Барномаи MediaCAMP Fest «Истеҳсоли Осиё»

Барномаи муфассали онлайн-фестивали MediaCAMP Fest «Истеҳсоли Осиё», ки дар формати онлайн рӯзҳои 10-12 сентябри соли 2021 баргузор мешавад, муайян шуд. Дар ин ҷо метавонед ҷадвали дақиқи фаъолиятҳоро бубинед ва машғулиятҳои барои худ ҷолибро қайд кунед! Даҳҳо суханрон қиссаҳои худро дар бораи истеҳсоли маҳсулоти расонаӣ дар Осиёи марказӣ нақл мекунанд. Машғулиятҳои шавқовари стендап, Snap Talk (формате, ки суханронҳо пайиҳамдигар дар бораи як мавзуъ гап мезананд), баҳсҳои панелӣ, мастер-классҳо, шомҳои намоиши кино ва  маросими эҳдои ҷоизаи Media CAMP дар пахши мустақим  интизори тамошобинон мебошанд.

Рӯзи аввали MediaCAMP Fest, ҷумъа 10 сентябр аз стендапи ҳунарпеша Александр Меркул оғоз мешавад. Минбаъд – маросими расмии ифтитоҳи фестивал ба забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад, ки монанди дигар фаъолиятҳои банақшагирифташуда онҳоро метавонед ба забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ гӯш кунед. Ҳамчунин то вақти пешин Snap Talk “Истеҳсоли Осиё” ва суханронии муҳаққиқ, таҳлилгар, барномасоз ва омӯзгор Алексей Незнанов аз рӯи мавзуъи “Ҳуши маснуъӣ ва саноатҳои созанда” аз метаодамҳо то дипфейкҳо”  дар интизори шунавандагон аст.

Пас аз танаффуси нисфирӯзӣ баҳси панелӣ таҳти унвони “Экологияи саводи расонаӣ: нигоҳ аз се кишвар” ва ҳамчунин ба таври параллелӣ дар толорҳои гуногун мастер-классҳо оид ба сторителлинги додаҳо, омӯзиши матнҳои бадеӣ дар муҳити рақамӣ, монетизатсияи подкаст ва баланд бардоштани саводи расонаии донишҷӯён ба нақша гирифта шудаанд. Рӯз бо тамошои якҷояи филми мустанад оид ба мавзӯи расонаӣ ба поён мерасад.

“Ин намоишҳо барои саргарм намудани ширкаткунандагон ва шинос кардан бо филмҳое мебошанд, ки дар минтақаи мо – Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд. Дар байни филмҳо кори шогирдони мо аз Мактаби баҳории филми мустанад  ва филмҳо аз дарёфткунандагони гранти Internews низ хоҳанд буд. Ҳамчунин дар охири ду шоми намоиши филм мубоҳиса бо иштироки коргардонҳои даъватшудаи таҷрибадор, ки дар кишварҳои худ машҳур мебошанд, барпо мегардад”, – гуфт модератори ин бахш, ҳамоҳангсози барномаҳои омӯзишии Internews Алевтина Мадярова.

Рӯзи дуюми фестивал, рӯзи  шанбе, 11-уми сентябр, ҳамчунин бо Snap Talk шурӯъ мешавад, ки ба саводи расонаӣ бахшида шудааст. Нӯҳ коршиносе, ки лоиҳаҳо оид ба саводи расонаиро дар Осиёи Марказӣ ҷорӣ намудаанд, дар бораи таҷриба, муваффақиятҳо ва хатоҳои худ нақл хоҳанд кард. Пас аз он, ҳамоҳангсозони Internews Гулнар Асанбаева ва Ирина Медникова таҳқиқи ҳарсолаи Internews оид ба истеъмоли расонаӣ (медиапотребления) ва саводи расонаиро муаррифӣ менамоянд.

Дар нимаи дуюми рӯз мавзуъи муҳим “Марзҳо ва ҳадҳо” мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Суҳбати ошкоро дар бораи душвориҳо ва имкониятҳо барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ дар инъикоси вазъият дар Афғонистон ва ҳамчунин панҷ мастер-класс  дар мавзуъҳои гузариш аз офлайн ба онлайн, рушди Telegram-канали бомуваффақият, эҷоди контент (муҳтаво) оид ба саводи расонаӣ, эҷод намудани YouTube-канал аз сифр, фактчекинг ва мониторинги ваъдаҳои сиёсӣ сурат хоҳанд гирифт. Ин рӯз низ бо тамошои муштараки филми мустанад дар бораи мавзуъи расонаӣ (медиатематика) ба анҷом мерасад.

Дар рӯзи сеюми фестивал, рӯзи якшанбе, 12-уми сентябр, то хӯроки нисфирӯзӣ, машғулиятҳои кишварӣ ба таври параллелӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо сухангӯён аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи хусусиятҳои кори ВАО дар маҳалҳо нақл мекунанд. Нимаи дуюми рӯз бо мастер-класси интерактивӣ дар бораи инкишофи тафаккури эҷодӣ дар рӯзноманигорон оғоз мешавад ва бо машғулияти ҳуқуқшиносони расонаии Осиёи Марказӣ оид ба қонунҳо, худтанзимкунӣ ва ахлоқ дар ВАО идома меёбад. Аз соати 16:30 то соати 18:30 маросими ҷоизасупории Media CAMP Award баргузор мешавад ва пас аз он маросими хотимаи  фестивал барпо мешавад.

“Ба назари ман бисёр хуб аст, ки ҳар фестивал бо маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон анҷом меёбад. Дар чорчӯби фестивал мо имкон дорем, ки корҳоро муҳокима кунем, дар маҷмуъ ба ҳолати рӯзноманигорӣ ва расонаҳо дар минтақа назар кунем, сатҳи кор – ҷиҳатҳои қавии ҳар кишвар ва рӯзноманигорони онро муқоиса намоем. Дар кишварҳои мо озмунҳо зиёд нестанд. Озмунҳои минтақавӣ умуман вуҷуд надоранд. Барои рӯзноманигорон иштирок намудан дар озмунҳо, пешниҳод кардани корҳои худ муҳим аст, то муқоиса намоянд, ки ҷиҳати қавии мо кадом аст ва дар куҷо метавонем боз ҳам беҳтар шавем. Мусобиқа – хуб аст, рақобат моро қавитар мекунад ва барои инкишоф кӯмак мерасонад”, мегӯяд коршиноси Internews оид ба истеҳсоли контент, ҳамоҳангсози озмуни MediaCAMP Award Марина Михтаева.

Ба мо ҳамроҳ шавед! Ҷолиб хоҳад буд!

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро малӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. уассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply