Вебинар: чи тавр метавон омузиши фосилавиро ба роҳ монд ва трафикро сарфа кард

Дар бораи он ки читавр барои гузаронидани вебинар ё конференсияҳои онлайнӣ  метавон омодагӣ гирифт ва руйи кадом афзалиятҳои омузиши фосилавӣ ҳисоб кард, дар вебинари махсус ба забони тоҷикӣ директори ИҶ «Маркази технологияҳои иттилоотӣ-комуникатсионӣ» (ТИК) – Талъат Нуъмонов  нақл мекунад.

 Омузиши фосилавӣ дар замони хуруҷи  пандемияи COVID-19 ҳатто дар Тоҷикистон ҳам маъруф  шуд, ки суръати интернеташ ниёз ба беҳбудӣ дорад ва нархаш ҳам дар муҳити пасошуравӣ баландтарин аст. Директори  ТИК Талъат Нуъмонов мегуяд, ки ташкилоти онҳо талош кард, то нархи  омузиши  онлайниро тавассути платформаи Big Blue Button дар Тоҷикистон  паст кунанд. Ин платформа тибқи  литсензия (иҷозатномаи) озодона  паҳн мешавад ва ТИК бо истифода  аз ин ҳуқуқ онро дар сервери худ насб намудааст. Нуъмонов шарҳ медиҳад, ки ҳангоми  истифодабарӣ аз Big Blue Button дар як соат ба ҳисоби миёна 7-8 сомонӣ масраф мешавад ва масалан, истифодабарӣ аз ZOOM  аз 25 то 27 сомонӣ барои ҳамин муддат аст.

– Платформаи Big Blue Button  барои омузишҳои фосилавӣ сохта шудааст ва абзорҳои зиёде барои  гузаронидани  ҳам  видео конференсияҳо ва  ҳам  тренинг-семинарҳо дорад, – мегуяд директори ТИК.

Дар вебинари махсус бо забони тоҷикӣ, ки рузи панҷшанбе, 11 июн, соати 16:00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад, Талъат Нуъмонов дар бораи чи тавр бо кумаки ин ва дигар платформаҳо  метавон омузиишҳои  фосилавиро ба роҳ монд, чи тавр омодагӣ гирифт ва кадом  ҷонибҳои мусбату манфӣ  дорад омузиши фосилавӣ ва боз дар  бораи чизҳои дигаре нақл мекунад. Ӯ шарҳ медиҳад,  ки иловатан ба кадом барномаҳои кумакрасон  ҳангоми омузишҳои фосилавӣ бояд диққат дод ва чи тавр қолаби муносиби  чорабиниро дуруст интихоб намуд.

Барои дархост додан, лутфан шакли онлайнро пур кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *