Ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон дар Тоҷикистон донишҳои ҳуқуқии худро такмил медиҳанд

Илова бар он, ки рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бо нақзи ҳуқуқу озодиҳои бунёдии худ рӯбарӯ ҳастанд, бозори расонаҳо низ камбуди шадиди ҳуқушиносони расонаиро эҳсос мекунад. Барои ҳалли ин мушкил ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон мактаби ҳуқуқи расонаиро ташкил намуд, ки 15–19 май дар Душанбе баргузор гардид.

«Хома» бар ин наззар аст, ки теъдоди бештари вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон «муҳоҷирони кӯчӣ» ҳастанд, ки ба ҳар коре мечаспанд ва  тахассуси муайян надоранд. Воқеият чунин аст, ки ҳуқуқшиноси масалан, соҳаи нақлиёт  метавонад барои кор ба Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ гузарад. Бинобар чунин тағйироти самти кор дар Тоҷикистон, ҳуқуқшиносони соҳавӣ, ки таҷриба ва дониши мушаххас дошта бошанд, кам ба назар мерасанд. Ин тамоюл нисбати расонаҳо низ хос аст.

Марат Мамадшоев, сардабири Пажӯҳишгоҳи тафсири ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки камбуди ҳуқуқшиносони тахассусӣ, инчунин ба он вобаста аст, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи ба истилоҳ «қонуни занги телефонӣ» густариш ёфтааст.

«Мушкилоти нарасидани адвокатҳо на танҳо дар ВАО, балки дар ҳама соҳаҳои дигар хеле зиёд аст. Мутаассифона, дар Тоҷикистон ҳуқуқшиноси соҳибихтисос будан ва пул кор кардан на ҳамеша имконпазир аст, аз ин рӯ мутахассисон кишварро тарк мекунанд. Дар кишвари мо аксар вақт қонунро «қонуни занги телефонӣ» иваз мекунад — вақте ки шахси дорои ин ё он ваколат, ба судя, прокурор занг зада, ба ӯ дикта мекунад, ки аз рӯи ин ё он масъалаи ҳуқуқӣ чӣ гуна қарор кабул кардан лозим аст».

Ба камбуди чашмраси вакилони расонаӣ дар Тоҷикистон нигоҳ накарда, шумораи онҳо сол аз сол камтар мешавад. Дар чунин вазъият, мактаби ҳуқуқи расонаӣ ба пешбурди ин соҳаи мушаххаси ҳуқуқшиносӣ ва таълими асосҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузории ВАО ба аудиторияи васеъ равона шудааст.

«Аз соли 2012 инҷониб мегӯем, ки ба ҳуқуқшиносони расонаӣ ниёз дорем. Соли 2014 як назарсанҷӣ анҷом додем, ки нишон дод аксари расонаҳо ҳуқуқшиносони доимӣ надоранд, зеро маблағ барои нигоҳдории онҳо мавҷуд нест», – мегӯяд ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Хома» Ранжет Ятимов.

Дар мактаби ҳуқуқи расонаӣ, ки дар дафтари «Хома» баргузор шуд, намояндагони ҷомеаи ҳуқуқӣ, коршиносони ҳуқуқи башар, мутахассисони фановарии иттилооту иртиботот ва хабарнигорон ба иштирокчиён дарс гуфтанд. Чунин гуногунии устодон ба он хотир буд, ки ширкаткунандагон аз дидгоҳҳои мухталиф ба ҳуқуқ ва қонунгузории соҳаи ВАО назар андозанд.

Дар мактаб  13 нафар ширкаткунандагон бо таҷрибаи гуногун иштирок намуданд: дар байни онҳо донишҷӯён, ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо, рӯзноманигорон, омӯзгорон, намояндагони сохторҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои расонаӣ, масалан, аз Шӯрои ВАО буданд.

Ҳамаи онҳо ба баланд бардоштани донишҳои худ дар соҳаи ҳуқуқи расонаӣ таваҷҷуҳ доранд. Адвокатҳо хусусиятҳои ҳимояи мизоҷонро дар соҳаи ВАО меомӯзанд; журналистон дар бораи ҳуқуқҳои худ, қонунгузорӣ ва чӣ будани худтанзимкунии ВАО маълумот мегиранд; муаллимон барои хондани лексияҳо дониш ва мавод ҷамъ мекунанд.

Ранжет Ятимов бар ин назар аст, ки намояндагони мақомоте, ки мустақиман сари мавзуоти расонаӣ кор мекунанд, бояд дар омӯзишҳо доир ба ҳуқуқи расонаӣ ҳузур дошта бошанд, то ин ки ҳамроҳ бо иштирокчиёни соҳа тағйироти қонунгузории ин соҳаро баррасӣ кунанд.

«Агар ҷомеаи рӯзноманигорон ва мақомоти давлатӣ доир ба асосҳои қонунгузории ВАО фаҳмиши умумӣ дошта бошанд, гуфтугӯ бо ҳукумат, аз ҷумла ҳангоми ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои соҳаи ВАО осонтар мешавад».

Ба гуфтаи Ятимов, имрӯз Ҳукумат ба таҷдиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» иқдом кардааст ва дар ин мавзуъ аллакай ду ҷаласа дар порлумон баргузор кардааст. Бо вуҷуди ин, барои риояи меъёрҳои қонунҳо дар бораи кори ВАО, ба истеҳсолкунандагони муҳтаво  дастгирии ҳуқуқӣ аз ҷониби мутахассисон лозим аст. «Хома» умед дорад, ки дастпарварони мактаб пойбанди  соҳа боқӣ мемонанд, ва ба рӯзноманигорон дар дифоъ аз ҳуқуқи худ кумак хоҳанд кард. Дар баробари ин, воситаҳои ахбори омма, новобаста аз шакли моликияташон, метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқӣ дастрасӣ ба иттилоот ва паҳн кардани он барои машварати ройгони ҳуқуқӣ ба ташкилоти ҷамъиятии «Хома» муроҷиат намоянд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *