Internews дар Тоҷикистон озмуни ҷойи холии кориро барои ишғоли вазифаи мутахассис оид ба грантҳо эълон мекунад

Ҷойи кор: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе

Машғул будан: пурра

Тавсифи мухтасари вазифа:

Маъмурияти лоиҳаҳои грантӣ мутобиқи қоидаҳо ва сиёсати Интернюс ва ташкилотҳои донорӣ, инчунин қонунгузории маҳаллӣ.

Вазифаҳои асосӣ:

  • Маъмурияти озмунҳои грантӣ, аз ҷумла омодасозии эълонҳо, интихоби финалистҳо, омода кардани созишномаҳои грантӣ ва назорат аз ҷониби шарикон;
  • Таъмини риояи ҳама расмиёт ва назорати дохилии лоиҳа;
  • Тартиби парвандаҳои ҳуҷҷатҳои грантӣ ва ҷойгиркунӣ дар платформаи онлайнии корпоративии Egnyte;
  • Ҳамкории зич бо Менеҷери грантҳо барои таъмини гардиши муассири ҳуҷҷатҳо;
  • Таъмини алоқа бо грантгирандагон оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳа;
  • Маслиҳат додан ба шарикон оид ба ҳама намудҳои ҳисоботи грантӣ;
  • Санҷиши ҳисоботи грантгирандагон;
  • Ҷамъоварии иттилоот ва тартиб додани ҳисоботи мунтазам дар бораи корҳои иҷрошуда ва натиҷаҳои фаъолият;
  • Ширкат дар таҳия ва амалисозии чорабиниҳои марбут ба лоиҳаҳои грантӣ.
  • Дигар масъулиятҳо, агар лозим ояд.

Талаботҳои асосӣ барои номзад:

  • Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Мавҷудияти таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 2 сол собиқаи кории мустақили амалӣ;
  • Таҷрибаи кор бо лоиҳаҳои грантӣ, донистани талабот ва тартиби идоракунии грантҳо;
  • Таҷриба дар ташкилотҳои байналмилалӣ. Таҷрибаи корӣ бо ташкилотҳои лоиҳавии USAID ё дигар донорҳо хуш пазируфта мешаванд;
  • Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
  • Дониши ҳатмии забони англисӣ, сатҳи upper-intermediate;
  • Малакаҳои кор бо барномаҳои компютерии Word, Excel, Powerpoint;
  • Маҳорати хуби муошират, қобилияти кор дар тим, масъулияти баланд.

Дар як изҳороти кӯтоҳ (на бештар аз як сафҳаи матн), лутфан ҳавасмандии худ, интизориҳо дар бораи кори дарпешистода дар Интернюс ва инчунин ҳадди ақали музди пешбинишударо баён кунед. Лутфан тарҷумаи ҳоли худ (CV) ва дархостро то охири рӯзи 5-уми январи соли 2021 бо нишон додани “Мутахассис оид ба грантҳо” дар сатри мавзуъ ба суроғаи электронии TJ-Info@internews.org фиристед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *