Internews дар Тоҷикистон озмуни ҷойи холии кориро барои ишғоли вазифаи мушовири ҳуқуқии ВАО эълон мекунад

Ҷойи кор: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе

Машғул будан: 100%

Тавсифи мухтасари вазифа:

Ташкили кор ва ҳамоҳангсозии фаъолияти барномаи MediaCAMP (Компоненти 3), ки ба беҳтар намудани муҳити ВАО, дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ВАО-ву баланд бардоштани иқтидори онҳо, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ВАО, инчунин ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар якҷоягӣ бо Мушовири минтақавӣ оид ба қонунгузории ВАО, мутобиқи нақшаи корӣ ва таҳти роҳбарии Директори лоиҳаи кишвар равона карда шудааст.

Вазифаҳои асосӣ:

  • Мусоидат ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни мақомоти давлатӣ, ассотсиатсияҳои ВАО, ташкилотҳои ислоҳоти ҳуқуқиву соҳибкорон барои дастгирӣ кардани ислоҳот дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи умумӣ. Масалан, фароҳам овардани шароит барои гузариш ба пахши рақамӣ, афзоиши дастрасӣ ба иттилоот, инчунин афзоиши устувории молиявии ВАО;
  • Тарғиби шароити одилона ва дастрас барои ВАО-и хусусӣ;
  • Тақвияти малакаҳои ассотсиатсияҳои расонаӣ, ки манфиатҳои соҳаи ВАО-ро ифода мекунанд;
  • Ҷалби ҳуқуқшиносони нав барои зиёд кардани шумораи коршиносони ВАО;
  • Гузаронидани семинарҳои масъалаҳои ҳуқуқӣ, аз қабили курсҳои такмили ихтисоси ҳуқуқшиносони тахассус оид ба назорат ва таҳлили қонунгузорӣ ба ВАО;
  • Маъмурият, мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳое, ки аз ҷониби шарикони Internews амалӣ карда мешаванд;
  • Ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот дар бораи лоиҳаҳои амалишаванда, таҳияи ҳисоботи барномавии эҷодӣ;
  • Таъмини дастгирии барномавӣ ва маъмурӣ дар ташкили чорабиниҳои барномавӣ, тренингҳо, ки ҳам дафтари Интернюс ва ҳам шарикон гузаронида мешаванд;
  • Ҳамоҳангсозии ҷадвали татбиқ барои таъмини саривақтӣ ва пурраи ҳадафҳои барнома;
  • Мусоидат ба роҳбарияти Интернюс дар қабули мушовирон ва провайдерҳои хидматрасон тибқи қоидаҳо ва сатҳи донорону Интернюс;
  • Баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии кормандон ва шарикони Интернюс;
  • Дигар масъулиятҳо, агар лозим ояд.

Талаботҳои асосӣ барои номзад:

  • Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Маълумоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқ, ВАО ё ихтисосҳои марбута. Дониши қонунгузории ВАО хуб пазируфта мешавад.
  • Дониши аълои забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ хуш пазируфта мешавад.
  • Таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати ИМА маблағгузорӣ мешаванд, хуш пазируфта мешавад;
  • Қобилияти мунтазам фикр кардан, дорои сифатҳои идоракунӣ ва эҷодкорӣ;
  • Масъулияти баланд, қобилияти кор дар муҳлатҳои танг ва зуд иҷро кардани вазифаҳои таъхирнопазир;
  • Маҳорати кор бо барномаҳои компютерии Word, Excel; таҷриба дар сохтани рӯнамоиҳои PowerPoint бартарӣ дорад;
  • Доштани малакаҳои пешрафтаи муошират ва муаррифӣ;
  • Мавҷудияти доираи васеи шиносоӣ дар байни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма ва мақомоти давлатӣ.

Дар як изҳороти кӯтоҳ (на бештар аз як сафҳаи матн), лутфан ҳавасмандии худд, интизориҳо дар бораи кори дарпешистода дар Интернюс ва инчунин ҳадди ақали музди пешбинишударо баён кунед. Лутфан тарҷумаи ҳоли худ (CV) ва дархостро то охири рӯз, 5-уми январи соли 2021 бо зикри “Мушовири ҳуқуқии ВАО” дар сатри мавзуъ ба суроғаи почтаи электронии TJ-Info@internews.org фиристед.

Leave a Reply