Моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бишкек барои сардабирону хабарнигорони нашрияҳои мустақил силсилаомӯзишҳо баргузор шуданд. Иштирокчиёни омӯзиш асосҳои журналистикаи ҳассос ба низоъ, вижагиҳои кори рӯзноманигорон дар ҳолати муноқиша ва риояи принсипҳову меъёрҳои журналистикаро ҳангоми инъикос баррасӣ карданд.
Дар тренинг доир ба вижагиҳои омода намудани гузоришҳо барои телевизион, радио ва нашрияҳо оид ба муноқишаҳо суҳбат сурат гирифта, усулҳои достоннависӣ (сторителлинг) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба рӯзноманигорон гуфта шуд, ки чӣ гуна супориши нашрияро омода ва барномарезӣ намоянд, хатарҳои эҳтимолиро арзёбӣ кунанд ва барои коҳиши эҳтимоли онҳо чӣ коре анҷом диҳанд.
Хабарнигорон доир ба бехатарӣ ҳангоми инъикоси муноқишаҳо маслиҳатҳо гирифта, инчунин, кейсҳо доир ба ахлоқи пӯшиши низоъҳо ва таҳияи сиёсати нашрияро мавриди баҳс қарор доданд.
Мураббии байналмилалии даъватшуда Питер Де Туа роҷеъ ба нақши созандаи журналистика дар гузориши низоъҳо ва бӯҳронҳо маърӯза кард.
Вай гуфт, ки рӯзноманигорон дар инъикоси муноқишаҳо нақши муҳим доранд ва дар сурати дуруст инъикос кардани рӯйдодҳо метавонанд аз авҷ гирифтани низоъ ҷилавгирӣ кунанд. Ӯ ҳамчунин тавзеҳ дод, ки чӣ имконоте барои маҳдуд кардани осебҳои эҳтимолӣ мавҷуданд.
⁃ Журналистика бояд дақиқ ва эътимодбахш бошад. Чӣ қадар рӯзноманигорон бештар муноқишаро дарк кунанд, ҳамон қадар омодагии беҳтаре хоҳанд дошт, то рӯйдод ва равандҳоро тавре инъикос кунанд, ки фаҳмишро ба миён оварда, эҳтимоли расидан ба ҳалли мусолиматомезро афзоиш диҳад.
Питер Де Туа рӯзноманигор ва мураббии расонаӣ мебошад, ки дар гузориши даргирӣ зимни ҳолатҳои муноқиша тахассус дорад. Зиёда аз бист сол аст, ки ӯ ба хабарнигорон ва муҳаррирон доир ба гузориши низоъҳо дар кишварҳое, ки аз ҷангҳои шаҳрвандӣ, низоъҳои қавмӣ ва иҷтимоӣ осеб дидаанд, таълим медиҳад. Ин коршиноси расонаӣ дар Шарқ, Ғарб, Африқои Ҷанубӣ, Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик омӯзишҳо доир кардааст. Питер барои мураббиён доир ба пушиши муноқишаҳо барномаҳои омӯзиширо роҳандозӣ карда, ҳамзамон барномаеро таҳия намудааст, ки ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба сулҳ тавассути муносибатҳои муассири ВАО мусоидат мекунад. Ӯ муаллифи дастур доир ба гузориши ҳассос ба низоъҳо ва ифротгароӣ мебошад.
Аз октябри соли 2022 Интернюс як лоиҳаи минтақавиро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон амалӣ мекунад, ки ҳадаф аз он таҳкими тавонмандии ВАО, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои беҳбуди муштараки инъикоси муноқишаҳои марзӣ мебошад.