Дастаи кории Internews дар Осиёи Марказӣ ҳимояти худро аз сокинони Украина иброз медорад. Дар ҳоли ҳозир мо шадидан эҳсос мекунем, ки то чӣ андоза минтақаи мо бо дигар кишварҳои Авруосиё робитаи қавӣ дорад. Аксарияти мо хешу табор ва дӯстоне дорем, ки дар қаламрави Украина зиндагӣ мекунанд ва дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳои низоъи ҳарбӣ қарор доранд.
Мо аз ҳамкороне, ки дар минтақаи ҷанг кор мекунанд, даъват менамоем, ки амнияти худро дар хатар нагузоранд. Худро эҳтиёт кунед! Ҳушёр бошед, саросемавор тасмим нагиред, ҳаёти худ ва ҳаёти дастаи кории худро дар ҷойи аввал гузоред.
Ва ҳамчун як дастаи корӣ, ки аз рушди ВАО дар минтақа пуштибонӣ мекунад, мо мехоҳем ба ҳамаи онҳое муроҷиат намоем, ки муноқиша дар Украинаро инъикос мекунанд. Рӯзноманигорон ва муҳаррирон наметавонанд барои аъмоли дигарон ҷавобгар бошанд ва ҳақиқатро пинҳон кунанд. Аммо расонаҳо ба он таъсир мерасонанд, ки ҷомеа муноқишаро чӣ гуна дарк мекунад ва ин муҳим аст, ки ин масъулият фаҳмида шавад.
Ба эҳсосот дода нашавед, дар ВАО забони душманӣ вуҷуд надорад. Дар айни замон риояи дақиқи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқӣ махсусан муҳим аст. Воситаҳои ахбори омма метавонанд барои баргаштан ба муколамаи сулҳомез ёрӣ расонанд ва ё баръакс, онҳо метавонанд ҳамчун воситаи пуршиддат сохтани низоъ хидмат кунанд.
Ҳама далелҳоро санҷед, ҳар як калимаро баркашед ва танҳо ба манбаъҳои муътамад бовар кунед.
Ба хотири ин ҳадаф мо омодаем, ки ба ВАО, рӯзноманигорон ва блогнависони дар минтақаи худ ҳама гуна кумакеро, ки дар тавони мост, расонем.
Бо умеди ҳамдигарфаҳмӣ
Гурӯҳи Internews дар Осиёи Марказӣ