Сохтани сомонаҳо бо CMS WordPress

15 феврали соли 2019 г Internews дар Тоҷикистон дар мавзуи « Сохтани сомонаҳо» вебинар гузаронд, Мутаассифона, бо сабабҳои техникӣ ,сабти пурраи ин вебинар сурат нагирифт. Бо дарки аҳамияти мавзуъ, мо тасмим гирифтем дарси видеоии сохтани сомонаро дар базаи CMS WordPress омода намоем. Чун худи вебинар он ҳам бо забони тоҷикӣ омода шудааст

Дар рафти дарси видеоӣ шумо бо тамоми раванди сохтани сомона шинос мешавед. Аз ҷумла масъалаҳои зерро дар бар мегирад:

  • Боргирӣ(донлуд) ва насби сервери маҳаллӣ
  • Боргирӣ ва насби CMS WordPress ва афзунаҳои (расширений) зарурӣ
  • Консол, плагинҳо ва мавзуҳо. Танзимоти аслии сомона
  • Насб ва фаъолгардонии плогинҳо ва мавзуъҳо
  • Сохтори сомона
  • Нашри постҳо ва саҳифаҳо
  • Эҷоди менюи сомона
  • Танзимоти аслии мавзуъҳои сомона
  • Омодасозии сомона барои боргирӣ дар хостинг. Бойгоникунонии файлҳо ва содир кардани пойгоҳи додаҳо
  • Хариди домен ва хостинг. Танзимоти домен
  • Донлуди сомона дар хостинг. Танзимоти пойгоҳи додаҳо
  • Фаъолгардони ва танзимоти плогинҳои Jetpack, Akismet ва WP Super Cache

Барои осон шудани коратон мо ҳамчунин дар сомонаамон файлҳои сохтани дарси видеоиро мегузорем. — файлҳои сомонаро метавонед  аз ин ҷо, бо ин пайванд  аз бойгонии пойгоҳи додаҳо бигиред. Ба ҳар ҳол ҳамчунин метавонед  ин ҷо  файли насбгари барномаи OpenServer ҳам бигиред, ки ба шумо дар танзимоти сервери маҳаллӣ ҳангоми сохтани сомона кумак мекунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *