Internews дар Тоҷикистон барои расонаҳо озмуни лоиҳаҳои ҷалб намудани аудиторияро эълон менамояд

Дар озмун ҳамон расонаҳои Тоҷикистон иштирок кардан метавонанд, ки барои васеъ намудани аудиторияи худ, ҷалби гуруҳҳои  ҳадафманди нав, ҳамкорӣ бо хонанда(шунаванда  ва бинанда) ва ҳалли  мушкилоташон дар якҷоягӣ  бо созмонҳои ҷамъиятӣ ҳадафманд ҳастанад

Шартҳои озмун

Самти иҷтимоӣ доштани лоиҳа ва ҳамкории расонаҳо бо ТҒД  (ё ҳамкорӣ бо якчанд созмон). Ба  ҳайси  натиҷаи лоиҳа мо тавсиа ёфтани  аудиторияи фаъоли расона, шарикии муътамади ВАО ва ТҒД ва таҳияи  роҳу равишҳои босамари ҳамкориҳои иштирокчиёни лоиҳаро интизорем

Кадом  чорабинӣ ва фаъолияитҳоро лоиҳа фаро гирифтан метавонад ?

Ин метавонад маъракаҳои онлайнӣ ва оффлайнӣ, силсиламақолаҳо, пурсишҳо, озмунҳо, кор бо гуруҳҳои ҷамъиятӣ барои ҷамъоварии маблағҳои хайрия,хондани маърузаҳо,чорабиниҳои  ризокорон(волонтёрон) ва ғайра бошад. Расонаҳо метавонанд ҳам барои амалӣ намудани идеашон ва ҳам барои мусоидат ба лоиҳаҳои ҷориашон дархост пешниҳод намоянд. Ба ин нукта таваҷҷуҳ намоед: дар дархост бояд созмони ҳамшарик нишон дода шавад.  Пешниҳоди  дархостии алоҳида аз ҷониби расона ё ТҒД

ҷоиз аст, вале ба шарте ки то замони татбиқи лоиҳа  ҳамшариконашонро пайдо кунанд

Тирамоҳи соли 2019 Интернюс дар Тоҷикистон аз шаш лоиҳаи расонаҳо ва ТҒД оид ба ҷалби аудитория пуштибонӣ кард. Иттилоотро дар мавриди ғолибон дар ҳамин ҷо пайдо кардан метавон.

Ғолибон дар як муддати кутоҳ лоиҳаҳои расонаии назаррасро татбиқ намуданд, масалан, лоиҳаи #Раннийстарт бахшида ба рушди бачагони хурдсол, лоиҳаи “Кудакони офтобии вилояти Суғд”, ки ба  волидони  кудакони дорои аутизм мусоидат менамояд ва ҳамчунин лоиҳаи “Наврвсони тоҷик дар бораи чӣ хомуширо ихтиёр мекунанд”, ки дар он кудакон бо рузноманигорон дар бораи мушкилоташон нақл мекунанд.

Дар бораи он, ки чи тавр  редаксияи «Азия-Плюс» ҳаводорони худро пайдо мекунад ва ин барои чӣ ба онҳо лозим аст, муфассалтар дар ҳамин ҷо метвон мутолиа кард.

Барои иштирок дар озмун,лутфан, дархостро дар шакли  онлайнӣ, то 15 феврали соли 2020, то соати 24:00 ба вақти Душанбе пур кунед.

Internews, на дертар аз 21 феврали соли 2020, дархостҳоро баррасӣ намуда, тасмим мегирад. Дар доираи лоиҳа Интернюс  дар моҳои январ–феврал як силсила вебинарҳо дар мавзуи шаклҳои босамари ҷалб намудани аудитория мегузаронад. 

Охирҳои моҳи январи соли 2020 вебинари нахустин дар мавзуи лоиҳаҳои расонаӣ ва ҷалби аудитория баргузор хоҳад шуд. Онро Мария Рзаева,  («Бумага», Санкт-Петербург, Россвария) мегузаронад.

То  қабули қарор  бо муаллифони лоиҳаҳо  баргузор намудани муҳокимаҳои онлайнӣ  имкон дорад. Барои ҷавоб ёфтан ба ҳама гуна  саволҳоятон, лутфан, бо суроғаи: tj-info@internews.org муроҷиат намоед.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply