Чӣ гуна як шабакаи хурди телевизионӣ дар ҷануби Тоҷикистон саргузашти сокинони кӯҳистонро нақлкарда, дар Ютуб садҳо ҳазор боздидро ҷамъ мекунад

Гузоришҳо аз деҳоти дурдасти баландкӯҳҳои вилояти Хатлон дар канали YouTube шабакаи телевизионии хусусии Мавҷи озод садҳо ҳазор тамошобинро ҷамъ мекунанд. Дар тавзеҳоти ин наворҳо корбароне, ки Тоҷикистонро тарк карда, дар дигар кишварҳои ҷаҳон сокин шудаанд, аз рӯзноманигорон хоҳиш мекунанд, ки ба ватани кӯчаки онҳо бираванд ва ҳатто пардохти тамоми хароҷоти молиро пешниҳод мекунанд.

Мо дар бораи он нақл мекунем, ки чӣ гуна як шабакаи хурди телевизиони ноҳияи Восеъ муҳтавои муваффақ эҷод мекунад.

Рӯзноманигор Хоҷа Назриев аз соли 1993 дар шабакаи телевизионии «Мавҷи озод» кор мекунад. Ӯ мегӯяд, дар тӯли ин солҳо муҳтавои дорои талабгори аз ҳама зиёд дар канали маҳаллии телевизионӣ репортажҳо аз деҳаҳои дурдаст дар саросари вилояти Хатлони Тоҷикистон будаанд. Рӯйдодҳои диққатҷалбкунандаи ин деҳаҳоро ба телевизиони Восеъ рӯзноманигорон, хешу таборҳо ва шиносҳо меоварданд. Аммо агар қаблан идораи нашрия (редаксия) метавонист мустақилона ба минтақаҳои дурдаст барои сюжетҳои хуб сафар кунад, ҳоло иҷрои ин кор хеле душвор аст.

-Дар телевизиони мо кайҳо таблиғ (реклама) нест, вале хароҷоти роҳ ба сӯи деҳаҳо хеле гарон аст. Лозим меояд, ки аз сафарҳои дуру дароз даст кашему танҳо дар ноҳияи Восеъ кор кунем, — гуфт Хоҷа Назриев.

Дар соли 2021 рӯзноманигорони “Мавҷи озод” ба озмуни грантҳои Internews “Формати калон” дархост пешниҳод намуданд. Редаксия ба сифати идея ба навор гирифтани рӯйдодҳои кӯҳистониёнро пешниҳод кард ва дар конкурс ғолиб баромад. Репортажҳо садҳо ҳазор боздидро ҷамъ овардаанд, аз ин рӯ, Хоҷа Назриев тасмим гирифт, ки барои тамдиди лоиҳа маблағ пайдо кунад. Вай ба озмуни «Формати хурд»-и Internews дархост пешниҳод кард ва дар он ғолиб омад. Дар натиҷа, дар шабакаи телевизионии «Мавҷи озод» ва ҳамчунин дар шабакаи YouTube он 26 сюжет дар бораи ҳаёти сокинони кӯҳистони вилояти Хатлон ба намоиш хоҳад баромад.

— Навори дорои шумораи аз ҳама зиёди тамошобин соли гузашта таҳия шуда буд,- гуфт Хоҷа Назриев. — Он дар бораи деҳаи дурдасти Чагам буд. Мо дар бораи мушкилоти роҳ суҳбат кардем. Дар он ҷо роҳҳое ҳастанд, ки аз замони Николай, яъне пеш аз инқилоб боқӣ мондаанд, ки ҳоло сокинон аз онҳо истифода мебаранд. Онҳо дар бораи мушкилоти сокинон суҳбат карданд. Ва қаҳрамони аслии достон Қадами Қурбон буд, ки ҳунарманди ҳақиқии мардумист, мухотабон ӯро хеле дӯст медоранд ва ин рӯйдодро дар YouTube беш аз 100 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Қаҳрамони дигаре, ки мухотабони “Мавҷи озод”-ро мафтун кард, раиси маҳалла дар деҳаи Тӯдабоён буд.

— Ин қаҳрамон бо забони хеле хуб ва зебои тоҷикӣ сухан гуфт ва рӯйдоди деҳаашро хеле шавқовар нақл мекард, — давом медиҳад рӯзноманигор. — Одатан қаҳрамонҳои мо бо забони муқаррарии тоҷикӣ сухан мегӯянд, аммо забони ӯ хеле зебо буд ва мардум мехостанд онро шунаванд. Хуб, дар YouTube камтар одамоне ҳастанд, ки бо забони модарии худ ин қадар босаводона сухан мекунанд. Хушбахтона, мо чунин қаҳрамонро пайдо кардем, ки сюжети ӯ беш аз 75 ҳазор боздидкунандаро ҷамъ кардааст.

Рӯзноманигор дар ҳар як чунин сюжет кӯшиш мекунад, ки дар бораи мушкилоти сокинони деҳот сухан гӯяд. Чун ҳамеша, ин набудани роҳҳо ва дастрасӣ ба таҳсилот, мушкилоти гендерӣ, бекорӣ ва ғайра мебошад. Барои қаҳрамонони «Мавҷи озод» иштирок дар сюжетҳо ягона фурсатест, ки аз дарди онҳо ошкоро суҳбат кунанд, зеро хабарнигорон аз марказ ба чунин деҳаҳои дурдаст хеле кам сафар мекунанд.

— Қаҳрамонони мо одамони оддӣ мебошанд, — мегӯяд Хоҷа Назриев. – Аксари вақтҳо онҳо дар бораи мушкилоти худ нақл мекунанд ва дигар одамони оддӣ ба ҳалли онҳо шуруъ мекунанд. Масалан, ҳашар мегузаронанд. Аммо баъзан дар ҳалли мушкилот мақомоти маҳаллӣ низ ширкат мекунанд. Масалан, пас аз он ки дар бораи набудани оби ошомиданӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ нақл кардем, бо шахсони масъул мулоқот доштем ва онҳо ваъда доданд, ки ин масъаларо ҳал хоҳанд кард.

Илова бар ин, корбарони шабакаи “Мавҷи озод” дар YouTube ба саргузашти сокинони кӯҳистон ба таври фаъол вокуниш нишон медиҳанд, ки аксари онҳо муҳоҷирони кории Тоҷикистон ҳастанд ва дар кишварҳои мухталифи дунё кору фаъолият доранд.

– Онҳо, ки дур аз ватан буда пазмони он шудаанд, дар бораи деҳаҳои худ сюжетҳо тамошо мекунанд. Баъзан аз мо хоҳиш мекунанд, ки ба ватани кӯчаки онҳо рафта репортаж таҳия намоем, ба онҳо нишон диҳем, ки деҳаашон чӣ тавр зиндагӣ мекунад ва ҳатто барои ин гуна сафарҳо маблағ пешниҳод мекунанд. Мо алҳол аз маблағгузорӣ даст мекашем, вале баъзан воқеан бо хоҳиши тамошобинон сюжетҳо месозем, – шарҳ медиҳад Хоҷа Назриев.

Сюжети навбатиро “Мавҷи озод” пас аз Наврӯз пахш хоҳад кард. Идораи нашрия дар нақша дорад, ки ба деҳаи дурдасти Шарибарбар сафар кунад, ки дар наздикии сарҳади Афғонистон воқеъ аст. Хоҷа Назриев мегӯяд, ин деҳа таърихи куҳан ва анъанаҳои ғанӣ дорад. Ба эҳтимоли зиёд, як қатор мушкилоти маишӣ ҳам дорад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *