Коршиносони расонаии кишвар Раънохон Бобоҷониён ва Гузал Махкамова бори аввал барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ мастер-классҳои саводнокии иттилоотиву расонаӣ (СИР) доир карданд. Дар ин омӯзиш намояндагони ТҶ-и ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ширкат карда, дар бораи СИР донишҳои тоза омӯхтанд. Мастер-классҳо дар шакли онлайн баргузор шуда, дар давоми се рӯз қариб 180 касро фаро гирифтанд. Ба омӯзиш 3 коршиноси расонаӣ даъват шуда буданд, ки барои бардавомии лоиҳа 3 навори омӯзишӣ сабт карданд.
Бобоҷониён Раънохон профессори Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода ва ҳамзамон яке аз чеҳраҳои шинохтаи олами расонаии кишвар мебошад. Мавзуъи СИР барояш хеле ҷолиб буда, омӯзишҳо низ доир мекунад. Гузал Махкамова коршиноси расонаӣ аз шаҳри Хуҷанд буда, тарғибгари донишҳои СИР аст.
Раъно ва Гузал дар яке аз озмунҳои Интернюс дар Тоҷикистон, ки охири соли 2020 баргузор шуда буд, ширкат карданд ва иштирокчиёни Эдютон -2021 гаштанд.
Эдютон-2021 семинари инноватсионии СИР аст, ки ширкаткунандагонаш рӯзноманигорон, педагогҳо, намояндагони ТҶ, мураббиёни Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буданд. Ҳангоми ширкат дар Эдютон -2021 иштироккунандагонро мебоист, ки идеяи лоиҳаҳои СИР-и худро ба озмун пешниҳод кунанд. Идеяи гузаронидани омӯзиши СИР барои Шӯрои занҳои маҳаллаҳо кайҳост, ки дар сари Раъно Маҳмудзода буд. Гузал бошад, мехост барои муҳоҷирони меҳнатӣ чунин як омӯзиш баргузор кунад. Эдютон – 2021 идеяи ин ду коршиносро ба ҳам пайваст ва лоиҳаи “Мастер-классҳои саводнокии иттилоотиву расонаӣ барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ” ба миён омад.
“Мо фикр кардем, ки имрӯз дар дунёи иттилоот нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр зарур ва ба онҳо донистани донишҳои СИР бисёр муҳим аст. Чун онҳо бо гурӯҳи муайяни шаҳрвандон кор мекунанд. Андешаи ман ва Гузал ба ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр наздик буд. Зеро Шӯрои занҳо ва ҳам муҳоҷирон ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил мешаванду ТҶ-и махсус бо онҳо кор мекунанд. Тасмим гирифтем, ки андешаҳоямонро якҷо карда, мастер-классҳоро барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ мегузаронем”, -мегӯяд, Раъно Бобоҷониён, яке аз муаллифони лоиҳа.
Аз Тоҷикистон ба Эдютон 2021 дар маҷмуъ 20 – ғоя пешниҳод карда шуд, ки аз он 10 – тоаш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта ғолиб гардиданд. Миёни ин 10 ғолиб идеяи коршиносони расонаии кишвар Раънохон Бобоҷониён ва Гузал Махкамова низ ҷой гирифт. Аз рӯйи лоиҳа 3 мастер класс дар мавзуъҳои абзорҳои онлайнии муосири СИР, бехатарӣ дар Интернет, гигиенаи интернетӣ ва далелсанҷӣ баргузор карда шуд. Дар ҳар се омӯзиш наздики 60 кас онлайн мепайвастанд. Ширкаткунандагон намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон буданд. Вале тавре Гузал Махкамова мегӯяд, ба мастер-классҳо ҷамъ кардани онҳо осон набуд.
“Мо медонем, ки шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи хуби доди гирифти иттилоот ва робита бо одамон аст. Вале ҳангоми ҷамъи ширкаткунандагон мо дарк кардем, ки на он қадар ин андеша дуруст аст. Мо 15 рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълони омӯзишро гузоштем. Хеле кам нафарон дархост фиристоданд. Баъдан ба мо гуфтанд, ки махсус анбӯҳфиристе (рассылка) ҳаст, ки аудиторияашон намояндагони ТҶ мебошанд. Мо мактуб равон кардем ва дар давоми ду рӯз 138 дархост гирифтем. Ин нишондод аз интизориҳои мо ҳам зиёдтар буд”, – қайд кард Гузал.
Ҳангоми гузаронидани мастер-классҳо коршиносон бештар ба забони тоҷикӣ такя карданд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон ташкилотҳои ҷамъиятии гуногун ҳаст ва онҳо бо забонҳои тоҷикӣ русӣ, англисӣ фаоълият доранд.
“Вақте довталабон дархост мефиристоданд, пешниҳод мекарданд, ки ҷаласаҳо бо забони тоҷикӣ доир шаванд. Ин гуна пешниҳодҳо хеле зиёд ба даст омаданд. Ва аз ин сабаб мо аз мутахассисони кории худ дархост кардем, ки дарсҳояшонро бо забони тоҷикӣ доир кунанд”, – гуфт Раъно Бобоҷониён.
Ҳамзамон дар доираи лоиҳа се навори омӯзишӣ сабт гардид. Дар ин се навори омӯзишӣ, мутахассисони ба омӯзиш даъватшуда, коршиносони расонаиву рақамӣ: Муҳайё Нозимова, Фариштамоҳ Гулова ва Ҷамшед Маъруф оид ба абзорҳои онлайнии муосири СИР, бехатарӣ дар Интернет, гигиенаи интернетӣ ва далелсанҷӣ қисса карданд.
“Ягона мушкилӣ ҳангоми гузаронидани мастер-классҳо суръати пасти Интернет буд. Зуд-зуд ширкаткунандагон аз ҷаласаҳо берун мешуданд. Вақт ҳам муайян буд. Яъне мо такроран як чизро аз коршинос пурсида наметавонистем. Баъдан тасмим гирифтем, ки қисмҳои асосии ҷаласаҳоро коршиносон дар наворҳо нақл кунанд. Ширкаткунандагон дар вақти дилхоҳ метавонанд ба Youtube ворид шуда, маълумотро такроран тамошо кунанд”- мегӯяд, Гузал Махкамова.
“Аз мастер-классҳои гузашта бисёр донишҳои ҷадид омӯхтам. Мавзуъи фактчекинг бисёр ҷолиб буд. Қабули иттилоот ва ҳазми он, ба ҳар як хабар бо шубҳа нигаристан, пеш аз ҳама чӣ гуна бояд ба кӯдакон истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро нишон додан. Аз ҳама ҷолибаш таъсири филмҳо ба ҳаёти мо ва амсоли инҳо. Асосан мехостам, ки омӯзишҳои СИР барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам гузаронида шавад. Чун ман ҳам дар муҳоҷират қарор дорам ва медонам, ки 90 фисади муҳоҷирони меҳнатӣ тамоми маълумотро аз Интернет мегиранд ва онро насанҷида баҳогузорӣ мекунанд”, – мегӯяд Зайнуриддин Заҳайризода, яке аз иштирокчиёни мастер-классҳо.
То ҳол иштирокчиён байни якдигар ва муаллифони лоиҳа робита доранд. Дар паёмрасони Telegram гурӯҳи махсус доранд, ки “Дунёи маҷозӣ” ном дошта, то ҳол мавзуъҳои гуногунро байни ҳам баррасӣ мекунанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.