Internews барои таҳияи наворҳо дар бораи озодии дину эътиқод ва таҳаммулпазирии динӣ озмун эълон мекунад

Internews дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби лоиҳаи SCARF барои таҳияи ду навори (ролики) иҷтимоӣ дар бораи озодии дину эътиқод ва таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеаи бисёрфарҳангӣ ва гуногунмиллат, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба гуногунии динӣ дар ҷомеа озмун эълон мекунад. Рӯзи охирини қабули дархостҳо – 17 декабр.

Роликҳо бояд чӣ гуна бошанд?

Наворҳо бо муҳтавои зикршуда ба забони тоҷикӣ бо зернавис (субтитр) ба забони русӣ маҳсули қавӣ ва бадеии анҷомёфта буда, идея ва хатти сюжети онҳо бояд ё метавонад бар асоси арзишҳои қобили дарк ва наздик барои ҳама, новобаста аз эътиқоди динӣ, муҳим бошад. Масалан, арзишҳо метавонанд инҳо бошанд:

  • Оила;
  • Ҳаёти осоишта;
  • Саломатӣ;
  • Ҳаққи ҳар як шахс ба ҳаёти хушбахтона;
  • Озодии иқтисодӣ;
  • Худшиносии шахсӣ ва касбӣ;
  • Орзуҳо ва қобилияти амалӣ гардонидани онҳо;
  • Озодии ҳаракат ва сафар;
  • Гуногунии ҷаҳон ва дигар арзишҳои умумибашарӣ.

Шарикон бояд филмбардориро бо ҷалби ҳунармандони касбӣ ташкил кунанд; маводи манбаъ бояд ба Фармоишгар интиқол дода шавад, формати видео – 4K.

Илова ба наворбардорӣ, шарик бояд корҳои паставлидиро (постпродакшн) таъмин кунад:

  • Танзими видео;
  • Танзими садо;
  • Ислоҳи ранг;
  • Дизайн/аниматсия (дар ҳолати зарурӣ);
  • Субтитрҳо ба забони русӣ (бояд тарҷумон ва дублёри касбӣ ҷалб карда шаванд);
  • Тӯли видеои ниҳоӣ бояд тақрибан 1 дақиқа бошад.

Намунаи видеоҳо барои муаллиф ва гурӯҳи филмбардорӣ:

Барои иштирок дар озмун бояд пешниҳод бо тавсифи муфассали хулоса ё нақшаи сенарияи ду видео ирсол гардад, инчунин миқдори буҷет барои истеҳсоли онҳо нишон дода шавад. Мактуб бо пешниҳод бояд то 17 декабри соли 2021 ба нишонии TJ-Info@internews.org бо ишораи «Озмун барои сабти видеоҳои иҷтимоии SCARF».  фиристода шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *