Сарфи назар аз он, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани иттилоот бо қонун муқаррар карда шудааст, дар амал гирифтани маълумоти зарурӣ мушкил аст. Чаро ин ҳодиса рух медиҳад ва чӣ тавр ин мушкилотро бояд ҳал намуд, – ин мавзуъҳоро иштирокчиёни Конфронси солгарди NANSMIT: “20 соли ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ВАО дар Тоҷикистон” ва мизи мудаввари созмони ҷамъиятии “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқҳоии инсон” дар мавзӯи “Дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон: “Гарави шаффофият ҳисоботдиҳии сохторҳои давлатӣ дар назди ҷомеа аст”, муҳокима намуданд.
Дар Тоҷикистон ҳуқуқи гирифтани иттилоотро Конститутсия кафолат медиҳад, аммо дар амал он ба таври расмӣ бо номаш риоя мешавад. Пеш аз ҳама, ин ба рӯзноманигороне дахл дорад, ки ҳамарӯза барои омода кардани маводи расмӣ ба мақомоти давлатӣ муроҷиат мекунанд, вале ба саволҳояшон посух намегиранд. Муроҷиатҳои онҳо пурра нодида гирифта мешаванд ё посухҳо хеле дер меоянд ё тавре навишта мешаванд, ки чизеро фаҳмидан ғайриимкон аст. Ин таҷриба, табиист ки ба сифати муҳтаво дар ВАО-и тоҷик таъсири манфӣ мерасонад.
Масалан, ба гуфтаи раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев, дар 98% ҳолатҳо иттилооти дархост намудаи рӯзноманигорон қонеъ карда мешавад, аммо сарфи назар аз қонунҳо, мӯҳлатҳо риоя карда намешаванд. Иштирокдорони конфронс сабабҳои чунин ҳолатро, аз ҷумла, дар номутобиқатии ҳуқуқӣ мебинанд.
-Мӯҳлати баррасии дархостҳо барои иттилоот гуногун аст. Масалан, қонунгузорӣ дар як вақт ин масъаларо бо тарзҳои гуногун ифода мекунад: “пешниҳоди фаврии маълумот”, пешниҳоди маълумот “то се рӯзи корӣ пас аз гирифтани дархост” ё “на дертар аз сӣ рӯзи тақвимӣ пас аз рӯзи гирифтани дархост” ё “таъхири дархост танҳо пас аз он иҷозат дода мешавад, ки агар ҳуҷҷати дархостшуда дар муддати як моҳ барои баррасӣ пешниҳод карда нашавад “. Истилоҳоти мухталиф дар қонунҳои мухталиф боиси таноқуз мегарданд.
– Санадҳои меъёрие, ки дорои маълумот дар бораи кадом сирри давлатӣ ҳисобида мешаванд, нашр карда намешаванд. Мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ метавонанд маълумоти муайянро ба категорияи маълумоти пӯшида дохил кунанд.
– Ягон усули қонунии истифодаи муҷозот ё муҷозоти интизомӣ барои саркашӣ аз додани иттилоот вуҷуд надорад; дар бораи натиҷаҳои баррасии парвандаҳо оид ба дастрасӣ ба иттилоот маълумоте нест.
Барои ҳаллу фасли ин масъалаҳо, иштирокчиёни конфронс пешниҳод карданд, ки ба қонунҳои мавҷуда тағйирот ворид карда шавад. Дар мизи мудаввари «Дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон: Кафолати шаффофият дар ҳисоботи давлат дар назди ҷомеа аст», ки аз ҷониби созмони ҷамъиятии Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, барпо гардид, нозири калони шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити ҷамъиятии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушбахт Бойзод ду лоиҳаи тағйиротро – ба қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот” ва “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” пешниҳод кард. Онҳо бояд дастрасиро ба иттилоот осонтар кунанд. Ҳарду қонун, вобаста ба хусусияти иттилооти дархостшуда, мӯҳлати баррасии дархостҳои шаҳрвандонро барои гирифтани маълумот ба ҷойи 30 рӯз аз 7 то15 рӯз пешниҳод мекунанд.
Ҳамаи тағйиротҳо пас аз таҳлили қонунгузорӣ аз нигоҳи тавсияҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд (OECD), ки Тоҷикистон узви он аст, пешниҳод шудаанд.
“Дар тӯли солҳои истиқлоли Тоҷикистон як дарси муҳим омӯхта шуд, – иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим ба ҳама бояд дастрас бошад, зеро бидуни иштироки шаҳрвандӣ, ҳатто ташаббусҳои муфид ва ояндадори мақомоти давлатӣ ба ҳадафҳои худ нарасидаанд”- гуфт ҳуқуқшиноси Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон.- Гулгуна Шозодаева.
Илова бар ин, дар мизи мудаввар дастуруламал дар бораи дастрасӣ ба иттилоот рунамоӣ шуд. Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқҳои инсон” Абдураҳмон Шарипов, ҳуҷҷати пешниҳодшуда барои баррасии дархостҳои рӯзноманигорон ва васоити ахбори омма “Тартиби махсус” -ро пешбинӣ мекунад. Гап сари он аст, ки тибқи қонун «Дар бораи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот», «қоидаҳои иҷрои дархостҳо барои гирифтани маълумот аз ҷониби роҳбари мақомот ё ташкилоти дахлдор муқаррар карда мешаванд».
«Ин боиси вайрон кардани мӯҳлати посух додан ба дархостҳо мегардад»,- мегӯяд Шарипов Дар фарҷоми конфронсия ба унвони даъват ба мақомоти ҳокимияи Тоҷикистон, санаде қабул карда шуд, ки риояи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, тамоми мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо зикр мекунад. Матни пураи ҳуҷҷатро дар ҳамин ҷо метавон хонд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.