Далер Имомалӣ, журналист, ровии радиои «Ватан», муаллифи лоиҳаи «Covid-19. Муҳоҷират. Ватан» аст. Лоиҳа дар бораи он нақл мекунад, ки чӣ гуна тоҷикистониёни муҳоҷир ҳангоми пандемияи COVID-19 зиндагӣ карданду ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гаштанд, умуман тариқи маводҳои омодакардаашон нақл мекунанд, ки бидуни муҳоҷират чӣ гуна дар кишвар фаъолияти худро оғоз карда, чӣ тасмимҳо гирифтанду зиндагӣ карданд. Дар доираи лоиҳа 1 аудионамоиш, 3 видео-подкаст, 3 пахши мустақим дар радиои “Ватан” ва як филми мустанад таҳти унвони “Ватан дигарай” ба навор гирифта шуд.
Далер Имомалӣ журналисте мебошад, ки дар олами расонаии кишвар чеҳраи шинохта аст. Чор сол аст, ки дар радиои “Ватан” фаъолият мекунад ва муаллифи барномаҳои “Пресс-Клуб” ва “Шабдарав” мебошад. Ҳамзамон фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар мавзуъҳои мубрам ибрози андеша мекунад. Яке аз мавзуъҳои актуалӣ ҳангоми пандемия ин гурӯҳӣ баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан буд. Барномаи “Шабдарав” ба таври мустақим пахш мегардад ва шунавандагони радио дар бораи чунин афрод ё худашон мустақиман занг зада, ба Далер аз мушкилиҳояшон мегуфтанд. Ин буд, ки идеяи лоиҳаи “COVID-19.Муҳоҷират.Ватан” ба миён омад.
“Мутаассифона, ду соли гузашта пандемияи COVID-19 аз зиндагии мо дур набуд ва чанд соли оянда низ наметонад дур бошад. Дар ин муддат, шумораи зиёди муҳоҷирон гурӯҳӣ ба ватан баргаштанд. Ва мо хостем бифаҳмем, ки давоми ин чанд сол муҳоҷирон дар Ватани худ бо чӣ корҳо машғул мешаванд ва умуман, ҳангоми муҳоҷират бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ гаштаанд”- мегӯяд Далер Имомалӣ.
Идеяи худро Далер ба озмуни грантии истеҳсоли муҳтаво, “формати калон”- и Интернюс пешниҳод кард. Он аз даврҳои озмун гузашта, дар рӯйхати ғолибон ҷой гирифт.
Дар доираи лоиҳа 1 аудио-намоиш перомуни зиндагии муҳоҷирон дар Ватан, 3 видео-подкаст дар бораи он, ки муҳоҷирони ба Ватан баргашта бо чӣ корҳо машғуланд, 3 пахши мустақим дар эфири радиои “Ватан” бо равоншинос, ҳуқуқшинос ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, филми мустанади “Ватан дигарай” роҷеъ ба он, ки чӣ гуна чанд муҳоҷир пас аз баргаштан фаъолияти худро оғоз кардаанд, ба навор гирифта шуданд. Маводҳо дар Youtube канали радиои “Ватан” ва саҳифаи Facebook-ии он нашр гардиданд.
“Филми мустанади “Ватан дигарай” дар бораи як ҷавоне аст, ки вақти пандемия ба Тоҷикистон баргашта, бо нонпазӣ машғул шуд. Давоми ду сол аллакай 3 нонвойхона кушодаасту акнун фикри дар Русия муҳоҷир шуданро намекунад”, – мегӯяд Далер Имомалӣ, муаллифи лоиҳа.
Филми мустанади “Ватан дигарай” ҳоло ба ҳама дастрас нест. Нахустнамоиши филм рӯзи 18 уми ноябри 2021 ба таври пӯшида баргузор гашт. Ҳоло муаллиф бо намоишҳо ва ҷашнвораҳо кор карда истодааст. Дар назар аст, ки пас аз 2 моҳ филми мустанад ба ҳама тамошобинон дастрас гардад.
Ҳоло 2 пахши мустақими лоиҳа рӯйи кор омадааст. Яке бо равоншинос Авасто Бобозода собиқ муҳоҷир ва дигаре бо ҳуқуқшинос ва адвокат Ҳамза Ҳакимзода. Ҳангоми пахшҳои мустақим дар радио шунавандагон хеле фаъолона ширкат варзиданд. Саволҳои хеле зиёд асосан ба ҳуқуқшинос ва адвокат Ҳамза Ҳакимзода пешниҳод карда шуд. Эфири мустақими навбатӣ бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
“Мақсади асосии баргузории лоиҳа ин нишон додани он аст, ки бидуни муҳоҷират ҳам дар Ватан кор карда, зиндагиро пеш бурдан мумкин аст. Вале ба фикри ман, барои фаъолияти худро оғоз кардан, каме буҷа лозим аст. Ва ин гуна буҷаро дар кишвар танҳо бо маош ҷамъ кардан ғайриимкон мебошад”-мегӯяд Далер.
Дар видео-подкасти 3, дар барнома Яҳё Исломов шахсе, ки 9 сол дар Ҷопон муҳоҷир буд, ширкат варзид. Давоми 9 сол Яҳё дар Ҷопон на танҳо кор кардааст, балки бо таҳсил ҳам машғул будааст. Дар ҷараёни видео-подкаст қаҳрамон дар бораи мушкилиҳои рӯ ба рӯ гаштааш ва роҳҳои аз он мушкилиҳо раҳо ёфтанаш қисса мекунад.
Далер қайд мекунад, ки то ҳол шахсан муҳоҷир нашудааст, вале нақша дорад, ки ба муҳоҷират биравад. Ҳатто гурӯҳи кории филми мустанад аз муҳоҷирон иборат буд: наворбардор, танзимгар. Ҳар яки онҳо маззаи муҳоҷир буданро чашидаанд. Филми мустанад ҳам бо он тамом мешавад, ки Далер намехоҳад аз Ватан дур шавад вале маҷбур аст, ки биравад.
“Ҳангоми иҷрои лоиҳа мушкилие, ки ман ва тими кориам бо он рӯ ба рӯ гаштем, пайдо кардани қаҳрамонон буд. Қаҳрамонон зиёданд, вале на ҳар яки онҳо розианд, ки дар рӯ ба рӯйи дурбин аз зиндагии худ ошкоро суҳбат кунанд”-мегӯяд Далер Имомалӣ.
Инчунин Далер мегӯяд, ки ҳангоми иҷрои лоиҳа худаш ҳам бовар кард, ки дар Ватан ҳам зиндагӣ кардан мешавад, вале хеле бо мушкилӣ. Мисол, барои як тиҷорати худро оғоз кардан, маблағи аввалия лозим аст. Ин маблағро аз маоши худ дар Тоҷикистон ҷамъ овардан ғайриимкон аст. Вай иқрор мешавад, ки мумкин аст барои ҷамъ овардани маблағи аввалия ба муҳоҷират рафту пасон баргашта, тиҷорати худро дар кишвар оғоз намуд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.