Internews барои гузаронидани таҳқиқот оид ба додаҳои боз дар Тоҷикистон озмун эълон мекунад

Internews барои гузаронидани таҳқиқот дар мавзуъи додаҳои боз, ки ба таҳияи сиёсати иқтисодӣ мутобиқи ислоҳоти ҷорӣ дар Тоҷикистон марбут аст, озмун эълон мекунад.

Озмун барои гузаронидани таҳқиқот оид ба додаҳои боз дар Тоҷикистон дар чорчӯби лоиҳаи “Ҷoмеаи Шаҳрвандӣ ва Хисоботдиҳӣ” вобаста ба барномаи “Идоракунии Самаранок Баҳри Рушди Иқтисодӣ ” (EGED) бомаблағи Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дастгири шуда дар ҳамкорӣ бо ACTED амалӣ мегардад.   

Лоиҳа барои фаъолсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини рушди фарогир ва ба далелҳо асосёфтаи иқтисодӣ дар Осиёи марказӣ равона шудааст.

Додаҳо аз сарчашмаи боз – ин иттилооти дар  дастрасии кушода қарордошта мебошад, ки метавонанд чандин бор ва ройгон бо истифода аз воситаҳои барномавии гуногун ба кор гирифта шаванд (ҷамъоварӣ, коркард таҳлил шаванд ва дар манобеи иттилоотӣ ҳамгиро шаванд).

Ҳамаи шахсон ва созмонҳои ба ин мавзуъ таваҷҷуҳдошта, ки  таҷрибаи кор дар ин самт ва фаҳмиши раванди чунин таҳқиқотро доранд, барои иштирок даъват карда мешаванд. Ҳадафи таҳқиқот харитасозие мебошад, ки фаҳмиши захираҳои мавҷуда, додаҳо дар сарчашмаҳои боз ва нақшаи роҳи мушкилот ва имкониятҳоро барои истеҳсолкунандагони муҳтаво дар Тоҷикистон фаро гирад.

Агар ин имконият диққати шуморо ҷалб карда бошад, лутфан то 14 декабри соли 2021 то соати 18:00 ба вақти Душанбе мактуб дар бораи алоқамандии худ ба нишонии tj-info@internews.org бо қайди мавзуи мактуб “Таҳқиқот оид ба додаҳои боз” ирсол намоед.

Ҳуҷҷатҳои зеринро ба мактуб замима намоед:

  • Нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқӣ;
  • Рӯйхати таҳқиқотҳои асосӣ ва калони шумо дар давоми 15 соли охир;
  • Реҷаи (графики) пешакии замонӣ ва тартиби баргузории таҳқиқот;
  • Арзиши муқаддамотии кор.

Internews чанд номзади мувофиқ ба меъёри озмунро интихоб карда, бо онҳо суҳбат баргузор мекунад, пас аз он шарикро барои баргузории таҳқиқот интихоб намуда, натиҷаҳои озмунро хабар медиҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *