Internews барои арзёбии ниҳоии лоиҳаи «Дастгирии пӯшиш ва пешбурди озодии динӣ» коршинос меҷуяд

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ ЛОИҲА

Дар моҳи августи соли 2020 Internews лоиҳаи “Дастгирии фарогирӣ ва пешбурди озодии дин” (SCARF)-ро оғоз кард, ки ҳадафи он беҳтар кардани сифат, миқдор ва паҳн кардани мӯҳтавоҳои баландсифат дар бораи масъалаҳои озодии дин барои пешбурди ҷомеаҳои бештар демократӣ ва таҳаммулпазир мебошад. Марҳилаи аввали лоиҳа аз моҳи августи соли 2020 то моҳи августи соли 2022 (24 моҳ) дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон татбиқ карда шуд; марҳилаи дуюми лоиҳа аз моҳи сентябри соли 2022 то моҳи феврали соли 2024 (18 моҳ) дар Тоҷикистон ва Қазоқистон татбиқ карда мешавад.

Марҳилаҳои лоиҳаи SCARFДавраКишварҳои ҳадафнок
Давраи ибтидоии татбиқи лоиҳа24 моҳТоҷикистон, Ӯзбекистон
Давраи тамдиди хароҷотТамдид ба муҳлати 18 моҳТоҷикистон, Қазоқистон
Ҳадафи лоиҳа Беҳтар кардани сифат, миқдор ва паҳн кардани гузоришҳои баландсифат дар бораи масъалаҳои озодии дин барои пешбурди ҷомеаҳои бештар демократӣ ва таҳаммулпазир
Вазифаи 1

Баланд бардоштани сатҳи тавоноии маҳаллӣ барои эҷоди  муҳтавои (контенти) баландсифат ва ҳассос ба низоъ вобаста ба масъалаҳои озодии дин
1.1: Омӯзиши ҳамаҷониба ва роҳнамоии тренерҳо вобаста ба инъикоси озодии динӣ

1.1.1: Семинарҳои воридкунанда

1.1.2: Омӯзиш барои омӯзишдиҳандагон (тренинг барои тренерҳо)

1.1.3: Таҳияи модул барои расонаҳо дар бораи инъикоси масъалаҳои вобаста ба дин ва озодиҳои динӣ

1.1.4: ниҳоисозии модул ва интихоби тренерҳои калидӣ  

1.2: Тренинг барои журналистон доир ба инъикоси мавзуъи динӣва озодиҳои динӣ

1.2.1: Тренингҳо барои эҷодкунандагони муҳтаво (контент) 1.2.2: Ҷаласаҳо барои сармуҳаррирон
Вазифаи 2

Афзоиши ҷалбсозӣ бо истифода аз муҳтавои  фарогир, ки ба мубоҳисаҳо вобаста ба масъалаҳои динӣ, фаҳмиш ва таҳаммулпазирӣ мусоидат мекунад
2.1: Грантҳо, стипендияҳо ва кумаки амалии техникӣ барои инъикоси босифати масъалаҳои динӣ, ҳаёти ҷомеаҳои динӣ ва озодиҳои динӣ

2.2: Чорабинии минтақавӣ барои пешбурди мубоҳисаҳо вобаста ба озодиҳои динӣ дар ҷомеаҳо

ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ АРЗЁБӢ

Ҳадафи баҳодиҳӣ дар арзёбии самарабахш ва устувории лоиҳа, ҷавоб додан ба саволҳои зерини калидии тавзеҳдиҳанда  ва саволҳои мушаххаси омӯзишӣ, инчунин пешниҳод намудани тавсияҳо барои лоиҳаҳои монанд дар оянда мебошад.  Ба тафовути ҳаҷм ва шаклҳои дастгирӣ диққати махсус додан лозим аст, дар ҳар як кишваре, ки лоиҳа амалӣ гардидааст, бо сабаби тағйир додани таваҷҷӯҳи корӣ ба кишвари дигар ҳангоми тамдиди лоиҳа; арзёбии муқоисавии марҳилаҳои гуногун қобили қабул аст.

Саволҳои асосии арзёбӣ:

  • То чӣ андоза расонаҳои баҳрагиранда/истеҳсолкунандагони муҳтаво (контент) фаъолиятҳо/дастгирии лоиҳаро муфид ҳисобидаанд?
  • Натиҷаи  фаъолияти кориии ба дастовардаро (маҳсулоти кор), агар чунин вуҷуд дошта бошад, чӣ гуна истифода кардаанд? Натиҷаҳои фаъолияти лоиҳа то чӣ андоза устувор мебошанд, агар натиҷаҳо вуҷуд дошта бошанд?
  • Чӣ тавр ин натиҷаҳоро нигоҳ доштан мумкин аст?
  • Оё барои баҳрагирандагон кор кардан бо ҷомеаҳои динӣ/ва инъикоснамудани фаолияти онҳо осонтар шуд?
  • Оё чорабиниҳои лоиҳа тағйирот дар таҷрибаи редаксионӣ  ё идоракунӣ ба вуҷуд овард?
  • Оё баҳрагирандагон ё муҳаррирон/менеҷерон муносибати худро нисбат ба аҳамият/зарурияти инъикоси масъалаҳои динӣ ва ҷомеаҳои динӣ тағйир додаанд?

Саволҳои мушаххаси омӯзишӣ:

  • Кадом мудохилаҳо ба муҳтавои масъалаҳои динӣ барои ноил шудан ба тағйирот дар амалиёт, динамикаҳо, равандҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли муҳтаво дар байни эҷодкунандагони муҳтаво ва/ё кормандони идораи нашриётӣ бештар таъсиррасон мебошанд?
    • Таъсирҳои гуногуни интишори проактивии (фаъоли) муҳтаво ба рӯйдодҳои бетараф ва/ё мусбати вобаста ба гуногунии мазҳабӣ ва таҳаммулпазирӣ дар муқоиса бо нашри муҳтавои реактивӣ, ки барои бартараф кардани маълумоти бардурӯғ ё инъикоси манфии масъалаҳои динӣ пешбинӣ шудааст, чӣ гунаанд?
    • Кадом намуди рӯйдодҳо (рӯйдодҳои ба инсон нигаронидашуда, сюжетҳо, ахбор, рӯйдодҳои таърихӣ ва ғайра) барои ноил шудан ба тағйирёбии идрок дар байни мухотабон (аудиторияҳо) бештар самарабахш мебошанд?
    • Кадом омилҳо, таҳдидҳо ва мушкилиҳое вуҷуд доранд, ки ба журналистон/воситаҳои ахбори омма, ки дар бораи табъизи/зӯроварии мазҳабӣ муҳтаво (контент) нашр мекунанд, таъсир мерасонанд?

Тавсияҳо:

  • Ҳисоботи баҳодиҳӣ барои барномаҳои расонаии самти номбурда бояд аз тавсияҳои аз факту додаҳои асосёфта иборат бошанд. Он бояд пунктҳои зеринро дарбар гирад:
  • Тавсияҳо вобаста ба рӯйкардҳо барои таҳияи муҳтавои баландсифат ва ба низоъ ҳассос дар бораи масъалаҳои вобаста ба озодии дин, ки сатҳи ҷалбшавиро ба муҳтавои вобаста ба масъалаҳои динӣ ва таҳаммулпазирӣ афзоиш медиҳад.
  • Сабақҳои омӯхташуда дар бораи рӯйкардҳои тавонмандсозии маҳаллӣ барои таҳияи муҳтавои баландсифат ва ба низоъҳо ҳассос.
  • Роҳнамо вобаста ба имкониятҳо ё пешрафти ояндаи эҳтимолӣ вобаста ба чӣ гуна таҳким намудани ҷалбшавӣ ба муҳтавои ҳассос ба низоъ дар масъалаҳои озодии дин.
  • Сабақҳои омӯхташуда дар бораи чӣ гуна ба даст овардани натиҷаҳои ниҳоии муҳтавои баландсифат ва ҳассос ба низоъ.

Буҷети тахминии лоиҳа 6000 – 8000 доллари ИМА.

РАВАНД ВА ФОРМАТИ АРЗЁБӢ

Раванди арзёбӣ бояд аз се марҳилаи асосӣ иборат бошад: (1) таҳияи методология, (2) ҷамъоварии додаҳо (данные) ва (3) таҳлил ва навиштани гузориш. Ҳарчанд арзёбӣ бояд ҳамаи баҳрагирандагон ва шарикони SCARF-ро дар назар гирад, шахс(он)и арзёбикунанда метавонанд барои арзёбии амиқтар омӯзиши ҳолатҳои мушаххасро ҷудо кунанд. Гурӯҳи арзёбикунанда дар коркарди иттилооти ҳассос ва хусусӣ аз салоҳдиди худ истифода хоҳад бурд ва дар тарҳрезии арзёбӣ, ҷамъоварии додаҳо, таҳлили додаҳо ва идоракунии додаҳои ин арзёбӣ принсипҳои “Зарар нарасон”-ро риоя хоҳад кард.

Internews ҳамаи манбаъҳои дахлдори додаҳо ва маълумоти тамосро ба шахс(он)и арзёбикунандаи интихобшуда пешниҳод мекунад:

  • Кормандони лоиҳа
  • Мушовирон ва тренерҳо
  • Маводҳо ва захираҳои таълимии таҳияшаванда ва истифодашаванда
  • Шарикони иштироккунандаи воситаи ахбори омма
  • Бахши тавсифии лоиҳа ва гузоришҳо дар бораи мониторинг ва арзёбӣ
  • Арзёбии рӯйдодҳо ва тренингҳо, гузоришҳо, санҷишҳо ва натиҷаҳои пурсиш
  • Дигар додаҳои вобаста ба мониторинг ва арзёбӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, дар сурати зарурат
  • Маҳсулоти расонаӣ

Воситаҳои пешниҳодшудаи ҷамъоварии додаҳо:

  • Бознигарии ҳуҷҷати лоиҳа ва додаҳо
  • Мусоҳибаҳо бо кормандони дахлдори барномаи SCARF
  • Мусоҳибаҳо/фокус-гурӯҳҳо бо намунаи расонаҳои иштироккунанда/баҳрагирандагони истеҳсолкунандаи муҳтаво
  • Мусоҳибаҳо/ фокус-гурӯҳҳо бо намунаи мухотабон
  • Мусоҳиба бо мушовирон/тренерҳо
  • Таҳлили гурӯҳҳои муқоисашаванда.

Ҳадаф, вазифаҳо, раванд ва формати арзёбии дар боло зикршуда намоишӣ/тавзеҳӣ мебошанд ва ҳамчун тавсия номбар карда шудаанд, вале бо рӯйкардҳои номбаршуда маҳдуд намешаванд. Шахсони арзёбикунанда ташвиқ карда мешаванд, ки рӯйкардро ислоҳ кунанд ё рӯйкарди алтернативиеро пешниҳод намоянд, ки дар боло номбар карда  нашудаанд. Дар ин ҳолат, шахси дархосткунанда бояд методологияҳои алтернативиро муайян кунад ва рӯйкарди умумии арзёбӣ бояд ба методологияи арзёбии пешниҳодкардаи шахс(он)и арзёбикунанда дохил карда шавад. Рӯйкарди пешниҳодшудаи номзади интихобшуда бояд бар асоси машваратҳо бо гурӯҳи лоиҳа пас аз интихоб баррасӣ ва ислоҳ карда шавад.

ВАЗИФАҲО ВА НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРРАВАНДАИ ЗАРУРӢ

  • Бознигарии ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла дархостҳо ва пешниҳодҳои ибтидоӣ, ҳамаи гузоришҳои тавсифии семоҳа ва додаҳои мониторинг ва арзёбӣ, ҳуҷҷатҳо дар бораи имкониятҳои ба даст овардани грант, таҳлили муҳтавои лоиҳа ва дигар сабтҳо, инчунин воситаҳои ҷамъоварии додаҳо дар сурати зарурат.
  • Ба охир расонидани методологияи таҳқиқот ва ҷузъиёти дигар якҷо бо кормандони лоиҳа, аз ҷумла эҷоди воситаҳои ҷамъоварии додаҳо (масалан, рӯйхати нимасохторбандишудаи саволҳо барои протоколи мусоҳиба ё сенарияи фокус-гурӯҳ) ҷиҳати ҷалб намудани ҳар гурӯҳи мавриди ҳадафи ҷонибҳои манфиатдор.
  • Гузаронидани ҷаласаҳо ба таври ҳузурӣ/онлайн/мусоҳибаҳо/муҳокимаҳо дар фокус-гурӯҳҳо бо кормандони лоиҳа, мушовирон ва тренерҳо, шарикони иштироккунандаи расонаҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар кишварҳои мавриди ҳадафи лоиҳа барои арзёбии натиҷаҳои ниҳоии лоиҳа. Ин ҷамъоварии додаҳо бояд қайдҳои муфассал ва/ё стенограммаҳоро (тавзеҳоти матнии садоҳои сабтшуда) барои иттилоъ додан дар бораи таҳлили додаҳо дар бар гирад.
  • Гузаронидани таҳлили додаҳои ҷамъоваришуда. Дар мавриди додаҳои сифатӣ, ин бояд эҷоди китоби рамзгузориро дар бар гирад, ки барои кам кардан ва тақсим намудани манбаъҳои додаҳо ва гузаронидани таҳлил истифода мешавад. Дар пешниҳоди худ, шахси дархосткунанда бояд ба таври муфассал шарҳ диҳад, ки чӣ гуна онҳо додаҳоро барои гузориши ниҳоӣ таҳлил мекунанд. Бо дарназардошти мавҷуд будани се кишвар, шахси дархосткунанда бояд шарҳ диҳад, ки ӯ чӣ гуна таҳлили муқоисавии байнисоҳавиро баргузор мекунад.
  • Ба охир расонидани гузориш дар бораи арзёбӣ (15-20 саҳифа) ба забони англисӣ бо нишон додани бозёфтҳо ва тавсияҳо. Гузориш бояд бозёфтҳо ва тавсияҳои умумиро дар бар гирад, аммо ҳамчунин дар он натиҷаҳо дар ҳар се кишвар пешниҳод ва муқоиса карда шаванд. Он ҳамчунин бояд шарҳи мухтасар ё ҳуҷҷати ҷамъбастии дигарро дар бар гирад. Сохтори ниҳоии гузориш бо Internews пас аз интихоби шахс(он)и арзёбикунанда мувофиқа карда мешавад. Ба шахс(он)и арзёбикунанда шояд лозим шавад, ки нусхаи дохилии гузориш ва нусхаи берунии хулосаро таҳия кунанд, ки дар сурати зарурат дар он иттилоот пок карда мешавад.
  • Муаррифӣ ва иттилоъ додан ба кормандони барнома ва донор дар бораи бозёфтҳои арзёбӣ (лоиҳаи аввали гузориш ва гузориши ниҳоӣ дар бораи арзёбӣ).

МУҲЛАТИ ТАХМИНӢ:

Тақрибан 26-34 рӯзи корӣ мувофиқи ҷадвали тахминии дар поён овардашуда. Гузориши ниҳоӣ дар бораи арзёбӣ бояд то 20 декабри соли 2023 пешниҳод карда шавад.

ВАЗИФАҲОИ ЗАРУРӢLOE тахминӣ (рӯзҳо)МУҲЛАТИ НИҲОӢ
Ҷаласаи муқаддимавӣ барои муайян кардани ҳадафҳо ва афзалиятҳо1Бояд муайян карда шавад
Гузаронидани таҳқиқот дар дафтари корӣ вобаста ба иттилооти вуҷуддоштаи лоиҳа (ҳуҷҷатҳо, маводҳо, гузоришҳо, махзани додаҳо вобаста ба мониторинг ва арзёбӣ ва ағйра)4-5Бояд муайян карда шавад
Ба охир расонидани методологияи таҳқиқот, чорчӯби арзёбӣ, рӯйхати шахсони мусоҳибашаванда ва саволҳои мусоҳиба3-4Бояд муайян карда шавад
Марҳилаи саҳроӣ: Гузаронидани мусоҳибаҳо/муҳокимаҳо дар фокус-гурӯҳҳо бо иттилоъдиҳандагони (информатор) асосӣ7-10
(тақрибан 2-3 рӯз дар як кишвар)
Ӯзбекистон: бояд муайян карда шавад
Тоҷикистон: бояд муайян карда шавад Қазоқистон: бояд муайян карда шавад
Таҳлили иттилооти ҷамъоваришуда ва ба охир расонидани лоиҳаи аввал7-9Бояд муайян карда шавад
Гузориш додан ба гурӯҳи лоиҳа вобаста ба бозёфтҳои арзёбии ибтидоӣ ва тавсияҳо1Бояд муайян карда шавад
Таҷдид намудани лоиҳаи ибтидоии гузориш ва омода кардани гузориши ниҳоӣ3Бояд муайян карда шавад
Ба охир расонидани гузориш дар бораи арзёбӣ бар асоси шарҳу назарҳои Internews ва пешниҳод намудани гузориши ниҳоӣ1-220 декабри соли 2023

 НОМЗАДҲОИ МУНОСИБ

  • Барои иштирок коршиносони арзёбии маҳаллӣ ва байналмилалӣ ва инчунин ширкатҳое, ки хидматрасонии арзёбӣ пешниҳод мекунанд, даъват карда мешаванд.Ҳар дархосткунандаи боихтисос барои гирифтан ба кор баррасӣ карда мешавад. Internews ба табъиз аз рӯи нажод, ҷинс, ҳувияти гендарӣ ё тамоюл, маълумоти ирсӣ, синну сол, баромади миллӣ, вазъи оилавӣ, вазъи маъюбӣ, идеологияи сиёсӣ, мақоми собиқадори (ветерани) низомӣ ё ҳифзшаванда ё дигар хусусиятҳо роҳ намедиҳадд.

ТАХАССУС/ТАҶРИБАИ ШАХС(ОН)И АРЗЁБИКУНАНДА:

  • Дараҷаи магистр ё баландтар аз он дар бахши илмҳои иҷтимоӣ, расона, рушди байналмилалӣ, арзёбӣ ё таҷрибаи касбии баробар.
  • Таҷрибаи нишондодашуда барои гузаронидани арзёбии миёнамуҳлат ва арзёбиҳои ниҳоии берунии лоиҳа, аз ҷумла таҷриба вобаста ба мониторинг ва арзёбӣ, истифода аз маҳоратҳои гузаронидани мусоҳиба (ба таври ҳузурӣ ва аз фосилаи дур), ҷамъоварӣ ва таҳлили додаҳои сифатӣ ва миқдорӣ, таҳқиқот ва таҳлили маълумоти оморӣ.
  • Дониш дар бораи расона ва муҳити сиёсӣ дар кишварҳои мавриди ҳадаф; фаҳмиши амиқи масъалаҳое, ки расонаҳо дар ин се кишвар бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
  • Малакаҳои олии муоширати байнифарҳангӣ/ҳассосияти фарҳангӣ.
  • Ба таври озод донистани забонҳои англисӣ, русӣ ва озодона гап задан ҳадди ақал ба як забони кишвар (узбекӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ) афзалият дорад, вале ҳатмӣ нест.
  • Интизор меравад, ки зимни иҷро намудани ҳамаи уҳдадориҳо, шахс(он)и арзёбикунанда фаҳмиш ва уҳдадориро вобаста ба риояи арзишҳои асосии Internews нишон диҳанд.

ТАЛАБОТҲО БА ДАРХОСТ:

  • Пешниҳоди техникӣ, ки дар он рӯйкарди методологӣ тавсиф карда мешавад
  • Пешниҳоди молиявӣ/пешниҳод (бо доллари ИМА) ( Лутфан боварӣ ҳосил кунед, ки ҳамаи андозҳо ва агар лозим бошад, хидматрасониҳои вобаста ба тарҷума аз ӯзбекӣ, тоҷикӣ, қазоқӣ дохил карда шудаанд)
  • Тарҷумаи ҳоли (CV) шахс(он)и арзёбикунанда, аз ҷумла ҳадди ақал ду тамоси истинодӣ, ки ба ин миқёси кор дахл доранд
  • Ҷузвдон (папка) ва иттилоот дар бораи хидматрасониҳои қаблии монанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *