Дар кӯдакистонҳои шаҳри Хоруғ довталабони созмони ҷамъиятии «Рӯзбеҳ» намоишҳои лухтакҳоро баргузор мекунанд, то ба кӯдакон дар бораи саводи расонаӣ нақл кунанд. Идеяи суҳбат дар ин мавзуъҳо бо кӯдакон, дар зеҳни Зоҳир Шомусалламов – раиси “Рӯзбеҳ” пас аз як ҳодисаи фоҷиаборе пайдо шуд, ки чанд соли пеш дар Хоруғ рух дод.
Он замон дар хонаводаи ҳамсояи Зоҳир мусибат рӯй дод: кӯдаки панҷсола аз боми хона афтод. Писарбачча мултфилмеро тамошо кард, ки қаҳрамони он бо истифода аз чатр оҳиставу ҳамвор аз бом поён мефарояд. Ӯ ҳам тасмим гирифт, ки ин эпизодро дар ҳаёти воқеӣ такрор кунад. Хушбахтона, кӯдак зинда монд, фақат баъзе устухонҳояш шикастанд. Аммо Зоҳир иқрор мекунад, ки кӯдакон бо тақлид ба қаҳрамонҳои мултфилм ва филмҳои дӯстдоштаашон метавонанд дар муқоиса бо он писарбаччаи ҳамсоя ба ҳолатҳои ногувортар дучор шаванд.
– Аз ҳамон вақт ман дар ин андеша афтодам, ки ба кӯдакон бояд фаҳмонем, ки чӣ тавр мултфилмҳоро дуруст нигоҳ кунанд ва аз гаҷетҳо чӣ гуна истифода баранд. Мо ба ин диққати кофӣ намедиҳем ва чунин фоҷиаҳо руй медиҳанд, — мегӯяд Зоҳир.
Барои кумак кардан ба кӯдакон ҷиҳати дуруст дарк кардани муҳтаво (контет) ва фаҳмидани он, Зоҳир тасмим гирифт, ки аз театри лухтак истифода кунад. Ин театр чанд сол пеш бо кумаки гранти сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар созмони “Рӯзбеҳ” пайдо шуда, нахуст лухтакҳо ба кӯдакон забони англисӣ ва тарзи ҳаёти солимро меомӯхтанд ва баъдан ба саводи расонаӣ гузаштанд. Ин идея дар заминаи Хонаи саводи расонаӣ эҷод шудааст, ки соли гузашта дар Хоруғ бо дастгирии Интернюс ифтитоҳ шуда буд.
Хонаи саводи расонаӣ як майдонест, ки дар он иштироккунандагон масъалаҳои марбут ба рушди ВАО ва саводи рақамиро баррасӣ намуда, дар заминаи он созмондиҳандагон чорабиниҳоеро баргузор мекунанд, ки барои категорияҳои гуногуни аҳолӣ пешбинӣ шудаанд. Масалан, соли гузашта дар хонаҳои саводи расонаӣ бахшида ба ин мавзуъ фестивалҳои онлайн баргузор шуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ бо дастгирии Internews дар Тоҷикистон сето чунин Хона дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ фаъолият доранд.
– Ба ҷуз аз театри лухтак Хонаи саводи расонаии мо ҳар моҳ чаҳор-панҷ чорабинӣ баргузор мекунад ва на танҳо барои кӯдакон, балки мо бо наврасону ҷавонон ҳам кор мекунем, масалан, доир ба амнияти интернет ва кибер-буллинг тренингҳо мегузаронем – мегӯяд Зоҳир.
Дастаи Зоҳир лӯхтакҳоро аз театри «Лӯхтак»-и Душанбе барои намоишҳои худ мегирад ва ҳамкорон аз пойтахт онҳоро ба ҳаваскорон аз Хоруғ ба таври ройгон ҳадя мекунанд. Довталабони «Рӯзбеҳ» сюжетҳои спектаклҳои лӯхтакро худашон менависанд. Ин ҳикояҳо оддӣ ва кӯтоҳ мебошанд ва ба тамошобинон — баччаҳои аз се то панҷ-сола қобили фаҳм ҳастанд. Масалан, дар репертуари театр қиссае дар бораи писарбачча Хушдил ҳаст, ки вақти зиёди худро бо телефон сарф мекард ва ин амали ӯ боиси нороҳатии волидонаш гардида буд. Бисёре аз кӯдакон гуё воқеан худро аз ҷониб мебинанд.
– Театри мо интерактивӣ аст. Лӯхтакҳо бо кӯдакон суҳбат мекунанд, ба онҳо савол медиҳанд ва ҳамеша ба модарон ва падарон муроҷиат мекунанд. Зеро аксари вақт волидон фарзандони худро барои он сарзаниш мекунанд, ки пайваста бо телефон машғуланд, аммо кӯдакон ин корро аз он сабаб мекунанд, ки ба калонсолон тақлид менамоянд. Агар падару модарон дар пеши назари фарзандон китоб хонанд, пас фарзандон низ ҳамин гуна рафтор мекунанд, – мефаҳмонад Зоҳир.
Дар рафти кори театр дастаи «Рӯзбеҳ» барои худ чанд қоидаи муоширати бачаҳо ва лӯхтакҳоро муайян кардааст. Якӯм, шумо бояд ба кӯдакон имкон диҳед, ки ба лӯхтакҳо одат кунанд. Қаҳрамонҳои намоиш бояд бачаҳоро натарсонанд. Бигузор кӯдак ба лӯхтак бодиққат нигоҳ кунад, бигузор лӯхтак бо кӯдак суҳбат кунад. Дуюм, бигузор лӯхтак савол диҳад. Ба воситаи лӯхтак додани саволҳое, ки барои калонсолон донистани ҷавоби онҳо муҳим аст, қулай мебошад, зеро дар ҳаёти оддӣ кӯдак мумкин аст фикри худро аз калонсолон пинҳон дорад, аз волидайнаш тарсад. Сеюм – аз лӯхтакҳо барои он истифода мекунанд, ки кӯдак эҳсосоти худро мубодила намояд.
Ҳоло намоишҳои «Рӯзбеҳ» ягона театри сайёр дар Помир мебошанд, ки дар атрофи Хоруғ ва баъзе деҳаҳои ноҳияи Шуғнон сафар мекунад. Ин даста то ин дам нӯҳто чунин намоишро ба саҳна гузоштааст. Зоҳир мегӯяд, онҳо нақша доранд, ки дар тамоми минтақа то Мурғоб ҳунарнамоӣ кунанд. Илова бар ин, Зоҳир нақша дорад, ки дар шомҳои тобистон дар боғи Хоруғ лӯхтакҳояшро пайваста намоиш дода, онҳоро чунон сеҳрнок созад, ки бачаҳо лаззат баранд.
— Саҳнаро бо гирляндаҳо, чароғҳо оро медиҳем ва ҳама чиз ба сеҳр монанд мешавад, — орзу мекунад Зоҳир, — бачаҳо аз тамошои лӯхтакҳои мо ба завқ меоянд. Театр ҳатто дар замони интернет ҳам як асбоби хеле хубе шудааст, кӯдакон ҳама чизро ба андозае зуд аз худ мекунанд, ки мо ба ҳайрат афтодем. Аз ин рӯ, мо минбаъд низ бо онҳо дар мавзуъҳои душвор, аз қабили саводи расонаӣ тавассути театр суҳбат хоҳем кард. Ман фикр мекунам, ки мо ин корро карда метавонем.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.