«Алиф.До.Ре.Ми»: филми мустанад дар бораи як ятими Файзободӣ, ки аз тариқи мусиқӣ ба ислом омадааст

Алиҷон Ҷалилов – коргардони филми мустанади «Алиф.До.Ре.Ми» ҳамагӣ 20 сол дорад. Вай дар бахши иқтисод таҳсил мекунад, вале ояндаи худро бе кино наметавонад тасаввур кунад. Баҳори соли гузашта Алиҷон узви Мактаби филмҳои мустанади Internews шуд ва нахустин филми худро ба навор гирифт, ки аллакай дар чанд фестивали синамо ба намоиш гузошта шуд ва мавриди писанди бинандаву ва мунаққидон қарор гирифт.

Алиҷон дар бораи қаҳрамони асосии филми ояндааш «Алиф.До.Ре.Ми» аз қиссаҳои падараш, рӯзноманигори номдори тоҷик Субҳон Ҷалилов огоҳ шуда буд. Зодгоҳи Субҳон Файзобод мебошад ва дар ин ноҳия бисёр одамон саргузашти Ҳайдар Мирзоевро ба ёд доранд. Ин мард соли 1948 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Модараш ӯро дар таваллудхона монд ва ҳамроҳи ӯ навиштаеро бо зикри ному насабаш боқӣ гузошт. Пас аз ин ҳеҷ кас дар бораи кӯдак ва волидонаш чизе намедонист. Ҳайдар Мирзоев аввал ба хонаи кӯдакон, сипас интернат ва баъд ба мактаби мусиқӣ омад. Бо шарофати мусиқӣ, ӯ пешаи омӯзгориро касб намуд ва ин боис шуд, ки зиндагии шоиста дошта бошад ва ҳатто исломро қабул кунад – ӯ бо истифода аз нотаҳои мусиқӣ сураҳои Қуръонро омӯхт.

Саргузашти Ҳайдар Мирзоев асоси филми ҳаждаҳдақиқаии Алиҷонро ташкил дод, ки ӯ ҳангоми ширкат дар Мактаби минтақавии филмҳои мустанади Internews ба навор гирифтааст. Дар он се кишвар – Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ширкат карданд ва дар ҳар як ҷумҳурӣ мактабро шарикони Internews баргузор намуданд. Масалан, дар Тоҷикистон МФК «Дидор» созмондиҳанда шуд, ба роҳбари он — ҳунарпеша, намоишноманавис Сафар Ҳақдодов муяссар шуд, ки дастаи мукаммалеро ҷамъ кунад, ки ба ҳайати он беҳтарин намояндагони санъати синамогарии муосир шомил шудаанд: оператор Георгий Дзалаев, коргардон Файзулло Файзов, коргардони овоз Шаҳриниссо Яковлева ва коргардон, танзимгар Комил Каримов. Ғайр аз ин, барои иштироккунандагони мактаб коршиносон аз хориҷи кишвар дар формати онлайн суҳбат карданд: коргардонҳо аз Русия Марина Разбежкина, Елена Демидова; зодаи Тоҷикистон, коргардон Аниса Собирӣ, ки ҳоло дар Британияи Кабир кор мекунад ва коргардон аз Қазоқистон Катя Суворова. Ба шарофати барнома, мактаб таваҷҷуҳи зиёди иштироккунандагони эҳтимолиро ба вуҷуд овард ва созмондиҳандагон барои иштирок зиёда аз 50 дархост қабул карданд. Интихоб хеле сахт буд ва дар натиҷа танҳо чор нафар иштироккунандаи асосӣ, даҳ нафар шунавандаи озод гардиданд. Алиҷон ба категорияи иштироккунандагони асосӣ дохил шуд.

– Ин хеле хуб буд, ин бисёр олӣ буд! Ман дар ягон дарс ғайбат надоштам, ҳамаашро навиштам. Пеш аз дарс дар бораи устодонам чандон огоҳӣ надоштам, вале ҳоло на танҳо филмҳои онҳо, балки филмҳои шогирдонашонро ҳам тамошо кардам, — ба ёд меорад Алиҷон.

Ин мактаб чанд моҳ давом кард ва пас аз он ширкаткунандагон тавонистанд идеяҳои таҳиякардаи худро барои озмуни грантии Internews пешниҳод кунанд ва аз рӯи натиҷаи овоздиҳии доварони мустақил ду донишҷӯ ғолиб шуданд. Яке аз онҳо Алиҷон Ҷалилов, дуюмӣ коргардони ҷавон Ардашер Пайванд будааст. Дар вақти кор барои таҳияи филмҳо менторҳо ва мутахассисони асосии онҳо омӯзгорони мактаб аз Тоҷикистон буданд.

Фестивалҳо ва намоишҳо

Дар Файзобод гурӯҳи наворбардори иборат аз панҷ нафар як ҳафта кор карда, дар ин муддат даҳ соат материалеро ба навор гирифтанд, ки Алиҷон ҳамроҳи танзимгар танҳо ҳаждаҳ дақиқаи онро намоиш дода тавонистанд.

— Барои монтаж шаш рӯз сарф шуд, вале ман одами боирода ҳастам ва бе ягон ҳарос мебуридам.  Бисёр саргузаштҳои ҷолиб дар филм ҷой дода нашуданд, аммо ман аз он чизе, ки мо гузоштаем, хурсандам. Шояд ин саргузашти ҷолибтарин набошад, аммо ҳадафмандона аст, оғоз ва анҷом дорад” – мегӯяд Алиҷон.

Алиҷон Ҷалилов

Вай ба хотир меорад, ки коргардон ҳанӯз пеш аз шурӯъи мактаб қарор карда буд, ки дар бораи қаҳрамони худ филм ба навор гирад.

– Чаро ин қаҳрамон ин қадар маро ба худ ҷалб кард? Сабаби асосӣ дар он аст, ки ба хотири мусиқӣ дар давоми умри худ ӯ ба бисёр чизҳо ноил гардид, ҳарчанд тасодуфан ба санъат ворид шуда буд. Ва ҳоло ман низ аз рӯи ихтисосе таҳсил мекунам, ки шояд барои ман тамоман ҷолиб набошад – ин иқтисод аст, аммо боварӣ дорам, ки бо ин маҳоратҳо дар кори эҷодие, ки мехоҳам ба он машғул шавам, ба комёбиҳои калон ноил хоҳам шуд – мегӯяд Алиҷон.

Ӯ эътироф мекунад, ки падараш ба ӯ ёд дода буд, ки таҳсил дар донишгоҳ дар ҷойи аввал бояд бошад. Аз ин рӯ, Алиҷон ҳангоми кор дар мактаби филмҳои мустанад рухсат мегирифт ва баъдан мавзуъҳои дарсҳои иштирокнакардаашро аз устодон мепурсид, то мустақилона машғул шавад. Аммо дар рӯзи бистсолагиаш Алиҷон ба донишгоҳ омад, вале ба дарсҳо нарафт.

-Дар рӯзе, ки 20-сола шудам, мебоист дар фестивали «Бастау»-и Қазоқистон баромад мекардам, ки дар он филми ман сазовори ҷоизаи махсуси доварон гардид. Дар ин фестивал 60 филм аз 40 кишвари ҷаҳон пешниҳод шуданд ва дар байни чунин анбӯҳи мутахассисони касбӣ интихоб зикр шудани номам барои ман як дастоварди бузург буд, зеро ин аввалин филми ман аст ва воқеан дар синамо таҷриба надоштам. Ба ҳамин хотир, ман ба донишгоҳ омадам, дар он ҷо як паёми видеоӣ барои фестивал сабт кардам ва дар бораи он суҳбат кардам, ки чӣ қадар бузург аст, вақте ки ту ҳамагӣ 20-сол дорӣ ва аввалин ҷоизаи худро мегирӣ! – ба хотир меорад Алиҷон.

  Сафар Ҳақдодов, Алиҷон Ҷалилов,Шаҳриниссо Яковлева, Георгий Дзалаев

Филми «Алиф.До.Ре.Ми»-ро мухотабони Фестивали IV MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ дар Алмаато ва тамошобинони маҳаллӣ пас аз нахустнамоиш дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар Душанбе хеле гарм истиқбол карданд. Илова бар ин, филми Алиҷон ба барномаи фестивали бритониёии Lift Off Global Network дохил шуда, моҳи апрели соли 2023 Алиҷон ва Ардашер Пайванд ҳамчун беҳтарин иштироккунандагони мактаб ба Алмаато барои мастер-классҳои филмҳои мустанад сафар мекунанд, ки Internews якҷо бо Artdocfest баргузор мекунанд. Алиҷон мегӯяд, ки ин танҳо оғози кораш аст. Ҳоло ӯ умед дорад, ки филми калони бадеӣ ба навор гирад.

– Ба ман аллакай гуфтанд, ки агар кореро сар кардӣ, бояд ё боло равӣ ё поён, роҳи дигар надорам. Ман бо ин комилан розӣ ҳастам ва боварӣ дорам, ки метавонам кори болотар аз онро анҷом диҳам, ки аллакай анҷом додам.

Мактаби филмҳои мустанад дар чаҳорчӯби барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) баргузор гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *