Собиқ шаҳри Табошар – ҳоло Истиқлол яке аз шаҳрҳои стратегии замони Иттиҳоди Шӯравӣ (ИШ) ба шумор мерафт. Вале ҳоло онро – “шаҳри фаромӯшшуда” меноманд. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Табошар уран коркард мешуд. Дар он давраҳо ба ин шаҳр танҳо бо иҷозатнома ворид шудан мумкин буд. Хуршед Атовулло ва тими Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон доир ба гузаштаву имрӯзи шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) филми мустанад ба навор гирифт. Он “Шарора дар хокистар” ном дошта, 20 дақиқа давом мекунад.
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖТ) 16 сол аст, ки фаъолият мекунад. МТЖТ ду ҳафтанома (Фараж, Самак), як моҳнома (Ману ту), ду агентии иттилоотӣ (Суғднюс ва Фараж) ва ютюб канали худкифо дорад. Директори МТЖТ Хуршед Атовулло, журналисти маъруфи кишвар аст, ки тӯли ин солҳо на танҳо якчанд расонаҳоро таъсис дод, инчунин журналистони навқалами тоҷикро дарс меомӯзонд.
Собиқ Табошар солҳои зиёд як шаҳраки пӯшида буд ва асрори онро касе намедонист: истифодаи асирони олмонӣ, пайдоиши уран… Вале Истиқлоли ҳозира аз он Табошар фарқи зиёд дорад. Ин ҳама сабаб шуд, ки идеяи филми “Шарора дар хокистар” ба миён омад. Хостем ба ҳамаи ин саволҳо дар филм ҷавоб бигӯем”, – мегӯяд Хуршед Атовулло, муаллифи лоиҳа.
Соли гузашта Хуршед Атовулло бо тими МТЖТ идеяи лоиҳаи мазкурро ба озмуни истеҳсоли муҳтавои ватанӣ, “Формати хурд. Мавсими тобистона” пешниҳод кард. Идея аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифта, ба рӯйхати ғолибон ворид шуд.
“Шарора дар хокистар” дар муддати 4 моҳ пурра ба навор гирифта шуд ва танзим гардид. Барои ба наворгирии филм гурӯҳи кории МТЖТ чанд маротиба ба шаҳри Истиқлол собиқ Табошар сафар карданд. Маълум аст, ки пасмондаҳои уран то ҳол он ҷо мондаанд ва хатар барои саломатии инсон вуҷуд дорад. Вале ин пеши кори тими МТЖТ-ро нагирифт. Исматулло Абдуллоев, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Фараж” , видеожурналист – танзимгару ровии филми мазкур аст.
“Вақте мо ба минтақаи радиатсионӣ ворид гаштем, каме дарди сарро эҳсос кардам. Вақти сабт борҳо хоҳиши баромада рафтан пайдо шуд. Гирду атроф куллан холӣ аст, касе ё чизеро намебинӣ. Гӯё “шаҳри мурда” бошад. Ин дар фаъолияти касбиам аввалин филми ҳуҷҷатӣ мебошад. Хушбахтона, наворбардорӣ бо муваффақият ба поён расид. Зеро ман касбамро бо хатару камбудиҳояш дӯст медораму қабул кардаам”, – мегӯяд Исматулло Абдуллоев.
Филм дар шабакаи расмии Youtube-и МТЖТ нашр гардид, ки зиёда аз 1000 маротиба тамошо шудааст. Инчунин, он дар саҳифаҳои фейсбукиву инстаграм ҳам бознашр гардидааст. Аудитория филмро хуш пазируфта, дар шарҳҳо аз муаллифону тими корӣ барои таҳияи чунин як муҳтавои таърихиву диданӣ арзи сипос мекунад.
Филм аз таърихи собиқ шаҳри Табошар (Истиқлол) қисса мекунад. Дар ҷараёни филм сокинони шаҳр аз таъриху маданияти ин ҷо мегӯянд, замони ИШ ро ба хотир меоранд: қисса мекунанд, ки чӣ гуна асирони олмонӣ шаҳрро сабзонидаанд, хонаҳо сохтанд. Яке аз сокини шаҳр, ки Анатолий ном дорад ва соли 1977 дар Истиқлол таваллуд шуда, ба воя расидааст, мегӯяд шаҳри онвақта ягон камбудӣ надошт. Муҳим мо ҳамавақт аз ҳама ниёзҳои мардумӣ қонеъ будем, аз об танқисӣ надоштем. Мардуми маҳаллӣ дӯстона зиндагӣ мекарданд.
“Ман 21 солаам, 3 сол аст фаъолияти журналистӣ дорам. Вале то ҳол боре ҳам нашунида будам, ки чунин як шаҳр мавҷуд асту худи Игор Василевич Курчатов, физики дастони рус ба ин шаҳр ташриф овардааст”, – мегӯяд Исматулло Абдуллоев, рӯзноманигор, ровӣ ва танзимгари филм.
Ягон лоиҳа бидуни мушкилиҳо намешавад. Ба гуфтаи Исматулло, мушкилии асосӣ – мушкилие, ки ҳамарӯза журналистони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд, яъне дастрасӣ ба иттилоот буд.
“Барои мо лозим омад, ҳуҷҷатҳои даврони ИШ – ро, ки ба корхонаи коркарди уран Заря востока марбут буд, ба навор гирем. Ягон ҳуҷҷатро мутаассифона дарёфт карда натавонистем. То бойгониҳои шаҳрӣ рафтему кофтем”, – илова мекунад, Исматулло.
Ҳангоми банаворгирии филм Мақомоти шаҳр ба тими корӣ кӯмак расонид. Архитектори шаҳрӣ ҳама маълумоти доштаашро ба муаллифон нақл кард, ба маконҳои лозима ҳамроҳӣ кард.
«Собиқ Табошар яке аз шаҳрҳои ободтарини Осиёи Марказӣ буд, чунки таъминоти моддиаш аз Маскав анҷом мешуд. Ва чаро филмро “Шарора дар хокистар” номгузорӣ кардем? Гап дар сари он аст, ки ин шаҳрро дар вақташ “Швейтсарияи хурд” мегуфтанд, ки ҳоло ба “шаҳри хомӯшӣ” табдил ёфтааст. Шаҳре, ки мисли «шарора» буд ҳоло ба хокистар табдил шудааст. Вале шуълаи умед ҳаст. Умедворам, ки як рӯз не, як рӯз ин шарора ба аланга табдил хоҳад ёфт” – қайд кард, Хуршед Атовулло.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.