Наврасони Тоҷикистон дар расонаҳо. Лоиҳаи наве, ки бо дастгирии Internews амалӣ мегардад

Наврасони тоҷик дар расонаҳо садо баланд мекунанд. “Вечёрка” дар ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии “Даст ба даст”  лоиҳаи расонаиро барои кӯдакон ва волидайни онҳо амалӣ мекунад.

Лола Қасимоваи чордаҳсола барои бозори ВАО-и тоҷик гавҳари гаронбаҳост:  Ӯ бо номи THELOLA канали  худро  дар YouTube дорад, дар ҳоле   ки блогнависҳо дар миёни наврасони ҷумҳурӣ ануштшуморанд. Худи Лола танҳо дар соли 2017, ҳангоми сафараш ба Артек фаҳмид, ки YouTube чист,  он замон ӯ пай бурд, ки ба суҳбати ҳамсолони худ, ки дар бораи Иван Гай  баҳс мекарданд, шарик шудан наметавонад.

 – Он вақт, онҳо хеле ҳайрон шуданд: «Ту намедонӣ, ки Иван Гай кист? Ту намедонӣ, ки YouTube чист!?», аммо   воқеан ҳам  он вақт чизеро намедонистам. Бисёре аз бачаҳои мо то ҳол намедонанд, ки шабакаи иҷтимоӣ чист. Онҳо бо сабабҳои гуногун ба Интернет дастрасӣ надоранд: ё гарон аст ё волидайнашон иҷозат намедиҳанд, ё баъзан барои дар мактаб комёб набуданашон аз истифода бурдани Интернетр маҳрум мешаванд,- мегӯяд ӯ.

Лола ведёт свой канал на YouTube THELOLA

Ба Артек Лола ду сол пай дар пай ба форуми расонаҳо рафта буд, сипас  дар мактаби расонаии Прага ва  лоиҳаи Газпром – «Football for Friendship» дар Санкт-Петербург ширкат кард. Табиист ки ҳангоми сафарҳо бо ҳамсолони худ аз кишварҳои мухталиф шиносоӣ пайдо кард ва ҳоло ӯ дар бораи фарқияти наврасонаи тоҷик, ки ба Интернет дастрасӣ надоранд ва наврасонони кишварҳои дигар, ки ба он дастрасӣ доранд, андеша мекунад.

– Масалан, вақте  ман бо он бачаҳо сӯҳбат мекунам, ман ҳадафмандии онҳоро мебинам! Онҳо дақиқан медонанд, ки чӣ мехоҳанд, онҳо ҳаматрафа инкишоф ёфтаанд, машғулиятҳои зиёд доранд. Агар пурсед, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ, хонандаи мактаб як нақшаи комилро бароят  шарҳ медиҳад: «пас аз хатми синфи 11 ман барои ду сол ба Амрико меравам ва баъд барои ду соли дигар ба Полша», аммо наврасони мо аксар вақт ҳадаф надоранд ва  волидайнашон барои беҳадафӣ онҳоро сарзаниш мекунанд,- мегӯяд Лола.

Ҳангоми сафарҳояш Лола наворбардории кэпшн-видео, навиштани подкастҳо ва инчунин пеш бурдани саҳифаҳоро дар шабакҳои иҷтимоӣ ба сифати  мутахассисим SMM омӯхт. Умуман, бо васоити ахбори омма Лола аз хурдӣ ошноии хуб дорад, зеро модари ӯ рӯзноманигори маъруфи тоҷик Наргис Қосимова аст ва ба ҷои бо лӯхтакҳо бозӣ кардан, бо ӯ зиёдтар зарур меомад, ки  бо  камераҳо сарукор дошта бошад. Вақте  модараш ташкилоти ҷамъиятии «Даст ба дастро»-ро таъсис дод, Лола идеяи дар заминаи он амалӣ гардонидани  мактаби наврасон- Leaders Ship-ро андешид, то ки аз донишҳои андухтааш ба ҳамсолонаш  таълим диҳад ва  ҳамзамон худаш ҳам чизе биомузад

Дере нагузашта дастаи ӯ ба ҳайси мухбирон дар чорабиниҳои гуногуни Душанбе ба кор шурӯъ кард ва сипас «Даст ба даст» дар якҷоягӣ бо «Вечерка» ва дастгирии Интернюс Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки лоиҳаи расонаии «Наврасони тоҷик дар бораи чӣ хомӯширо ихтиёр мекунанд»-ро оғоз кунанд ва дар ин ҷо Лола ва дустонаш алакай як дастаи  тайёр буданд.

– Умуман, дар расонаҳо  фаҳмиши мавод дар бораи кӯдакон ва барои кӯдакон мавҷуд аст. «Дар бораи кӯдакон» корест, ки  мо мекунем, «барои кӯдакон»   корест, ки худи кӯдакон бояд  кунанд. Воқеан то ҳол дар бозори ВАО-и мо на ин ва на онаш ҳаст ва ахиран бояд  коре кард, -шарҳ медиҳад ташаббускори лоиҳа, сардабири «Вечерка» Гулнора Амиршоева.

Аз ҳама мушкил барои кӯдакон  суҳбат  дар мавзуи талоқи волидонашон аст

Барои  мусоидат ба калонсолон дар сохтани контенти мувофиқ “дар бораи ва барои наврасон” , Лола ва гурӯҳи ӯ мушкилоти худро муҳокима карданд, чизҳои барояшон муҳимро интихоб карданд ва подкастҳоро сабт карданд.

– Хуб, мо панҷ подкаст сабт кардем : дар бораи озору азияти ҷинсӣ, зӯроварӣ дар оила, дар бораи таҳқир дар мактаб, дар бораи монеъ шудан ба пушидани либосҳои писандидаамон ва дар бораи талоқи волидон. Аз ҳама мушкилаш сабти подкаст дар мавзӯи охирин буд, кӯдакон намехостанд дар ин бора сӯҳбат кунанд, онҳо аз ин мавзӯъ канораҷуӣ карда, ҷавоб медоданд: «Не, ҳама чиз хуб аст, маро чизе ташвиш намедиҳад, ман хуб ҳастам” ва ман фаҳмидам, ки дар ин мавзӯъ суҳбат кардан барои онҳо сахт аст. Баҳси аз ҳама гарм дар бораи намуди зоҳирӣ буд, мо ин подкастро «Домани кӯтоҳ» номидем, зеро дар мактаб ба пушидани доманҳои кӯтоҳ (юбка) иҷозат намедиҳанд. Ровиёни мо Арианна ва Хушнуд дар ин масъала ду нуқтаи назари гуногун доштанд, яъне Арианна тарафдору Хушнуд муқобил буд. Хеле мубоҳисаи гарм шуд, -мегӯяд Лола.

Илова ба подкастҳо, гурӯҳи Leaders Ship инчунин видеороликҳоро дар мавзӯъҳои зикршуда наворбардорӣ карданд ва сипас ҳамаи контентро ба лоиҳаи «Наврасони тоҷик  дар бораи чӣ хомӯшӣ ихтиёр мекунанд» интиқол доданд. Дар натиҷа он маҳсули эҷоди коллектив шуд, ба маънои он, ки нақши ҳама   – журналистон, кӯдакон ва волидони онҳо ба мушоҳида мерасид. Кӯдакон контенти худро сохтанд, волидон ҳангоми флеш-моб дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери хештеги #УслышьМеня аз муносибатҳои худ бо кӯдакон нақл карданд, ва ҳамчунин дар ташкили пурсишнома ширкат варзиданда, ба саволҳои муҳим посух доданд. Ниҳоят дастаи «Вечерка» дар бораи ҳаёти воқеии наврасон дар Тоҷикистон маълумоти зиёд гирд овард. Мавод дар як лонгриди калон ҷамъоварӣ  мешаванд, аммо нашри қисмҳои алоҳидааш аллакай дар сомонаи «Вечерка» пайдо шудаанд.

– Вазифаи асосии ин лоиҳа аз он иборат аст, ки калонсолон ба кӯдакон боз як бори дигар таваҷҷуҳ кунанд, онҳоро шунаванд ва дарк кунанд. Дар асл, наврасони имрӯза мисли калонсолон фикр мекунанд, онҳо хеле рушд кардаанд, аммо мо, волидон, ҳоло ҳам кӯшиш мекунем, ки онҳоро нодуруст назорат кунем, ба онҳо фишор оварем ва онҳоро маҷбур созем тавре зиндагӣ кунанд, ки мо онро мехоҳем. Ва бо ин васила дар онҳо ҳисси эътироз эҷод мекунем, ки ин оқибати хуб надорад; мо онҳоро мешиканем ва шахсият буданро дар онҳо поймол мекунем, – шарҳ медиҳад Гулнора.

Ин танҳо ибтидои кор аст  ва Лола  ҳам бо як лоиҳа қонеъ будан намехоҳад . Вай ба сабти подкастҳояш идома хоҳад дод ва аллакай майдонҳои мухталифро меҷӯд, то ки тавонад онҳоро ҷойгир созад, то шумораи бештари одамон онҳоро бишунаванд. Аммо, орзуи деринаи Лола, танҳо  истеҳсоли контенти хуб ва зарурӣ нест,  кор ба маротиб мушкилтар аст: Лола дӯстонро меҷӯяд.

 – Ман намедонам,  вале ҳамин тавр шуд, ки  дар Тоҷикистон дӯсте надорам. Дар Мақедония дугонаам ҳаст, дар Русия дӯстон дорам, аммо дар ин ҷо- на. Модарам ба наздикӣ ба ман гуфт, ки шояд ман худам барои худам дӯстонро пайдо кунам, моро шояд ягон кори умумӣ ё ҳадафи муштарак муттаҳид  кунад. Ман фикр мекунам, ки эҷод кардани контент ҳадафи хуб аст, дар ин ҷо ҳамфикр будан  ва якдигарро дастгирӣ кардан  лозим аст. Дӯстон бояд якдигарро дастгирӣ кунанд ва дар  манфиатҳои ҳамдигар шарик бошанд. Дар акси ҳол, онҳо тамоман дӯст нестанд,- мегӯяд Лола.

Моҳи октябри соли 2019 лоиҳаи «Наврасони тоҷик дар бораи чӣ хомӯшӣ ихтиёр мекунанд» дар озмуни идеяҳое ғолиб омад, ки ба  ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон тавассути ҷалби аудитория равона шудааст. Ҳамагӣ  аз ин қабил озмунҳо панҷ  дафъа дар доираи барномаи Осиёи Марказӣ – MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (ЮСАИД) баргузор мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *