин самт бисёр муҳиманд”- бо онҳо изҳори ризоят мекунад,-  Бекзат Рахимов, директори Департаменти сиёсати давлатӣ дар соҳаи ВАО-и Вазорати иттилоот ва иртибототи Қазоқистон

Ғайр аз омузиши бевосита, тули ду рузи кории озмоишгоҳ иштирокдорон  ҳамроҳ бо коршиносони байналмилалӣ, тавассути додаҳои боз  лоиҳаҳои тадқиқоти рузноманигории воқеӣ ва муҳим таҳия карданд ва онҳоро ба озмун пешниҳод намуданд. Тибқи натиҷаи овоздиҳии ҳакамон аз 12 лоиҳа 7 лоиҳаи беҳтарин интихоб шуд ва аз он ҷумла  ду лоиҳаи журналистони тоҷик

Дастаи аввали ғолиб-гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс»,  ба қазовати ҳакамон лоиҳаи “Пулҳои муҳоҷирон”-ро пешниҳод намуд, ки тавассути он даста нияти дар бораи маҷрои пулҳои аз Россия ба Тоҷикистон воридшаванда нақл кардан дорад. Моҳияти лоиҳаро Зебо Тоҷибоева чунин шарҳ медиҳад:-Мо лоиҳаи  “Пулҳои муҳоҷирон”-ро бо ду сабаб интихоб кардем,аввалан, ҳар чи бо муҳоҷирон рух медиҳад, ҳамеша  дар мадди назари ҷомеа аст,сониян, дар асоси додаҳои боз мехоҳем таҳлил ва нишон диҳем,ки пулҳои муҳоҷирон фиристода чи нақшеро иҷро менамоянд. Гап   танҳо сари нишон додани ҳаҷми онҳо нест, балки нишон додани он дар нисбати   ҷамъоварии андоз,иҷроиши  буҷет аст,онро нишон додан мехоҳем,ки чи тавр ин ё он ҳодиса дар Россия ва Тоҷикистон ба воридоти пулҳои муҳоҷирон таъсир мерасонад. Ҳадафи асоси лоиҳаи мазкур- таваҷҷуҳи ҷомеа ва шахсони масъулро ба он ҷалб намудан аст, ки то кадом андоза ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон дар кишварҳои мавриди сафар муҳим аст, то кадом андоза мусоидат ба онҳо, фароҳам овардани шароит дар он ҷо ва барои оилаҳояшон дар ин ҷо муҳим аст

Ғолиби дуввум аз Тоҷикистон –дастаи мунтахаби рузноманигорон аст, ки ҳадафи лоиҳаашон таҳти унвони  “Оҳ,ин чи занест”, баррасии ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар кишвар аст:  то кадом андоза  онҳо риоя мешаванд ва  кадом   равандҳо вуҷуд доранд  .

– Мо дар лоиҳамон бо ёрии додаҳо мехоҳем маҷрои зиндагии занонро дар Тоҷикистон пайгирӣ намоем,- аз таваллуд  то марг ва баъдан маълумоти   омадаро  бо он андеша, ки дар ҷомеаи Точикистон ҳукмфармост, муқоиса намоем,-мегуяд иштирокчии даста Кума Муртазоқулова  .

Ҳар ду лоиҳаи  расонаии зикршуда тибқи натиҷаҳои озмоишгоҳ барои амалӣ шудан аз ҷониби  Internews дар доираи  Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ MediaCAMP пуштибонии молӣ ёфтанд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассал оид ба MediaCAMP-ро метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews: дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply