Internews дар Тоҷикистон озмуни ҷойи холии кориро барои ишғоли вазифаи мутахассиси истеҳсоли аудиовизуалӣ ВАО эълон мекунад

Ҷойи кор: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе

Машғул будан: 50%

Тавсифи мухтасари вазифа:

Ба менеҷери истеҳсоли муҳтаво ва шарикони Интернюс дар Тоҷикистон барои эҷоди мундариҷаи инноватсионӣ ва баландсифат дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP дастгирии касбӣ мерасонад.

Вазифаҳои асосӣ:

  • ба менеҷерони Интернюс дар ҳамоҳангсозии фаъолияти марбут ба истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ, аз ҷумла, маъмурияти грантҳо ва чорабиниҳо кӯмак расонидан;
  • Ба шарикон дар сохтани муҳтаво, аз ҷумла усулҳои эҷодии видео ва таҳрири аудио маслиҳат додан;
  • Бо кормандони Internews барои дастгирии эҷоди муҳтавои аудиовизуалӣ ҳамкории зич мекунад;
  • ба шарикон дар ташкили маҳсулоти видео ва аудио, инчунин рӯнамоиҳо маслиҳат медиҳад;
  • интихоби маводҳои графикӣ ва аксбардорироро барои истифода дар истеҳсолот ҳамоҳанг мекунад;
  • ба шарикон дар интихобу истифодаи таҷҳизот барои эҷоди муҳтавои видеоиву аудиоӣ маслиҳат медиҳад;
  • Аз технологияҳои нав, ки барои татбиқ ва тавсеаи қобилияти Интернюс ва шарикони он дар истеҳсоли муҳтаво заруранд, бохабар бошад;
  • Навору тасвирҳо ва инчунин дигар муҳтаворо барои истифодаи оянда ҷамъ мекунад;
  • Ба менеҷери истеҳсоли муҳтаво дар ҷамъоварии маълумот / мавод барои ҳисоботи семоҳа, мониторинги вазифаҳо ва баҳодиҳии самаранокии фаъолияти лоиҳа кӯмак мерасонад;
  • Барои шарикони Internews, ки муҳтавои аудиовизуалиро таҳким медиҳанд, мунтазам вохӯриҳо, рӯнамоиҳо, қайду шартҳо мегузаронад, қобилият ва сифати онҳоро беҳтар мекунанд;
  • ҷадвали татбиқи чорабиниҳои истеҳсоли муҳтаворо барои таъмини саривақтӣ ва пурраи ҳадафҳои барнома ҳамоҳанг мекунад;
  • Барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои лоиҳа мусоидат мекунад;
  • Уҳдадориҳои дигар, ки ба истеҳсоли муҳтаво робита доранд, дар мавриди зарурӣ иҷро мекунад;

Талаботҳои асосӣ барои номзад:

  • Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Мавҷудияти маълумоти олии махсус;
  • На камтар аз 3 сол таҷрибаи кории мустақили амалӣ дар соҳаи истеҳсоли аудиовизуалӣ;
  • Дониш ва таҷрибаи кор бо барномаҳои компютерӣ, ки барои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ лозим аст;
  • Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ; донистани забони англисӣ хуб пазируфта мешавад;
  • Қобилияти кор дар муҳлати танг ва фавран иҷро кардани вазифаҳои таъхирнопазир;
  • Маҳорати хуби муошират, қобилияти кор дар тим, масъулияти баланд;
  • Малакаҳои кор бо барномаҳои компютерии Word, Excel, Powerpoint.

Дар як изҳороти кӯтоҳ (на бештар аз як сафҳаи матн), лутфан ҳавасмандии худ, интизориҳо дар бораи кори дарпешистода дар Интернюс ва инчунин ҳадди ақали музди пешбинишударо баён кунед. Лутфан тарҷумаи ҳоли худ (CV) ва дархостро то охири рӯзи 5-уми январи соли 2021 бо нишон додани “Мутахассиси истеҳсоли аудиовизуалӣ” дар сатри мавзуъ ба суроғаи электронии TJ-Info@internews.org фиристед.

Leave a Reply