«Дар аввал ман ин лоиҳаро чунин медидам: занони машҳур ба саволҳои ҷиддӣ ҷавоб мегӯянд, аммо ба ман мегуфтанд:” гӯш кун, ин барои занон аст ку, беҳтараш дар бораи таъомҳо ва дар бораи кӯдакон сӯҳбат кунед. Ба ман ин идея маъқул нашуд»,- мегӯяд Маҳпора Киромова, муаллиф ва ровии лоиҳаи «Қувва дар чист, хоҳар?», ки аз моҳи ноябри соли гузашта дар сомонаи гуруҳи расонаҳои «Азия Плюс» нашр мешавад.
Дар тамоми муддати кори журналистии худ, Маҳора Киромова ҳамеша дар паси кадр буд: дар аввал ӯ барои рӯзномаҳо ва нашрияҳои интернетӣ матн менавишт, сипас лоиҳаи машҳури видеоии “Салом, ҳамсояҳо” -ро ба ҳайси прдюсер роҳбарӣ кард. Ӯ ба ёд меорад, ки вақте дар факултаи журналистика донишҷӯёнро гуфтанд, ки миёни васоити ахбори оммаи электронӣ ва чопӣ якеро интихоб кунанд, ӯ охиринро интихоб кард ва танҳо барои он, ки дар кадр намоён набошад. Аз ин рӯ, замоне ки гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» дар озмуни идеяҳо барои эҷоди контени ватанӣ аз ҷониби Интернюс Тоҷикистон бо лоиҳаи «Қувва дар чист, хоҳар?» (силсилаи мусоҳибаҳои видеоӣ), ғолиб дониста шуд ва ҷустуҷӯи ровӣ миёни кормандон оғоз ёфт, Моҳпора хоҳиш кард, ки номзадии ӯ ҳатто баррасӣ нашавад. Аммо маҳз худаш барои ин нақш комилан мувофиқ буд, зеро Моҳпора журналисти касбӣ ва муҳимтар аз ҳама, идеядор ҳаст, таҷрибаи корӣ бо контенти видеоӣ дорад ва ниҳоят, хеле зебо аст. Ахиран далелҳои ҳамкоронаш тавонисатанд ӯро муттақоид созанд ва ҳоло Mоҳпора мусоҳибаи панҷумро барои лоиҳа сабт мекунад, гарчанде иқрор мешавад, ки дар назди камера худро ҳоло ҳам нороҳат ҳис мекунад.
– Ин таҷрибаи аввалини ман дар назди дастгоҳҳои сабт аст ва рости гап, бароям хеле душвор аст.Ман аз камера метарсам. Кӯшиш мекунам фаромӯш кунам, ки инҷо Парвиз (оператор -аз муҳаррир) , се камера ва таҷҳизоти рӯшноидиҳанда ҳаст. Талош мекунам, ки фикрамро ба қаҳрамон равона созам , аммо на ҳама вақт муваффақ мешавам, – мегӯяд Моҳпора.
Меҳмони имрузаи барнома ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Нигина Баҳриева, директори Фонди ҷамъиятии Nota Bene аст, ки тайи чандин солҳо аз минбарҳои баландтарини байналмиллалӣ дар бораи ҷо доштани шиканҷа дар Тоҷикистон суханронӣ кардааст. Мусоҳиба дар дафтари сардабири гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» сабт мешаванд ва барои табдил додани дафтар ба “студия”, ба Mоҳпора ва ҳамкоронаш лозим омад, ки ҳама чизро тагу рӯ кунанд.
– Мо кӯшиш кардем, ки мусоҳибаҳоро дар мағозаҳои мебел сабт намоем, ҳам барои ба роҳ мондани муносибатҳои шаркӣ ва ҳам барои он ки ҷойҳои зебоанд, аммо тарафҳои манфиаш низ буданд, баъзан харидорон назди «майдони наворбардорӣ» меомаданад, нархи маҳсулотҳоро мепурсиданд ва баъзан хоҳиш мекарданд, ки ҳамчун тамошобин бимонанд. Аз ин рӯ, қарор додем, ки мусоҳибаро дар хона, яъне дар дафтари шеф сабт кунем. Студияи худро алҳол надорем,- мегӯяд Моҳпора
«Ба ман зуд-зуд хотиррасон мекунанд, ки ман бояд чизе камтар аз мардон хоста бошам»
Моҳпора пеш аз мусоҳиба Нигинаро ҳушдор медиҳад, ки саволҳои шахсӣ низ хоҳад дод, ки дар асл саволҳо бармегарданд сари мавзуи манъи вуруд буданаш ба Қирғизистон Ин ҳомии ҳуқуқ алакай бори дуввум аст, ки ба чунин ҳолат гирифтор мешавад ва ӯ шарҳ медиҳад, ки қазия ба фаъолияти касбияш рабт дорад. Ҳангоми сӯҳбат Нигина изҳор мекунад, ки ӯро бо далели муҷаррад будан зуд-зуд кушиш мекунанд, ки нороҳат кунанд : манзур агар шавҳар мекардӣ, ба шиканҷа дар зиндонҳо кор ҳам намегирифтӣ. Моҳпора аз вай мепурсад, ки дар Тоҷикистон ҳомии ҳуқуқ, ки дар ин самти муҳим кор мекунад боз бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешавад ва Нигина таъкидан бори дигар ба ҷанбаи гендерӣ ишора мекунад.
– Ноход, дар тӯли 20 соли фаъолияти корӣ, шумо ҳирфаӣ будани худро собит накардаед? – мепурсад Mоҳпора.
– Ман фикр мекунам, ки исбот кардам, аммо дар гуфтушунидҳои муҳим мардон, одатан, назар ба занҳо мардони дигарро беҳтар эътироф мекунанд,- ҷавоб медиҳад Нигина.
Пас аз мусоҳиба худи Моҳпора низ иқрор мешавад, ки дар зиндагӣ бисёр вақт ба табъизи ҷинсӣ (сексизм) дучор мешавад.
-Бисёр вақт ба ман хотиррасон мекунанд, ки бояд аз мардҳо дида чизе камтар талаб кунам.Хуб, бубинед, ман ҳафт сол дар журналистика оҳиста-оҳиста аз як кор ба кори дигар гузаштам: аввал матн менавиштам, баъдан қарор додам, ки мехоҳам бо видео кор кунам, ҳоло ба жанри филмҳои мустанад майл пайдо кардаам ва ба назарам чунин менамояд, ки ман ин корро карда метавонам, аммо одамони гирду атрофам мегӯянд: «Шояд кофӣ бошад? Ту модари се фарзанд , аллакай 32 сола ҳастӣ. ” Аммо ба назараи ман чунин менамояд, ки дар 32 хоҳишҳои зан ҳоло оғоз мешаванд, аммо ба ман мегӯянд: “ором шав”, -қисса мекунад Моҳпора.
Вай ба ёд меорад, ки ба ғайр аз тарси кор дар назди камера, ӯ боз бо як сабаби дигар ба барандагӣ дар лоиҳаи “Қувва дар чист, хоҳар?” розӣ намешуд.
«Дар аввал ман ин лоиҳаро чунин медидам: занони машҳур ба саволҳои ҷиддӣ ҷавоб мегӯянд, аммо ба ман гуфтанд:” гӯш кун, ин барои занон аст ку , беҳтараш, дар бораи таъомҳо ва дар бораи кӯдакон сӯҳбат кунед». Ба ман чунин идея писанд наомад .Бароям чун тавҳин буд.. Ва он гоҳ ман гуфтам: “Гӯш кунед, биёед, вақте бо мардон мусоҳиба мекунем, танҳо дар бораи ош ва секс сӯҳбат кунем.” Хушбахтона, муаллифи лоиҳа Зебо Тоҷибоева маро дастгирӣ кард ва лоиҳа ба он шакле шуд, ки шумо алҳол мебинед ,- мегӯяд Моҳпора.
Бо ду сабаб аз мусоҳиба худдорӣ мекунанд: дар бораи худашон гуфтан намехоҳанд ва баъдан дар бораи худашон носазо шунидан намехоҳанд
Редаксия дар ибтидо, майдони асосӣ барои нашри лоиҳаи «Қувва дар чист, хоҳар?»-ро дар YouTube канали гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» медид. Аммо, ба фикри Mоҳпора дар амал маълум шуд, ки он барои Facebook бештар муносиб аст.
“Бо ин лоиҳа мо мехостем шабаки худро дар YouTube рушд диҳем, аммо 90% аудитория дар он ҷо мардонанд, муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия кор мекунанд ва ин мавзӯъ ба онҳо чандон ҷолиб нест. Facebook гапи дигар аст, масалан, сужаи мо дар бораи Мисқола Абдуллоева, дар Facebook 130 ҳазор боздид ва зиёда аз 200 шарҳ ба даст овард. Ҷалбшавӣ хеле бештар аст, мардум фаъолона муҳокима мекунанд, шарҳҳоро оид ба мавзӯъ мегузоранд, аммо дар YouTube танҳо дашном медиҳанд, мазмун, “чаро бо чунин домана (юбка) омадааст”, “беҳтараш хомӯш бошад” ва ғайра,- мефаҳмонад Маҳпора.
Дар омади гап, шарҳҳои манфӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз мушкилотест, ки созандагони лоиҳаҳо дучор меоянд. Масалан, шоири маъруфи тоҷик Гулрухсор Сафиева, ки Маҳпора ба барномаи навбатӣ даъваташ карда буд, маҳз бо ҳамин сабаб аз иштирок даст кашид.
– Чанде пеш Гулрухсор , ба назарам,72-солагиашроо ҷашн гирифта буд ва рӯзноманигорон дар ин бора паёми кӯтоҳе навиштанд ва дар зери он шарҳнависон он қадар суханҳои зишт гузоштанд, ки шоир гуфт, ки омода нест бори дигар бо ин ҳолат рӯ ба рӯ шавад. Ҳол он ки ӯ хеле шахсияти ҷолиб аст, бо як таҷрибаи ғанӣ ва бо ӯ дар бораии мавзуҳои зиёде метавон сӯҳбат кард. Гулнора Амиршоева низ ба ҳамин ҳолати ногувор дучор шудааст, аммо ӯ қавӣ ҳаст, вай ба ман гуфт, ки ин барояш бори аввал нест, бигзор лақидан гиранд. Гарчанде худам низ аз чунин “интиқод”- сахт нороҳат мешавам, аммо ман шарҳҳоро намехонам, то ки рӯҳафтода нашавам ва журналистикаро тарк накунам. Хусусан вақте дар бораи қаҳрамонони ман суханҳои қабеҳ менависанд, майлаш агар дар бораи ман мебуд. Агар ман бинам, ки шарҳҳо чунин сар мешаванд: «вай худаш кӣ», «ҳа, ин чӣ тарзи либоспӯшӣ», ман онҳоро хонда наметавонам, – иқрор мешавад Mоҳпора.
Қаҳрамоне, ки дар лоиҳа орзуи иштироки ӯро мекунанд, дурахшонтарин овозхони эстрадаи муосири тоҷик Шабнами Сурайё мебошад, ки як олам мухлис ва ҳамон қадар айбҷуёни худро дорад ва ҳангоми мусоҳибаҳо ба журналистони тоҷик бо посухҳои самимиаш машҳур аст. Аммо, Шабнам муддати тӯлонист, ки бо матбуот дар тамос нест ва Моҳпора мегӯяд, ки бо ӯ иртиботи яктарафа дорад.
-Ман аллакай аз ҳама ошноҳоям, ки Шабнамро мешиносанд, хоҳиш кардаам, ки даъватномаро барои мусоҳиба ба ӯ расонанд , аммо посух нагирифтам. Гарчанде ман хеле мехоҳам бо ӯ бо забони тоҷикӣ мусоҳиба гузаронам, бо ӯ дар бораи ягон чизи муҳим сӯҳбат кунам ва саволи асосиро бипурсам: «Қувва дар чист, хоҳар?», -мегӯяд Моҳпора.
Бо ҳамин савол, Маҳпора ҳар як мусоҳибаашро ба итмом мерасонад ва ҷавобҳои тамоман гуногун мегирад. «Дар пайдарпайӣ», ҷавоб медиҳад Нигина Баҳриева, ки 20 сол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро барои шиканҷа интиқод мекунад, «Дар қувваи ботинӣ» мегуяд Мисқола, ки маҷбур шуд тиҷорати дӯстдоштаи худро бандад, «Дар қудрати руҳ», посух медиҳад Гулнора, ки дар Тоҷикистон маъракае алайҳи муносибати хашин нисбат ба ҳайвонҳоро ташкил кардааст, «Дар дӯстдории ватан», иброз менамояд Парвина Ибодова, ки кӯшиши дорад фазои сармоягузориро дар бозори телекоммуникатсия беҳтар кунад, «Дар ман ва оилаи ман», ҷавоб медиҳад Олга Тутубулина, ки дар соли 2013 барои дар рӯзнома нашр кардани ақидаи шахсӣ бо маблағи калон ҷарима шуда буд.
Ҳадафи озмуни Интернюс, ки лоиҳаи «Қувва дар чист, хоҳар?» дар он ғолиб омад, дастгирии контенти босифат дар Тоҷикистон : барномаҳои телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, тадқиқоти журналистӣ ва дигар лоиҳаҳо мебошад. Дар озмуни аввал 31 лоиҳа иштирок кард; панҷ нафари онҳо, аз ҷумла лоиҳаи Mоҳпора, ғолиб шуданд. Ба озмуни дуввум 64 дархост расидаст, ки ғолибон ба зудӣ эълон хоҳанд шуд. Ҳамагӣ панҷ маротиба аз ин қабил озмунҳо баргузор хоҳад шуд. Онҳо дар доираи барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (ЮСАИД) гузаронида мешаванд.