Internews дар Тоҷикистон озмуни ҷойи холии кориро барои ишғоли вазифаи муҳаррир эълон мекунад

Ҷойи кор: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе

Машғул будан: 50 %

Тавсифи мухтасари вазифа:

Муҳаррир барои сифати маводҳои забони тоҷикӣ, аз ҷумла тарҷумаҳои сомонаи media.tj ва newreporter.org масъул аст; масъули таҳрир ва ислоҳи матнҳо барои шабакаҳои иҷтимоии ташкилот буда, дар ҳолати зарурӣ дар таҳияи мавзуъҳои мавод ширкат мекунад.

Вазифаҳои асосӣ:

  • Таҳрир ва санҷиши маводҳои нашршударо бо забони тоҷикӣ дар сомонаҳои Интернюс;
  • Маводҳои барои нашр қабулшударо таҳрир мекунад, ба муаллифон ёрии зарурӣ мерасонад (барои такмил додани сохтори мақола, интихоби шартҳо), бо онҳо дар бораи тағйиротҳои тавсияшаванда мувофиқа мекунад;
  • Матнҳои забони тоҷикиро барои таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоии ташкилот таҳрир мекунад;
  • Таҳрири адабии зарурии маводҳоро анҷом медиҳад;
  • Муҳлати иҷрои маводҳоро назорат мекунад;
  • Нашри маводҳоро дар сомонаҳои ташкилот назорат мекунад;
  • Дигар масъулиятҳо, агар лозим ояд.

Талаботҳои асосӣ барои номзад:

  • Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Мавҷудияти маълумоти олии махсус, на камтар аз 3 соли таҷрибаи кории мустақили амалӣ дар навиштани мақолаҳо, таҳрир ва ислоҳи матнҳо бо забони тоҷикӣ;
  • Таҷрибаи корӣ дар нашрия;
  • Донистани забонҳои тоҷикиву русӣ. Донистани забони англисӣ хуш пазируфта мешавад;
  • Қобилияти корӣ дар муҳлати танг ва фавран иҷро кардани вазифаҳои таъхирнопазир;
  • Малакаҳои кор бо барномаҳои компютерии Word, Excel, Powerpoint;
  • Маҳорати хуби муошират, малакаи кор дар гурӯҳ ва масъулияти баланд низ меъёрҳои асосии интихоб мебошанд.


Дар як изҳороти кӯтоҳ (на бештар аз як сафҳаи матн), лутфан ҳавасмандии худ, интизориҳо дар бораи кори дар пешистода дар Интернюс ва инчунин ҳадди ақали музди пешбинишударо баён кунед. Лутфан тарҷумаи ҳоли худ (CV) ва дархостро то охири рӯзи 5-уми январи соли 2021 бо нишон додани “Муҳаррир” дар сатри мавзуъ ба суроғаи электронии TJ-Info@internews.org фиристед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *