Шаш лоиҳа, ки барои ҳалли мушкилоти муҳими иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба ҷалби тамошобинон равона карда шудаанд,аз ҷониби Интернюс дастгирӣ хоҳанд ёфт. Дар татбиқи лоиҳаҳо расонаҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ширкат хоҳанд кард.
Шаш лоиҳаи муштараке дар Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ки дар онҳо созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо кӯмаки коршиносони худ мушкилотро ошкор ва ҳалли онро пешниҳод хоҳанд кард; ва дар навбати худ расонаҳо, бо ёрии абзорҳои худ, оммаи васеъро ҷалб мекунанд.
Дар байни онҳо лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби волонтёрон” аст, ки ба мавзӯи пешгирии никоҳи хешовандони наздик дар минтақаҳои Тоҷикистон бахшида шудааст. Фаъолон нақша доранд, ки дар панҷ шаҳри вилояти Хатлон театрҳои сайёр ташкил кунанд, ки дар рафти он ихтиёриёни созмон, ки таҷрибаи кор доранд, ба тамошобинон дар бораи оқибатҳои издивоҷи хешутаборӣ нақл хоҳанд кард. Намоишҳо дар видео сабт мешаванд ва аз ҷониби шарики лоиҳаи “Мактаби волонтёрон” – телевизиони Сафина дар эфир пахш карда мешаванд. Ғайр аз он, видеоҳо дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва Youtube – канали созмон ҷойгир карда мешаванд.
Ғолибони дуввуми озмун – ширкати расонаҳои “Вечерка” ва ташкилоти ҷамъиятии “Даст ба Даст” мебошанд.Лоиҳаи онҳо ба омӯзиши мушкилоти муҳими кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон тавассути пурсишномаҳои онлайнӣ ва ҷалби коршиносони мустақил равона шудааст. Муаллифони лоиҳа нақша доранд, ки дар колонияи кӯдакон маъракаи иттилоотӣ ва як маъракаи иҷтимоӣ ташкил кунанд. Маводи журналистӣ, пеш аз ҳама сужетҳои чандрасонаӣ, аз ҷониби рӯзноманигорони “Вечерка” дар якҷоягӣ бо ихтиёриёни ҷавоне таҳия мешаванд, ки бо “Даст ба Даст” ҳамкорӣ мекунанд. Маҳсулоти омодашуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва созмонҳо паҳн карда мешаванд.
Боз ду лоиҳаи дигаре, ки дар озмун ғолиб омадаанд, низ ба кӯдакон бахшида шудаанд. Ширкати радиотелевизониии СМ-1 аз вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ҷунбиши “Назари дигар” маъракаи иттилоотиеро раҳандозӣ намуд, ки ба мардум дар бораи мушкилот ва имкониятҳои кӯдакони гирифтори синдроми Даун дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Дар эфири канал бо иштироки волидони «кӯдакони офтобӣ» ва намояндагони сохторҳои салоҳиятдор ду ток-шоу баргузор мегардадю Дар ин мавзӯъ як барномаи телевизионӣ омода карда шуд; боз се барнома тавассути радиои “Пайванд” пахш мегардад.
Лоиҳаи сеюмро, ки ҳамчунин ба ҳалли мушкилоти кӯдакон нигаронида шудааст, ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” дар якҷоягӣ бо радиои “Азия Плюс” пешниҳод кардаанд. Муаллифони ин лоиҳа нақша доранд, ки як қатор вохӯриҳои интернетӣ бо оилаҳои кӯдакони гирифтори аутизм гузаронанд, ки дар он мутахассисон ва инчунин волидони кӯдаконе иштирок намоянд, ки чунин мушкилоти хурофотбарангезро дар ҷомеаи Тоҷикистон паси сар кардаанд. Пас аз ҷамъбасти ҳар як мулоқоти интенетӣ, маводи журналистӣ барои пахш дар радио, инчунин подкастҳо ва матнҳо барои паҳн намудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ омода карда мешаванд. Бо мақсади ба шумораи бештари одамон расонидани мундариҷа, муаллифони лоиҳа нақша доранд, ки подкастҳоро дар диск сабт кунанд ва дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон- дар он ҷоиҳое паҳн намоянд, ки радиостансияи «Азия Плюс» ва Интернет мавҷуд нестанд.
Барои сокинони шаҳрҳои ҷумҳурӣ лоиҳаи «Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон» дар ҳамшарикӣ бо рӯзномаи «Азия Плюс» бештар муҳим хоҳад буд. Дар ин лоиҳа, маъракаи иттилоотӣ барои баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии соҳибони манзил ба нақша гирифта шудааст. “Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон” таҳқиқот ва таҳлили мушкилоти мавҷударо анҷом медиҳад. Сипас, маводи чандрасонаӣ дар ин мавзӯъ дар рӯзномаи Азия Плюс ва дар сомонаи он нашр карда мешавад. Контенти омодашуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешавад.
Ва охирин, лоҳаи шашум, ки ғолиби озмун гардид, ба телевизиони ТВ5 дар шимоли кишвар ва Иттифоқи занони маъюб “Сафой Конибодом” тааллуқ дорад. Ин лоиҳа эҷоди маҳсулоти телевизиониро дар бораи муваффақиятҳои занони имкониятҳояшон маҳдуд дар бар мегирад. Муаллифони лоиҳа бо истифода аз гузоришҳои телевизионӣ нақша доранд, ки диққати хешовандони чунин ашхосро ба қобилияти кор кардан ва мустақилона музд ба даст овардани онҳо ҷалб кунанд ва инчунин доираҳои тиҷоратро дар бораи имтиёзҳои андозии ин гурӯҳи кормандон огоҳ созанд.
Шаш лоиҳаи мазкур аз ҷониби Интернюс дастгирии молиявӣ ва машваратӣ хоҳанд гирифт. Озмун барои дарёфти бурсияро Интернюс дар охири моҳи июн эълон карда буд, Ҳамагӣ 18 дархост ворид шуд. Шаш ғолиб бо роҳи овоздиҳии комиссияи интихобӣ, ки аз намояндагони Интернюс Тоҷикистон, сафорати ИМА дар Тоҷикистон, созмони ҷамъиятии “Фидокор” ва инчунин коршиносони мустақил иборат аст, интихоб шуданд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.
1 thoughts on “Internews аз шаш лоиҳаи муҳими расонаҳо ва СҒД дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад”