Internews қабули иштироккунандагонро аз миёни нашрияҳо барои барномаи журналистикаи додаҳо дар соли 2022 эълон мекунад

Даъват менамоем, ки дар барномаи соли 2022-и журналистикаи додаҳо иштирок кунед. Дар озмун нашрияҳо, рӯзноманигорони мустақил ва донишҷӯёни факултетҳои журналистика, блогнависон ва коршиносони соҳаи худ аз Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.

Ширкат дар барнома чӣ медиҳад?
Шумо давраи пурраи тавлиди достонҳои воқеии (историяи) бар додаҳо асосёфтаро азхуд хоҳед кард ва чӣ гуна пайдо кардани мавзуъ барои маводи додаҳо, дар куҷо ва чӣ гуна ҷамъ овардани иттилоот, чӣ гуна ба таври возеҳ тасвир кардани он, чӣ гуна ҷамъоварии достон -додаҳо дар форматҳои гуногунро меомӯзед.

Барои чӣ ин муҳим аст?
Достонҳои бар додаҳо асосёфта қобилияти ба сатҳи сифатан нав бардоштани мавзуъҳои барои ҷомеа муҳимро  доранд. Журналистикаи додаҳо ба шаффофтар ва ҳисоботдиҳанда будани сохторҳои давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои муҳим мусоидат мекунад. Малакаҳои кор бо додаҳо ба шумо имкон медиҳад, ки тасвири объективии рӯйдодҳоро эҷод ва пешгӯӣ кунед. Шумо метавонед дар асоси додаҳо достонҳои воқеии беназири худро эҷод кунед ва ин донишро бо ҳамкоронатон мубодила кунед.

Омӯзиш ва роҳнамоӣ
Барнома ду курси интенсивии таълимии ҳар кадом панҷрӯзаро дар бар мегирад. Дар давоми барнома гурӯҳҳо аз ҷониби роҳнамоён (менторон) дастгирӣ карда мешаванд.

Маблағи дастгирӣ чӣ қадар аст?
Нашрияҳои интихобшуда барои рушди шуъбаи додаҳо, истеҳсоли муҳтаво дар асоси додаҳо ва ёрии роҳнамоӣ кӯмаки молиявӣ мегиранд.
Рӯзноманигорони мустақил, донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ, блогерҳо ва коршиносони соҳаи худ, ки интихоб мешаванд, ҳамроҳ бо рӯзноманигорони нашрияҳо омӯзиш мебинанд. Онҳо таҳти роҳбарии роҳнамоёни (менторони) нашрияҳо аз рӯи маводҳо кор мекунанд. Дода-маводҳои омода дар вебсайтҳои (рӯзномаҳои) нашрияҳои интихобшуда нашр карда мешаванд.

Дар доираи барнома чӣ кор кардан лозим аст?
Дар давоми сол ҳар як гурӯҳ — нашрия бояд дар асоси додаҳои озод достонҳои воқеӣ чоп кунад. Иштирокчиёни барнома бояд барои кор дар мавзуъи додашуда омода бошанд. Достонҳои воқеӣ ба беҳтар кардани некӯаҳволии иқтисодии Тоҷикистон бахшида хоҳад шуд.

Чӣ тавр бояд иштирок кард?
Шакли (формаи) дархост барои нашрияҳо инҷост.
Шакли (формаи) дархостҳои инфиродӣ дар инҷост.
Мӯҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 30-юми ноябри соли 2021 (то соати 18:00) ба вақти Душанбе аст.
Барои ҳама гуна саволҳо, лутфан, бо почтаи электронии  TJ-Info@internews.org тамос гиред.

CАМТ 2: «Ҷoмеаи Шаҳрвандӣ ва Хисоботдиҳӣ» дар доираи барномаи «Идоракунии Самаранок Баҳри Рушди Иқтисодӣ» (EGED) бо дастгирии молиявии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҳамкорӣ бо ACTED амалӣ карда мешавад. Ҳадафи лоиҳа ин фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини рушди фарогир ва бо далелҳо асосёфтаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Якҷоя бо созмони ғайридавлатии байналмилалии ACTED ва шарикони дигар, Интернюс бахши журналистикаи додаҳоро дар барномаи «Идоракунии Самаранок Баҳри Рушди Иқтисодӣ» (EGED)-и Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ амалӣ менамояд. Барнома ба баланд бардоштани самаранокӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофияти татбиқи сиёсати иқтисодӣ аз рӯи афзалиятҳои интихобшудаи ислоҳот нигаронида шудааст. Интернюс дар чаҳорчӯби бахши журналистикаи додаҳо аз соли 2021 то 2024 бо созмонҳои расонаӣ ва тавлидкунандагони муҳтаво дар Тоҷикистон барои беҳтар кардани фаҳмиш ва қобилияти онҳо дар дастрасӣ ва истифодаи додаҳои озод ва эҷоди гузоришҳо бар асоси додаҳо ҳамкорӣ хоҳад кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *