Internews дар Тоҷикистон озмуни ҷойи холии кориро барои ишғоли вазифаи ёвари барнома эълон мекунад

Ҷойи кор: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе

Машғул будан: пурра

Тавсифи мухтасари вазифа:

Ёвари барнома дар идоракунии Барномаи осиёимарказии MediaCAMP дар Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Вай ба лоиҳа дастгирии моддию техникӣ мерасонад.  Ҳамзамон омӯзишҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои лоиҳаро ташкил мекунад. Инчунин, ёвари барнома барои дастгирии ҳаррӯзаи маъмурӣ / логистикии гурӯҳи барнома дар дафтари Душанбе таҳти роҳбарии Директори лоиҳаҳои кишвар масъул аст.

Вазифаҳои асосӣ:

  • Дар идоракунии фаъолияти лоиҳа кӯмак мерасонад;
  • Ҳуҷҷатҳо, парвандаҳо, тақвимҳои лоиҳа, мукотибаи воридотӣ ва содиротиро идора мекунад;
  • Дар ҳамоҳангсозии фаъолияти лоиҳаҳои кишварӣ ва минтақавӣ мусоидат мекунад;
  • Дар таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳа ва ҷамъоварии маълумот барои ҳисоботи лоиҳа кӯмак мерасонад;
  • Тарҷумаи матнҳои заруриро аз русӣ / тоҷикӣ ба англисӣ ва баръакс таъмин менамояд;
  • Ҳангоми вохӯрӣ бо донорҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шарикони байналмилалӣ, инчунин ҳангоми амалисозии лоиҳа тафсирро таъмин менамояд;
  • Дар ҷаласаҳои кишварӣ, минтақавӣ ва ҷаласаҳои ташкилот иштирок мекунад;
  • Дар чорабиниҳо, семинарҳо дастгирии техникӣ ва логистикӣ мерасонад;
  • Ҳангоми чорабиниҳо бо истифодаи Zoom, Teams, Skype ва ғайра дастгирии техникӣ мерасонад;
  • Дастгирии идоравиро бо шаҳодатномаҳои чопӣ, диплом ва дигар маводҳои чопӣ, ки барои фаъолияти лоиҳа заруранд, таъмин менамояд;
  • Аз номи Директори лоиҳаҳои кишвар, ба уҳдадориҳои дигар барои таъмини идомаи лоиҳаи MediaCAMP дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Талаботҳо барои номзад:

  • Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Маълумоти олӣ;
  • На камтар аз як сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи монанд ба ёвари барнома;
  • Қобилияти таҳия ва татбиқи нақшаҳо ва муайян кардани афзалиятҳо;
  • Қобилияти кор дар гурӯҳ ва мустақилона;
  • Таҷриба дар ташкили чорабиниҳо, ҳамоҳангсозии корҳои таъминоти моддӣ;
  • Малака дар мукотибаи корӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
  • Ташаббус ва муносибати эҷодӣ дар ҳалли вазифаҳои гузошташуда;
  • Дониши муҳити ВАО дар Тоҷикистон;
  • Донистани донишҳои IT хуш пазируфта мешавад.
  • Қобилияти кор дар муҳлатҳои танг ва зуд иҷро кардани вазифаҳои таъхирнопазир;
  • Малакаи хуби муошират;


Дар як изҳороти кӯтоҳ (на бештар аз як сафҳаи матн), лутфан ҳавасмандии худ, интизориҳо дар бораи кори оянда дар Интернюс ва инчунин ҳадди ақали музди пешбинишударо баён кунед. Лутфан тарҷумаи ҳоли худ (CV) ва дархостро то охири рӯзи 15-уми январи соли 2021 бо нишон додани “Ёвари барнома” дар сатри мавзуъ ба суроғаи электронии TJ-Info@internews.org фиристед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *