«Муҳим нест, ки шумо ба кадом дин эътиқод доред ва чӣ шуморо аз нигоҳи рӯҳонӣ рӯҳбаланд мекунад, расман ҳамаи мо дар назди қонун баробар ҳастем ва аз ҳуқуқҳои баробар бархурдорем», – мегӯяд садои пушти кадр дар яке аз наворҳои иҷтимоӣ дар бораи озодии дин ва таҳаммулпазирӣ, ки якҷоя бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби коргардонҳои маҳаллӣ таҳия шуданд.
Дар тӯли чанд моҳ коргардонҳо ва наворбардорони тоҷик Акмал Ҳасанов, Масъуд Воҳидов ва Фарҳод Сангинов аз “Лоло Медиа” видеоҳои иҷтимоиро дар бораи озодии мазҳабӣ ва таҳаммулпазирӣ наворбардорӣ карданд. Ҳангоми таҳияи сенарияҳо коргардонҳо доир ба масъалаҳои динӣ мушовир доштанд, то ҳадди аксар ба ин мавзуъ ҳассос ва эҳтиёткорона муносибат кунанд.
Шероз Шарипов, менеҷери барномаи лоиҳаи минтақавии Интернюс таҳти унвони «Дастгирии инъикос ва мусоидат ба озодии эътиқод» (SCARF), ки дар доираи он наворҳои иҷтимоӣ таҳия шуданд, мегӯяд: «Барои инъикоси мавзуъҳои динӣ дар Тоҷикистон дарки хеле дақиқи контекст, нигоҳ доштани тавозун ва дониши амалӣ бар асоси далелҳо лозим аст. Мо хеле хушҳолем, ки мутахассисони Кумита ҳамроҳ бо муаллифон дар болои муҳтаво кор карданд. Ғайр аз ин, онҳо ташаббускори эҷоди ин наворҳо шуданд, зеро дарк мекунанд, ки дар ин самт гузаронидани фаъолиятҳои огоҳирасонӣ то чӣ андоза муҳим аст ва Интернюс ин ташаббусро бо қаноатмандӣ дастгирӣ намуд.”
Қабл аз оғози кор дар таҳияи наворҳо дар чаҳорчӯби ин лоиҳа чанд барномаи таълимӣ гузаронида шуд. Баҳори соли гузашта давраи омӯзишии минтақавӣ барои тренерон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд, ки баъд аз он ширкаткунандагон модулҳои омӯзишии худро таҳия карданд.
«Мавзӯи дин хеле муҳим аст, аммо боз нашудааст. Мо мавзӯи динро танҳо дар рӯзҳои ид инъикос мекунем, вале дин ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дахл дорад ва мо чӣ гуна дар бораи он суҳбат мекунем, аз он вобаста аст, ки мо ҳамдигарро чӣ гуна мефаҳмем,” – гуфт Берунӣ Алимов, коршинос аз Ӯзбекистон, дотсенти факултети журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳон аз Ўзбекистон, ки ба сифати тренер фаъолият кард.
Он замон намояндагони Кумита чунин ташаббус пешниҳод карданд, ки наворҳои иҷтимоие таҳия гарданд, ки дар сомонаҳои маъруфи дохили Тоҷикистон пахш карда шаванд. Барои таҳияи муҳтаво низ озмуни кушод эълон шуда, аз понздаҳ дархости воридшуда идеяҳои се муаллиф бештар муваффақ дониста шуданд ва онҳо барои татбиқи консепсия пуштибонӣ шуданд.
Акмал Ҳасанов, коргардон ва муаллифи яке аз наворҳо мегӯяд: “Мо то ҳол дар мавзӯи мазҳабӣ муҳтаво насохта будем, аммо дар кори худ аз болои баъзе филмҳои мустанад ба чунин мавзуъҳо дахл кардем, ки албатта таҳлили дақиқро тақозо мекард ва бояд ҳамаи меъёрҳои ахлоқиро риоят мекардем. Барои ман муҳим буд, ки на танҳо мавзӯи муносибати таҳаммулпазирӣ ба дигаронро аз нигоҳи дин инъикос кунам, балки умуман муносибати байни одамонро аз нигоҳи ахлоқ, одоб, эҳтиром нишон диҳам. Асари «Одам будан», ба назари ман, паём аст ва он чиро, ки гуфтан мехостам, дар бар мегирад. Ва давоми кор, чунон ки мегӯянд, кори техникӣ аст: маҳорати коргардонӣ, операторӣ, ҳунарпешаҳо ва албатта, бачаҳо.
Пас аз баргузории давраи омӯзишӣ барои омӯзишдиҳандагон (тренерон) комиссияи мустақил муаллифони беҳтарин модулҳоро муайян кард, ки онҳо медиатренер, мутахассиси саводи расонаӣ Робия Маҷидова ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо буданд. Онҳо барои журналистоне тренер шуданд, ки мавзуъҳои диниро инъикос мекунанд.
– Дар давраи омӯзишӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ВАО-и мустақил низ ширкат варзиданд, дар ҷараёни омӯзиш онҳо дар якҷоягӣ бо коршиносон лоиҳаҳои худро таҳия ва идеяҳои худро ба озмуни грантӣ пешниҳод намуданд ва шахсони беш аз ҳама муваффақ барои тавлиди муҳтаво кумаки молиявӣ дарёфт карданд. Зимнан, мо барои ВАО-и давлатӣ низ як омӯзиши ҷудогона баргузор кардем”, – мегӯяд Шероз.
Илова бар ин, дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кумита Интернюс барои беҳтарин инъикоси мавзуъҳои динӣ озмун оғоз кард, ки барои он 50 дархост пешниҳод шудааст.
– Ҳоло аъзои комиссияи мустақил дар мавриди онҳо кор мекунанд ва мо ғолибонро дар ҳамоиши минтақавӣ бахшида ба озодии дин ва таҳаммулпазирӣ дар ВАО эълон хоҳем кард, ки моҳи май дар Душанбе баргузор мешавад. Умедворем, ки дар вохӯрии оянда иштироккунандагони лоиҳаи мо метавонанд таҷрибаи худро мубодила кунанд ва бори дигар дар бораи то чӣ андоза муҳим будани омӯзиш додани мухотабони худ оид ба масъалаҳои динӣ ва тарғиби идеяҳои озодии дин ва таҳаммулпазирӣ суҳбат кунанд», – шарҳ медиҳад Шероз.
Омӯзиш дар доираи лоиҳаи «Дастгирии инъикос ва таблиғи озодии эътиқод» и Интернюс амалӣ мешавад, ки ба баланд бардоштани сифат, миқдор ва паҳнкунии маводи босифати доир ба озодиҳои динӣ ба манзури рушди ҷомеаҳои демократӣ ва таҳаммулпазир тавассути афзоиши теъдоди хабарнигорони маҳаллӣ барои истеҳсоли маводҳои босифати ба муноқиша ҳассос аз ҷумла дар бораи озодии мазҳабӣ ва тақвияти робита бо муҳтавои фарогир, ки баҳси масъалаҳои диниро ба вуҷуд меорад ва дарку таҳаммулпазириро тақвият медиҳад равона шудааст.