Internews дар Тоҷикистон озмуни ҷойи холии кориро барои ишғоли вазифаи офис-менеҷер эълон мекунад

Ҷойи кор: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе

Машғул будан: пурра

Тавсифи мухтасари вазифа:

Офис-менеҷер бо дониши хуби IT, кори мунтазами дафтарро дастгирӣ карда, шароит фароҳам меорад, хадамоти IT-ро таъмин мекунад, кори мӯътадили таҷҳизоти идоравиро таъмин мекунад, барои таъмири он чораҳо меандешад ва инчунин таҷҳизоту ашёи корӣ харидорӣ мекунад.

Вазифаҳои асосӣ:

  • Омодасозӣ ва ташкили кори мунтазами дафтарро таъмин мекунад;
  • Ҳуҷҷату мавод ва маълумоте, ки барои идора заруранд, омода мекунад;
  • Буҷаро барои эҳтиёҷоти офис таҳия ва нигоҳ медорад;
  • Дафтарро бо тамоми ашёи зарурӣ таъмин мекунад;
  • Сабти маводҳои кориро ба қайд гирифта, пардохтҳои заруриро анҷом медиҳад;
  • Корҳои идоракунии коргузорӣ (бақайдгирӣ, сабти ном, гузариш, нигоҳдорӣ ва ҷустуҷӯйи ҳуҷҷатҳоро мутобиқи стандартҳои идоракунии идора) ҳамоҳанг мекунад, ҷараёни кори дафтарро ташкил мекунад;
  • Ба ҳама кормандони Интернюс дар Тоҷикистон дастгирии IT мерасонад;
  • Ҳолати дурусти техникаи дафтарро назорат мекунад ва сари вақт барои таъмир чораҳо меандешад;
  • Хариди компютерҳо, таҷҳизоти корӣ ва таҷҳизоти канорӣ (флешкаҳо, клавиатура, гӯшмонакҳо, мушҳо, камераҳо ва ғ.) -ро амалӣ менамояд;
  • Логистикаи дафтарро таъмин мекунад, барои кормандон, меҳмонон ва иштирокчиён чиптаҳои ҳавопаймо фармоиш медиҳад, вохӯрӣ ва парвозро ба фурудгоҳ ҳамоҳанг мекунад, барои меҳмонхонаҳо қайду фармоиш медиҳад, бо таъминкунандагон ҳисоббаробаркунӣ мекунад;
  • Тамоми расмиёти гирифтани раводид ва сабти номи меҳмонони дафтарро анҷом медиҳад;
  • Анҷом додани корҳо ва омодагӣ ба рӯзи нави кориро ҳамоҳанг мекунад;
  • Уҳдадориҳои дигари зарурии дафтарро иҷро мекунад.

Талаботҳо барои номзад:

  • на камтар аз ду сол таҷрибаи корӣ ҳамчун офис-менеҷер;
  • дониши хуби забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ; қобилияти ташкилотчигӣ, таҳия ва татбиқи нақшаҳо, муайян кардани афзалиятҳо;
  • сатҳи баланди масъулият, қобилияти кор дар муҳлатҳои танг ва саривақт иҷро кардани вазифаҳои таъхирнопазир;
  • малакаи хуби муошират;
  • қобилияти кор дар тими корӣ ва мустақилона;
  • таҷриба дар ташкили чорабиниҳо, ҳамоҳангсозии корҳои таъминоти моддӣ;
  • малака дар мукотибаи корӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
  • дониши ибтидоии қонунгузории меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат, санитарияи истеҳсолӣ ва бехатарии сӯхтор.

Дар як изҳороти кӯтоҳ (на бештар аз як сафҳаи матн), лутфан ҳавасмандии худ, интизориҳо дар бораи кори оянда дар Интернюс ва инчунин ҳадди ақали музди пешбинишударо баён кунед. Лутфан тарҷумаи ҳоли худ (CV) ва дархостро то охири рӯзи 15-уми январи соли 2021 бо нишон додани “Офис-менеҷер” дар сатри мавзуъ ба суроғаи электронии TJ-Info@internews.org фиристед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *