Сарфи назар аз он, ки аз рӯи омор қариб 85% аҳолии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ фикр мекунад, бештар аз нисфи аҳолии кишвар ба он бартарӣ медиҳанд, ки телевизорро ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ нигоҳ кунанд. Бо дарназардошти ин далел, ки телевизор барои тоҷикистониён – яке аз манбаъҳои асосии иттилоот мебошад, меҳри аудиторияи маҳаллӣ ба муҳтавои (контенти) хориҷӣ ба амнияти иттилоотии кишвар таҳдид мекунад, ба рушди соҳибкорони хусусӣ ва худи каналҳои телевизионӣ халал мерасонад. Масъалаи мазкур ва дигар масъалаҳоро намояндагони «Ассотсиатсияи таблиғоти Тоҷикистон» (АТТ) дар мулоқот бо намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Дар давоми ёздаҳ сол арзиши рекламаи телевизионӣ (телереклама) дар Тоҷикистон чандин маротиба коҳиш ёфт: дар соли 2010 як дақиқаи вақти эфир $150 арзиш дошт ва дар соли 2021 бошад ҳамагӣ $20. Дар баробари ин суръати афзоиши иқтисод дар ин вақт аз рӯи нишондоди Бонки ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна 7% дар солро ташкил дод, аҳолӣ афзоиш ёфт ва истеъмоли муҳтавои телевизионӣ (телеконтент) дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд боқӣ монд. Дар ин бора намояндагони саноати реклама (таблиғот) дар вақти семинар ба намояндагони ҳокимият хабар доданд. Ин семинарро АТТ барои кормандони давлатӣ 31 август дар шаҳри Душанбе ташкил кард.
Мулоқоти мазкур дар чорчӯби лоиҳаи “Рушди муносибатҳои шарикӣ ва истифодаи муштараки захираҳо дар соҳаи расона” баргузор шуд. Лоиҳа аз ҷониби созмони “Ассосиатсия” татбиқ мешавад, ки ғолиби озмуни Internews дар Тоҷикистон шуд, ки баҳори соли 2021 эълон шуда буд. Мулоқоти аввал дар чорчӯби ин лоиҳа дар миёнаи моҳи август баргузор шуд, он замон рекламадиҳандагон вазъиятро бо намояндагони ВАО баррасӣ намуданд. Дар семинари дуввум онҳо намояндагони Маркази рушд ва дастгирии соҳибкорон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо ва сохторҳои дигарро даъват карданд, ки ба бозори расона (ВАО) муносибат доранд.
Дар вақти семинар иштироккунандагон гуфтанд, ки нуқтаи гардиш барои бадшавии саноати таблиғотӣ дар Тоҷикистон соли 2010 буд. Он замон ҳукумат таблиғи хидматрасониҳои ширкатҳои мобилиро дар мавҷи каналҳои телевизионӣ мамнӯъ карданд. Аз он замон тамоми саноати реклама, ширкатҳои расонаӣ ва соҳибкорон натавонистанд ба нишондодҳои даҳ соли пеш баргарданд. Ғайр аз ин, дар давоми ин солҳо ба мамнуъ будани ширкатҳои мобилӣ проблемаҳои нав илова шуданд ва дар натиҷа даромади ВАО-и маҳаллӣ ҳам таназзул кард ва ин дар сифати маҳсули онҳо инъикос ёфт ва аҳолӣ муҳтавои онҳоро истеъмол намекунад, сарфи назар аз он ки то ба ҳол телевизор нигоҳ мекунад. Чунин ҳолати соҳаи ВАО ба проблемаҳои ҷиддӣ дар сатҳи давлатӣ оварда мерасонад. Иштироккунандагони мулоқот суҳбатро аз баррасии хисоратҳои иқтисодӣ сар карданд.
– Ба хотири мамнуъияти соли 2010 буҷети кишвар бештар аз ним миллион долларро дар шакли андозҳои пардохтнашуда аз даст дод, ин воситаҳо мумкин буд барои беҳтарсозии инфрасохтор сарф шаванд. Вале мо имрӯз сабабҳоеро баррасӣ намекунем, ки боиси рӯ ба таназзул ёфтани соҳаи аз ҳама рушдкарда дар Тоҷикистон шуд, мо бояд дар ин бора фикр кунем, ки чӣ гуна аз ин ҳолат берун бароем – гуфт Шералӣ Ҷӯрабоев, маркетолог, намояндаи АТТ.
Дар ин бора, ки аҳолии кишвар каналҳои давлатиро нигоҳ намекунанд, намояндагони ҳукумат хабар доранд.
– Мутобиқи таҳқиқот 95% аҳолии Тоҷикистон ба ҳар навъе телевизор нигоҳ мекунанд, аз ҷумла каналҳои давлатӣ, вале танҳо ними аҳолии ҷумҳурӣ телевизиони давлатиро нигоҳ мекунанд – гуфт Миралӣ Қодиров, – намояндаи Маркази рушд ва дастгирии соҳибкорӣ.
Ба назари Шералӣ Ҷӯрабоев аудиторияи каналҳои маҳаллӣ бояд хеле баландтар бошад.
– Барои он ки 84,3 % аҳолии кишвар тафаккури тоҷикӣ доранд. Яъне онҳо ба забони тоҷикӣ фикр мекунанд ва мутобиқан онҳо бояд бештар каналҳои ватанӣ нигоҳ кунанд, вале 51% аҳолӣ каналҳои хориҷӣ ба забонҳои бегона нигоҳ мекунанд, – изҳор дошт Шералӣ Ҷӯрабоев.
Набудани таваҷҷуҳи мухотабон ба контенти маҳаллӣ, ба гуфтаи мутахассисон, ба рӯйхати комили мушкилот оварда мерасонад. Ба таври мисол, илова бар он ки ба буҷет дар шакли андозҳо аз реклама камтар пул ворид мешавад, мушкилот дар ин самт ҳамчунин барои соҳибкорони ватанӣ ба вуҷуд меояд, ки барои онҳо дар асл ҷойе нест, ки бо мухотабони худ муошират кунанд ва ин рақобат кардан бо брендҳои ҷаҳониро дар шабакаҳои телевизионии хориҷӣ, ки дар байни тоҷикон маъруф мебошанд, барояшон душвор месозад.
– Мо метавонем молҳои хубро истеҳсол кунем, вале наметавонем онҳоро бифурӯшем ва аксари вақтҳо мо ҷойе барои фурӯхтани онҳо надорем, – мегӯяд Шералӣ Ҷӯрабоев. – Дар тӯли солҳои корӣ мо бисёр ширкатҳоро дидем, ки маҳсулоти хуб доранд, вале ба сабаби фурӯхта натавонистани моли худ бозорро тарк кардаанд. Ба ширкатҳое, ки бидуни реклама мемонанд, чӣ мешавад – як намунаи қобили таваҷҷуҳ – ин ширкати мобилии маҳаллии “Вавилон” аст: дар соли 2007 дар Тоҷикистон ду миллион муштарии алоқаи мобилӣ вуҷуд доштанд ва 1,2 миллион нафари онҳо ба ширкати “Вавилон” тааллуқ доштанд, сипас ширкат таблиғи хидматрасониҳои худро қатъ кард ва имрӯз онҳо пас аз ду ширкати хориҷӣ ҷои сеюмро ишғол мекунанд.
Фарҳанг ва амнияти иттилоотӣ
Мутобиқи суханони роҳбари Шуъбаи таҳқиқоти истеъмоли расонаии КТМ Ҷамшед Исматиллоев, дар Тоҷикистон платформаҳо на танҳо барои ҷойгир кардани реклама, балки ҳамчунин барои коммуникатсияи мақомот ва ҷомеа вуҷуд надоранд.
– Ба таври мисол, ҳукумати кишвар ба фарҳанги Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад, вале кӣ бояд ин арзишҳоро ба аҳолӣ расонад? Маълум аст, ки расонаҳои маҳаллӣ, аммо онҳо чунин имкониятҳоро надоранд, зеро одамон ба тамошои барномаҳои хориҷӣ афзалият медиҳанд, масалан, барномаҳое, ки дар шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон пахш карда мешаванд, мегӯяд Ҷамшед Исматиллоев.
Шералӣ Ҷӯрабоев чунин меҳисобад, ки истеъмоли феълии расонаӣ ҳамчунин ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад.
– Амнияти иттилоотӣ барои давлати соҳибистиқлоли мо бисёр муҳим аст. Аммо ҳоло чӣ рух дода истодааст? Дар Кӯлоб шабакаҳои телевизионии Россия, Туркия ва Афғонистонро тамошо мекунанд. Онҳо дар ин шабакаҳои телевизионӣ дар бораи Тоҷикистон чӣ чизҳои хубро метавонанд бигӯянд? То чӣ андоза ин кишварҳо ба мо содиқ мебошанд? Худо нишон надиҳад, агар байни Россия ва мо ҳамон вазъияте рух медод, ки байни Россия ва Украина рух додааст, аҳолии моро ба туфайли таблиғоти кишварҳои хориҷӣ ба осонӣ метавон бар зидди ҳукумати худ барангехт, – мегӯяд Шералӣ.
Мутобиқи суханони коршиносон, набудани муҳтавои босифат дар шабакаҳои телевизионӣ ба нарасидани маблағ барои эҷоди он робита дорад. Даромадҳо аз реклама ба сабабҳои гуногун коҳиш меёбанд: рекламаи ғайрисамарабахш, шумораи маҳдуди мухотабон, манъҳои давлатӣ.
– Тағйироти охир ба Қонун “Дар бораи реклама” дар соли 2018 ворид карда шуданд ва тағйирот ба мамнуъиятҳо дахл доштанд. Ба таври мисол, манъи таблиғи ғизои кӯдакон ҷорӣ карда шуд. Яъне, ҳоло дар қонун порнография, силоҳ, ғизои кӯдакон номбар карда шудаанд, ки таблиғи онҳо манъ аст. Маълум аст, ки қонун бояд мушаххас бошад, зеро “ғизои кӯдакон” – на танҳо омехтаҳои ғизоие мебошанд, ки шири модарро иваз мекунанд, балки, масалан, ҳамчунин кулчақандҳои кӯдакон аст. Чаро таблиғи онҳо мумкин нест? Ва чунин мушкилот дар мо зиёд ҳастанд, аз ин рӯ, нақшае лозим аст, ки ин соҳаро ба сатҳи дигар барорад, мегӯяд Далер Мамадалибеков, намояндаи АТТ.
Намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ розӣ шуданд, ки система бояд таҷдид карда шавад. Мутобиқи суханони Миралӣ Қодиров, барои афзоиши маъруфияти контенти маҳаллӣ, нақшаи комили роҳ бояд таҳия карда шуда, вазъияти мавҷуда бояд якҷо паси сар карда шавад. Дар навбати худ, Мералӣ Бодуршозода, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод намуд, ки ба нақшаҳои ибтидоӣ барномаҳои таълимӣ оид ба маркетинг барои соҳибкорони маҳаллӣ дохил карда шаванд.
“Мо ҳатман ба таълими тоҷирони худ машғул хоҳем шуд, вале агар мо системаро тағйир надиҳем, метарсам, ки дониши нав барои онҳо лозим нахоҳад шуд”, – ҷавоб дод Шералӣ Ҷӯрабоев.
Мулоқоти калони навбатӣ бо иштироккунандагони бозори расонаӣ (медиарынок) аз бахши давлатӣ ва хусусӣ дар моҳи октябр ба нақша гирифта шудааст. Илова бар чунин муҳокимаҳо, АТТ таҳлили қонунгузориро баргузор намуда, ба ташкили Кумитаи саноатӣ машғул хоҳад шуд, ки манфиатҳои расонаҳоро ҳамчун ҳомили реклама ҳимоя мекунад ва ҳамчунин барои рӯзноманигорон, мансабдорон ва рекламадиҳандагон (таблиғдиҳандагон) барномаҳои таълимӣ баргузор менамояд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.