Муҳлати ширкат дар озмуни тарҳи «Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ» тамдид карда шуд

Муҳлати ширкат дар озмуни тарҳи – Internews «Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ», ки дар доираи барномаи MediaCAMP доир мегардад, тамдид карда шуд. Ҳадафи асосии ин озмун кӯмак ба расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар эҷод ва рушди шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ҷараёни тарҳ ин қисмҳо пешбинӣ шудаанд:

  • Дастгирии молиявӣ барои ҳамоҳангсози шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ.
  • Грант барои пардохти ҳаққи ширкаткунандагон дар марҳилаи аввал.
  • Мураббигии фосилавӣ барои ҳамоҳангсозони шабакаи муқарраршуда.
  • Таълими фосилавии ширкаткунандагони шабака.

Дар озмун расонаҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, ки ба рушди шабакаҳои рӯзноманигорони шаҳрвандии худ ва тавсеаи мавзуъҳои манбаъҳо манфиатдоранд, метавонанд ширкат кунанд.

Чӣ гуна дархост фиристодан мумкин аст?

Шакли онлайнии дархостро то 11-уми январи соли 2021 пур кунед. Интернюс на дертар аз 15-уми январи соли 2021 қарор қабул мекунад. Довталабон оид ба натиҷаҳо тавассути почтаи электронӣ, то 20-уми январи соли 2021 огоҳ карда мешаванд.

Оид ба ҳама саволҳо, лутфан бо суроғаи  tj-info@internews.org тамос гиред.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *