Internews қабули дархостҳоро барои иштирок дар II-юмин Озмуни минтақавӣ- MediaCAMP барои рӯзноманигорон эълон менамояд

Матлабҳо  барои баррасӣ дар ҳама гуна формат ва жанрҳо қабул карда мешаванд (маҳдудияти ягона – хрономеражи филмҳои ҳуҷҷатист, ки  набояд аз 40 дақиқа зиёд бошад), ки аз 1 июли соли 2019 то 31 майи соли 2020 дар васоити ахбори оммаи Осиёи Марказӣ  нашр шуда бошанд.

Озмун дар доираи барномаи Осиёи Марказии MediaCAMP баргузор мешавад.

 Ҳадафи он:

– ҳавасмандгардонии рӯзноманигорони боистеъдод ва эҷодкунандагони  мустақили контентҳое, ки рӯйдодҳо ва падидаҳои дорои аҳамияти муҳими ҷамъиятиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ инъикос мекунанд;

– мусоидат ба рушди муҳити ВАО, ки ба намояндагони гуногуни ҷомеа дар минтақа имкони  шунида шуданро медиҳад.

Дар озмун ҳар  рӯзноманигор ва эҷодкори  контенте метавонад иштирок кунад,  ки ба таври штатӣ ё ғайриштатӣ дар расонаҳо ва ё соҳаи ВАО дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон кор мекунад, Рӯзноманигорони расонаҳои хориҷӣ иштирок кардан наметавонанд.

Дархостро муаллифи мавод ё ташкилоти расонаие, ки онро пешбарӣ кардааст, пешниҳод мекунад.

Матлабҳо барои баррасӣ    бо забонҳои русӣ ва миллӣ (қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, ӯзбекӣ), вобаста аз давлате, ки дар он дархост пешниҳод мегардад, қабул карда мешаванд. Дар Тоҷикистон маталабҳоро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод кардан мумкин аст. Маълумоти бештарро дар бораи шартҳо аз тариқи пайванд бигиред.

Баро иштирок дар озмун бояд:

– аризаро ДАР ИН ҶО пур кунед,

– расидро (расписка) замима кунед (шаблон барои ташкилотҳои расонаӣ – ДАР ИН ҶО, барои истеҳсолкунандагони мустақили контент – ИН ҶО).

Аризаҳо аз рӯзи нашри ин эълон то 31 июли соли 2020, соати 23:59 қабул карда мешаванд.

Номинатсияҳое, ки дар онҳо ҳакамон  матлабҳоро арзёбӣ мекунанд:

«Ҳокимият ва ҷомеа»

«Насли бидуни марз – Замони имкониятҳо»

«Вақти кӯмак кардан аст»

«Қаҳрамонони атрофамон»

«Объектив» (барои кор бо аксҳо)

Эҳтимоли тақдими мукофотҳои махсус  дар  салоҳдиди доварон аст.

Тавассути пайванд  шумо метавонед шарҳи муфассали номинатсияҳо, инчунин намунаҳои корҳоеро, ки дар ҳар як номинатсия дар озмуни соли 2019 ғолиб омадаанд, пайдо кунед.

Дар аввал комисияҳои интихоби ватанӣ дар ҳар кишвар корҳои беҳтаринро муайян мекунад. Сипас, аз корҳои финолистҳо, ҳакамони  минтақавии аз ҷониби Интернюс даъватшуда, ғолибонро интихоб менамоянд. Ба таври  тантанавӣ супурдани ҷоизаҳо  дар қолаби телемост дар доираи  ҷашнвораи дуюми расонаҳои Осиёи Марказӣ дар моҳи сентябри соли  2020 сурат мегирад, ки  ин навбат  тариқи интернет баргузор мешавад.

Агар шумо ягон савол дошта бошед, лутфан тавассути почтаи электронии tj-info@internews.org, бо мо тамос гиред.

Ҷавобҳо ба саволҳои маъмултарин дар сомонаҳои media.tj ва Newreporter.org ва инчунин дар саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

P.S. Бо сабаби вазъи коронавирус, бо хоҳиши иштирокчиёни эҳтимолӣ, Интернюс қабули қабули маводҳоро ба озмун то 31 июли соли 2020 тамдид кард.

Leave a Reply