Озмуни “Формати хурд. Мавсими тобистона”: қабули андешаҳо барои истеҳсоли муҳтаво

Интернюс дар Осиёи Марказӣ озмуни грантии “Формати хурд. Мавсими тобистона» – ро эълон мекунад. Ғояҳо барои истеҳсоли муҳтаво қабул карда мешаванд.

Охирин рӯзи қабули дархостҳо то соати 23:59 – и рӯзи 6-уми апрели соли 2021 аст.

Ин озмун барои лоиҳаҳои хурд, аммо чашмгир бо андешаҳои ҷолиб, навовару ғайриоддие мебошад, ки метавонанд дар муддатзамони кӯтоҳ аз ҷониби як тими хурди муаллифон татбиқ шаванд.

Чунин тарҳ чӣ буда метавонад? Тарҳи расонаӣ дар формати анъанавӣ: лонгрид, силсиламақолаҳо, як ё якчанд гузоришҳои махсус, аз ҷумла достонҳои видеоӣ, аниматсия, карикатураҳо ва ғайра. Аммо худро бо роҳҳои классикӣ маҳдуд накунед, тарҳҳои таҷрибавиро пешниҳод кунед, ки дар он мавод натиҷаи эҷодкорӣ, ҳунар, фаъолияти маданӣ хоҳад буд. Чунин андешаҳоро на танҳо дар фазои маҷозии интернетӣ, балки дар фазои воқеъӣ (намоишҳо ва нишастҳои ҳунарӣ ва ғайра) низ амалӣ кардан мумкин аст. Аммо ба шарте ки чунин лоиҳа бо муҳтаво  ҳамроҳ  бошад.                                                                                                                                            

Мо дар боло танҳо чанд мисол овардем. Аммо шумо дар интихоби жанру қолабҳо (форматҳо)озод ҳастед. Андешаҳои худро пешниҳод кунед – тасаввур кунед, ихтироъ кунед, эҷод кунед! Фақат дар ёд дошта бошед, ки ин муҳтаво бояд ягон аҳамияти иҷтимоӣ ва паёме ба ҷаҳон дошта бошад!

Шумо кадом мавзӯъҳоро пешниҳод карда метавонед? Ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад – ҳар он чизе, ки ба назари шумо муҳиму мубрам аст.

Чунин тарҳ то чанд муддат давом карда метавонад? Аз як то шаш моҳ. Дархостҳое, ки дар он муддати иҷрои лоиҳа бештар аз шаш моҳ нишон дода мешаванд, аз интихоби фаннӣ намегузарад.

Кӣ метавонад дар озмуни «Формати хурд. Мавсими тобистона” ширкат кунад?

Расонаҳои ғайридавлатӣ, нашрияҳои интернетӣ, рӯзномаҳову маҷаллаҳо, ширкатҳои телевизионии хурд, радио, студияҳои истеҳсолӣ, муаллифони мустақил, рӯзноманигорон, вебнависон, рассомон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин дигар тимҳои эҷодӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд ширкат варзанд. Афзалият ба иштирокчиёне дода мешавад, ки дар доираи истеҳсоли маводи ватанӣ дар соли 2021 аз Интернюс дастгирии молиявӣ нагирифтаанд.

Муҳтаво метавонад бо кадом забон бошад? Ба забонҳои тоҷикӣ ва / ё русӣ.

Тими корӣ барои тарҳи худ чӣ миқдор маблағ дархост карда метавонад? Як тарҳ дар Тоҷикистон метавонад аз 500 то 5000 доллари амрикоӣ дастгирӣ ёбад. Буҷаи дархостшаванда бояд кофӣ ва асоснок бошад. Агар буҷаи лоиҳа аз маблағи дар боло гуфташуда зиёд бошад, дархости шумо аз тарафи  ҳакамон арзёбӣ намегардад.

Муаллифони мустақил (шахсони воқеӣ) метавонанд барои гирифтани стипендия муроҷиат кунанд. Буҷаи стипендия – то 500 доллари амрикоӣ. Буҷаи дархостшуда барои стипендия низ бояд оқилона ва асоснок бошад.

Интихоб чӣ гуна баргузор мешавад? Озмуни «Формати хурд. Мавсими тобистона” дар 4 марҳила сурат мегирад:

Марҳилаи 1 – пешниҳоди андешаҳо

Ҳич маҳдудияте дар интихоби мавзӯъҳо вуҷуд надорад, аммо самти иҷтимоӣ доштани онҳо муҳим аст. Мо интизори пешниҳодҳои ҷолибу аз лиҳози муҳтаво ва қолабҳо илҳомбахш ҳастем.

Барои пешниҳоди тарҳи худ дархости онлайниро то соати 23:59 – и рӯзи 6-уми апрели соли 2021 пур кунед.

Як тими корӣ метавонад якчанд ғоя пешниҳод кунад. Аммо барои ҳар яке он бояд дархости алоҳида пур кунад.

Марҳилаи 2 –  интихоби техникӣ

Пас аз қабули дархостҳо, тими Интернюс интихоби техникӣ мегузаронад. Ҳар як лоиҳа аз нигоҳи мутобиқат ба меъёрҳои озмун баррасӣ мегардад. Муаллифоне, ки маводи аслии расонаиро пешниҳод накардаанд, ба марҳилаи баъдӣ роҳ намеёбанд. Масалан, дар яке аз озмунҳои мо лоиҳаи зерин барои дастгирӣ пешниҳод гардида буд: муаллифон дар Instagram саҳифа боз карда, дар бораи шуғл ва ҷойҳои холии корӣ менависанд. Ин албатта, муҳтаво аст. Вале ба маънои хеле васеъ ва аслӣ – ин танҳо дубора чоп кардани маълумоти каси дигар мебошад; чунин муҳтаво ба ҳадафҳои озмун ва созмони мо ҷавобгӯ нест. Интернюс расонаҳои мустақилро дастгирӣ мекунад; бо тайёр кардани рӯзноманигорону дигар кормандони нашрия ва истеҳсолкунандагони муҳтаво машғул аст; фазои иттилоотӣ ва расонаҳои муосирро рушд медиҳад. Лутфан зимни пешниҳоди лоиҳа ба озмун ин нуктаро дар назар дошта бошед.

Инчунин, дар ин марҳила, дархостҳое рад карда мешаванд, ки дар он маҳсулоти ниҳоӣ пешниҳод нашудааст, мухотабонашон тавсиф нагардидаанд ва ё харҷ асоснок нест.

Ғояҳои ҷолибтарин ва хуб таҳияшуда ба даври сеюм мегузаранд. Рӯйхати мухтасарро тими Internews то нимаи апрели соли 2021 тартиб медиҳад.

Ба муаллифони лоиҳаҳо, ки аз рӯи натиҷаҳои интихоби техникӣ тасдиқ шудаанд, барои такмил додани лоиҳа, тартиб додани буҷа ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ду ҳафта фурсат дода мешавад.

Марҳилаи 3 – муаррифии ғояҳо

Муаллифони лоиҳаҳои интихобшуда ба ҷаласаи махсус даъват мешаванд ва он ҷо метавонанд дар ҳар шакл консепсияи худ, аҳамият ва иҷрои воқеии лоиҳаро собит кунад. Довталабонро кумитаи махсуси озмун мешунавад, ки ба он коршиносони мустақили расонаӣ ва кормандони Интернюс шомил хоҳанд буд. Ҳангоми омодагӣ ба ҳимояи лоиҳа, ин формуларо дар зеҳн дошта бошед: мавзӯъи ҷолиб + формати хуб + дарки мухотаб = лоиҳаи хуб.

Аз муаррифии шумо ҳакамон бояд аз ин чизҳо маълумот пайдо кунанд:

● тафсилоти истеҳсолот;

● мухотабони лоиҳа;

● буҷа;

● маҳсули ниҳоӣ.

Пас аз муаррифи лоиҳа, аъзои комиссия метавонанд саволҳои аниқкунанда диҳанд ва барои такмил додани барномаи лоиҳа тавсияҳо пешниҳо кунанд.

Қарори ниҳоӣ дар бораи маблағгузории лоиҳаҳои муҳтавоӣ бар асоси меъёрҳои зерин аз ҷониби комиссия қабул карда мешавад: аслӣ будани ғояву формат, фаҳмиши мухотабони шумо, диди маҳсулоти ниҳоӣ ва буҷаи оқилона. Агар шумо дар озмун ғолиб оед, буҷаи шумо метавонад харид ё иҷораи таҷҳизот ва хариди барномаҳои литсензионӣ ё воситаҳои мултимедиявиро низ дар бар гирад. Ғайр аз ин, Интернюс метавонад барои ҷалби мушовирон дар тарҳ кӯмак кунад. Барои мисол, агар шумо фикр мекунед, ки барои таблиғи муҳтаво дар Youtube дониши кофӣ надоред.

Марҳилаи 4 – такмил ва иҷрои ҳуҷҷат

Тими Internews бо ғолибони озмун сари таҳияи ҳуҷҷатҳои дахлдор, такмили дархостҳо ва таҳлили буҷаи лоиҳа тибқи тавсияҳои аъзои ҳакамон кор хоҳанд кард.

Кадом ғояҳо дастгирӣ карда намешаванд? Интернюс созмону таблиғи сомонаҳо, таҳияи филмҳои бадеӣ, сериалҳо, роликҳои иҷтимоӣ ва клипҳоро дастгирӣ намекунад. Озмуни “Формати хурд” дастгирии институтсионалиро таъмин намекунад (масалан, иҷораи офис ва дигар хароҷоти шабеҳ дохил мешавад).

Чаро Internews истеҳсоли муҳтаворо маблағгузорӣ мекунад? Мо мехоҳем, ки васоити ахбори оммаи Осиёи Марказӣ – касбӣ, дар платформаҳои гуногуну форматҳои гуногун, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷалби аудитория – дар бораи ҷанбаҳои муҳимтарину мураккаби ҷомеа қисса кунанд. Ҳадафи озмун дастгирии истеҳсоли барномаҳои босифати телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, лонгридҳо, лоиҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, подкастҳо, веб-докҳо, веб-серилҳо, саргузаштҳои мултимедиявӣ, таҳқиқоти журналистӣ ва ғайра мебошад.

Агар ба шумо чизеро дақиқ кардан лозим ояд, луфтан ба суроғаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org бинависед. Мавзӯъи номаро “Савол оид ба озмуни “Формати хурд. Мавсими тобистона» ишора кунед.

Шояд бароятон ҷолиб бошад, ки дар озмуни гузаштаи – “Формати хурд. Мавсими зимистона” кадом лоиҳаҳо ғолиб омадаанд? Муфассал дар ин линк.

Агар шумо як ғояи тарҳи буҷаи калону дароз ва мустаҳкамро доред, ба озмуни “Формати хурд” иштирок накунед. Махсусан барои чунин ғояҳо, мо озмуни алоҳидаи “Формати калон” -ро ташкил кардем. Ин озмун аллакай соли 2020 баргузор шуд ва барои имсол дар фасли тирамоҳ дар назар аст. Агар барои анҷом додани ғояатон вақт лозим бошад, шумо имконият доред, ки дар ярмаркаи лоиҳаҳои калон ширкат варзед. Дар бораи он, ки чӣ тавр Internews истеҳсоли муҳтаворо дар солҳои 2020-2021 дастгирӣ мекунад, метавонед дар ин ҷо бихонед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *