Дар редаксияҳои Тоҷикистон шуъбаҳои журналистикаи додаҳо (дата-журналистика) таъсис дода мешаванд

Ду ширкати расонаӣ аз Душанбе – «Азия-Плюс» ва «Нукта» – дар давоми соли 2022 ҳамроҳ бо менторҳо аз Қирғизистон ва Украина шуъбаҳои журналистикаи додаҳои худро инкишоф медиҳанд ва маводҳои худро дар ин формат нашр хоҳанд кард. Ҳар ду редаксия дар се марҳилаи озмун дар байни редаксияҳо ҷиҳати иштирок дар барномаи журналистикаи додаҳо ғолиб шуданд, ки он аз ҷониби Internews дар чорчӯби лоиҳаи “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ аст” барномаи “Идоракунии самарабахш барои рушди иқтисодӣ” марбут ба Ҳукумати Британияи Кабир дар ҳамкорӣ бо АСTED,- амалӣ мешавад.

Дар он журналистон аз дигар редаксияҳо ё муаллифони мустақил, ки ба самти додаҳои боз таваҷҷуҳ доранд, метавонанд иштирок намоянд; озмуни грантҳо барои амалисозии чунин лоиҳаҳо то охири соли 2022 иҷро хоҳад шуд.

Муфассал дар маводи мо.

Зарина Эргашева – менеҷери барномавии бахши журналистикаи додаҳои Internews дар Тоҷикистон, муддати тӯлонӣ дар расонаҳои маъруфи маҳаллӣ мавзуъҳои иқтисодиро инъикос мекард ва ба наздикӣ ба кори амалӣ дар соҳаи журналистикаи додаҳо шуруъ кардааст. Таърифи бештар паҳншудаи журналистикаи додаҳо чунин аст: ҷамъоварӣ, тозакунӣ, ташкил, таҳлил, визуализатсия ва нашри додаҳо барои эҷоди маводҳои журналистӣ мебошад. Яъне ҳама чиз ба додаҳое асос меёбад, ки дар Тоҷикистон пайдо кардани онҳо хеле мушкил аст.

– Дар Тоҷикистон дастрас кардани додаҳо барои рӯзноманигорон мушкил аст – онҳо ҷавоб ба дархостҳои худро бояд моҳҳо интизор шаванд, – мегӯяд Зарина. – Ин таассуфовар аст, зеро рушди журналистикаи додаҳо (дата-журналистика) ҳам монанди ҳар формати дигар бевосита аз дастрасӣ ба иттилоот вобаста аст. Аммо ҳатто чунин вазъият маънои онро надорад, ки мо наметавонем бо формати журналистикаи додаҳо машғул шавем. Барои рӯзноманигорони имрӯза зарур аст, ки абзорҳои коркарди додаҳоро донанд, воқеаро дар рақамҳо таҳлил намоянд ва бубинанд, қисса-додаҳоро навишта тавонанд. Инҳо танҳо маҳоратҳои зарурӣ мебошанд.

Зарина мефаҳмонад, ки лоиҳаҳои додаҳо дар ҳар кишвари ҷаҳон аз рӯзноманигорон кӯшишҳо ва вақти бештареро талаб мекунанд, масалан, омода кардани як то чунин мавод метавонад 2-3 моҳро дар бар гирад. Аммо ба сабаби он ки ин муҳтаво бо сифати баланди худ фарқ мекунад, талабот барои маводи босифат аз ҷониби мухотабон баланд аст ва чунин нашрияҳо обрӯи ВАО-ро мустаҳкам мекунанд. Мутаассифона, ҳоло дар Тоҷикистон муаллифоне вуҷуд надоранд, ки пайваста ба эҷоди лоиҳаҳо дар формати журналистикаи додаҳо машғул шаванд, ҳарчанд ҳамсояҳои наздиктарин – дар Қирғизистон – қариб ҳар як ВАО-и машҳур дода-журналистҳои худро дорад, ки муҳтавои рақобатпазир барои бозори расонаҳои тамоми минтақа истеҳсол менамоянд.

Аз соли гузашта Internews дар якҷоягӣ бо ACTED ва дигар шарикон ба рушди ин самт дар Тоҷикистон шуруъ кард.

–  Лоиҳаи мо барои ҷумҳурӣ чизи нав аст, – мегӯяд Зарина. – Моҳияти он аз он иборат аст, ки дар редаксияҳо шуъбаҳои додаҳо кушода мешаванд, ки бо кумаки менторҳо дар давоми сол қисса-додаҳо нашр намоянд. Барои ин ба редаксияҳо грант ҷудо карда мешавад. Ҳар сол то соли 2024 мо шарикони навро барои рушди шуъбаҳои додаҳо интихоб мекунем.

Тренинг барои редаксияҳо, Internews

Илова бар тренинг, дар чорчӯби барномаи мазкур грантҳои хурд барои таҳияи қисса-додаҳо пешбинӣ шудаанд. Дар ин озмун рӯзноманигорон ё муаллифоне метавонанд иштирок намоянд, ки аллакай дар бахши журналистикаи додаҳо таҷриба доранд ё дар ин мавзуъ омӯзиш дидаанд. Дархостҳо барои дарёфти грантҳои хурд ба таври доимӣ то моҳи сентябри соли 2022 қабул карда мешаванд.

Таҳқиқот оид ба инъикоси инфрасохтори додаҳои боз дар Тоҷикистон ҳамчунин бахше аз ин лоиҳа хоҳад буд. Ширкате, ки ин корро анҷом медиҳад аллакай интихоб шуд – ин ширкати “Таҳлил ва Машварат” аст, ки узви консорсиуми илмӣ-таҳлилии Z-Analytics Group мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқот дар дастрасии боз хоҳанд буд, аз ин рӯ, рӯзноманигорони Тоҷикистон китоби роҳнамои амалие хоҳанд дошт, ки аз он метавонанд бифаҳманд маълумотҳои бози вобаста ба кишвари моро аз куҷо пайдо кардан мумкин аст.

– Ба таври мухтасар, Internews дар ҳамкорӣ бо ACTED ҷузъи журналистикаи додаҳоро дар чорчӯби лоиҳаи “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ аст”-и барномаи “Идоракунии самарабахш барои рушди иқтисодӣ” (EGED)-и марбут ба Ҳукумати Британияи Кабир  амалӣ менамояд. Ҳадафи ин ҷузъ – васеъ намудани имкониятҳои воситаҳои ахбори омма барои пешниҳоди гузоришҳои таҳлилии ба маълумот асосёфта дар бораи таҳияи сиёсати иқтисодӣ ва пешбурди фикру андешаҳои мустақил дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Internews ҷузъи мазкурро то 31 декабри 2024 амалӣ хоҳад кард, мегӯяд Зарина.  

Тренинг барои редаксияҳо

Internews дар тирамоҳи соли гузашта озмунеро барои интихоби редаксия-шарик оғоз кард. Он аз се марҳила иборат буд: тартиб додани шорт-лист, мусоҳиба бо иштироккунандагони гузашта ва тренинги асосӣ, ки аз рӯи натиҷаҳои он редаксияҳо бояд идеяҳои лоиҳавии худро пешниҳод мекарданд ва ҳакамони мустақил беҳтаринҳоро интихоб менамуданд.

– Даҳ редаксия ба мо дархостҳо пешниҳод карданд ва панҷ редаксия дар шорт-лист қарор гирифтанд. Пас аз мусоҳиба се редаксия боқӣ монданд, ки малакаҳои асосии журналистикаи додаҳоро омӯхтанд. Дар охири тренинг онҳо мавзуъҳоро барои додаҳо-маводҳо пешниҳод карданд ва комиссия аз се ду шарик – “Азия-Плюс” ва “Нукта”-ро интихоб намуд, ки акнун онҳо бо менторҳо кор хоҳанд кард. Онҳо якҷо шуъбаҳои додаҳоро ташкил мекунанд ва то охири сол ҳадди ақал шаш маводи ба додаҳо асосёфтаро нашр мекунанд, мегӯяд Зарина. 

Тренинг барои редаксияҳо, Internews

Имсол менторҳо Алтинай Мамбетова – журналисти додаҳо, ҳаммуассиси мактаби додаҳо дар Қирғизистон, Андрей Газин – рӯзноманигори додаҳо (дата-журналист), мутахассиси визуализатсияи додаҳо аз Украина ва Рустам Гулов – ментори маҳаллӣ, тренери расонаӣ аз Тоҷикистон, ки бо муҳтавои (контенти) мултимедиявӣ ва саводи рақамӣ кор мекунад. Алтинай барои гузаронидани тренинг ба Душанбе омада, чанд рӯз бо иштироккунандагон кор кард ва ба хулосае омад, ки рӯзноманигорони маҳаллӣ ба ин формат таваҷҷуҳи зиёд доранд.

— Ба назари ман, ҳоло ҳама дарк мекунанд, ки касби рӯзноманигорӣ тағйир меёбад. Талаботҳои мухотабон (аудитория) дигар мешавад ва тарзҳои пешниҳоди иттилоот низ тағйир меёбанд. Ва агар мо, рӯзноманигорон, тағйир наёбем ва муҳтавои худро мутобиқ насозем, мухотабонро аз даст медиҳем. Шубҳае нест, ки ҳамаи иштироккунандагони тренинг рӯзноманигорони олӣ ва мутахассисони кори худ мебошанд, аз ин рӯ, ман боварӣ дорам, ки ин масъалаи таҷриба ва вақт аст, шарҳ медиҳад ӯ.

Дар тренинг чанд нафар аз се воситаи ахбори омма, инчунин муаллифони мустақил аз дигар редаксияҳо иштирок доштанд. Тренерҳо кӯшиш карданд, ки воқеияти Тоҷикистонро дар назар гиранд ва якҷо бо иштироккунандагон кӯшиш карданд, ки имкониятҳои корро дар ҳолати норасоии маълумот пайдо кунанд.

– Ба рӯзноманигорон бояд тарзи кор кардан бо маълумоти калон омӯзонида шавад, то ки ин тавр нашавад, ки маълумот пайдо мешавад, аммо ҳеҷ кас бо он кор карда наметавонад. Дар тӯли тренинг ба мо воситаҳо барои оғози кор бо маълумотҳои калонро нишон доданд, мегуяд иштироккунандаи тренинг аз редаксияи “Нукта” Михаил Петрушков.

Ҳамкори ӯ Набӣ Юсупов, роҳбари редаксия, мегӯяд, ки тренерҳо дар бораи имкониятҳои техникие иттилооти зиёди муфидеро пешниҳод намуданд, ки барои рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дастрас мебошанд.

– Худи принсипҳои асосии журналистикаи додаҳо барои ман нав нестанд, вале бо сабабҳои гуногун мо аз ин дониш истифода намекунем. Ин тренинг ба як андоза ба воситаи ба ёд овардани абзорҳое табдил ёфт, ки мо метавонем аз онҳо истифода барем, шарҳ медиҳад Набӣ.

Алтинай низ боварӣ дорад, ки журналистикаи додаҳо падидаи нав нест. 

– Он ҳамеша вуҷуд дошт ва рӯзноманигорон ҳамеша маводҳоеро таҳия мекарданд, ки дар асоси онҳо далелҳо ва рақамҳо буданд, – мегӯяд ӯ. – Ҳоло он ба сабаби афзоиши ҳаҷми маълумот ва шумораи воситаҳои дастрас шакли нав гирифтааст. Аз ин рӯ, рӯзноманигорон бидуни журналистикаи додаҳо кор карда наметавонанд. Гузашта аз ин, пандемия собит кард, ки бидуни дониши коркарди рақамҳо ва муаррифии онҳо дар расона аллакай наметавон коре кард.

Лоиҳаи мазкур бо маблағи Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дастгири шуда дар ҳамкорӣ бо ACTED амалӣ мегардад.                          

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *