Озмуни бози грантӣ: беҳбуди муҳити ҳуқуқӣ барои расонаҳо дар Тоҷикистон

Интернюс дар доираи барномаи MediaCAMP озмуни грантӣ эълон мекунад.

Яке аз вазифаҳои асосии мо фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои расонаҳои Тоҷикистон аст. Мо боварӣ дорем, ки танҳо дар чунин шароит метавон муҳтавои ҷолиб ва мавриди ниёзро эҷод кард, то хонандагон, бинандагон ва шунавандагон ба он эътимод пайдо кунанд.

Рушди муҳити мусоиди ҳуқуқиро дастгирӣ намуда, мо барои созмонҳои ғайритиҷоратие, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба озодии баёни андеша, озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот на камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ доранд, инчунин барои ташкилотҳои тиҷоратие, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон на камтар аз 5 сол фаъолият мекунанд, озмуни грантӣ эълон менамоем.

Агар таҷриба ва пешниҳоди худро дошта бошед, мо шуморо барои иштирок дар озмуни грантӣ даъват менамоем.

Мо ба шарикони худ пешниҳод мекунем:

  1. Гузаронидани мониторинги мунтазами ташаббусҳои қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти ВАО, дастрасӣ ба иттилоот, додаҳои озод
  2. Иштирок дар гурӯҳҳои корӣ, пешниҳоди ислоҳоти худ ва пешбурди ташаббуси худ, гузаронидани чорабиниҳои муҳокимавӣ оид ба тағйир додани қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи ВАО, дастрасӣ ба иттилоот ва додаҳои озод
  3. Гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ барои ВАО ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати фаҳмонидани қонунгузорӣ

Чӣ гуна бояд дархост кард?

Барои иштирок, лутфан, дархостро дар линки зерин пур кунед.

Дархостҳо то соати 21:00 10 январ 2022 мутобиқи вақти Душанбе қабул карда мешаванд.

Меъёрҳои арзёбӣ инҳо хоҳанд буд: мутобиқати дархостҳои лоиҳавӣ ба талаботи дар боло зикршуда, таҷрибаи ташкилот дар корҳои шабеҳ ва мавҷудияти робитаҳои устувори корӣ бо мақомоти иҷроӣ ва қонунгузор, номгӯи санадҳои меъёриву ҳуқуқии ҷорӣ барои тағйир додани қонунгузорӣ дар самтҳои дар боло зикршуда.

Барои ҳама гуна саволҳо, лутфан, ба почтаи электронии TJ-info@internews.org муроҷиат кунед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *