«Баробарӣ ё менталитети шарқӣ»: дар Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар бораи журналистикаи ҳассос ба гендер баргузор шуд

«Агар журналистҳо гӯянд, ки ҷабрдида гунаҳкор аст, пас аз онҳо ҷомеа онро ҳатман такрор хоҳад кард», – мегӯяд Наргис Саидова, директори созмони ҷамъиятии «Гендер ва рушд» ва афзуд, мутаассифона, расонаҳои Тоҷикистон ба чунин иштибоҳҳо бештар роҳ медиҳанд. Бо мақсади аз байн бурдани устураҳо (мифҳо) ва стереотипҳои вобаста ба масъалаҳои гендерӣ, Наргис бо дастгирии Internews ду давраи омӯзишӣ оид ​​ба журналистикаи ҳассос ба гендер дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор намуд.

«Иваз кардани памперс, оббозӣ доштан ва ғизо додани кӯдакон – вазифаи модар аст» чунин хулосаро созмондиҳандагони давраи омӯзишӣ оид ​​ба журналистикаи ҳассос ба гендер дар тести пеш аз семинар (пре-тест) барои иштироккунандагон дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод карданд ва аксарият ба ин изҳорот розӣ шуданд. Мутаассифона, расонаҳои Тоҷикистон аксари вақтҳо устураҳо (мифҳо) ва стереотипҳоро нашр мекунанд, ки дар ҷомеа паҳн шудаанд.

– Журналистҳо бояд босавод бошанд, қонунҳо на танҳо барои мардуми оддӣ, балки барои журналистҳо низ таҳия мешаванд ва ҷомеа ба маводҳои нашркардаи онҳо гӯш мекунанд. Агар журналистҳо гӯянд, ки ҷабрдида гунаҳкор аст ё худи занҳо таҳрик мекунанд, пас ҷомеа ҳатман аз онҳо пайравӣ мекунад, – мегӯяд Наргис Саидова, директори созмони ҷамъиятии «Гендер ва рушд», ки бо дастгирии Internews ду давраи омӯзишӣ оид ​​ба журналистикаи ҳассос ба гендер дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ташкил кардааст.

«Шояд бисёриҳо фикр кунанд, ки мавзӯи ин давраи омӯзишӣ барои расона имрӯз аҳамият надорад, зеро ба назар мерасад, ки журналистика дар шароити низоъ аҳамияти бештар дорад. – Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳангоми суханронии мушаххас дар бораи ҷанг журналист бо ин ё он ҷиҳат ба масъалаҳои гендерӣ дучор мешавад, зеро дар ҷое, ки ҷанг ҳаст, хушунат ва нобаробарӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, онҳо ҳатто дар хориҷи кишвар чунин мафҳуми «журналистикаи ҳассос ба гендер дар шароити муноқиша»-ро ҷорӣ карданд.

Ба гуфтаи Наргис, дар Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ дар ин мавзӯъ хеле кам баргузор мешаванд ва хоҳишмандони ширкат дар он зиёд ҳастанд, аммо бештари довталабон намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ буданд, на расонаҳо.

Омӯзиш дар Душанбе

-Фикр мекунам, ки ин ба хотири беш аз ҳад машғул будани журналистҳо буд, вале мо махсус барои расона давраи омӯзишӣ ташкил кардем ва аз ин рӯ, кормандони расонаро интихоб кардем, – шарҳ медиҳад Наргис.

Дар натиҷа, 28 нафар журналист дар ду  давраи омӯзишӣ ширкат варзиданд ва аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳои пеш ва пас аз чорабинӣ назарашон ба масъалаҳои гендерӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст. Дар вақти давраи омӯзишӣ ба журналистҳои ҷавон на танҳо қоидаҳои асосии инъикоси мавзӯъҳои ҳассос нақл карда шуданд, балки кӯшиш кардем, ки ба онҳо робитаи гендериро бо тамоми соҳаҳои ҳаёти мо – гендер ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, гендер ва масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, гендер ва муноқишаҳо тавзеҳ диҳем.

Инчунин, дар рафти тренингҳо, масалан, дар мавзӯи «Оё баробарии гендерӣ ва «менталитети шарқӣ»-ро муттаҳид кардан мумкин аст» мубоҳисаҳо сурат гирифтанд. Илова бар ин, ба иштироккунандагон филмҳои мустанад оид ба масъалаҳои гендерӣ намоиш дода шуданд.

Омӯзишдиҳандагон (тренерҳо) Лариса Александрова – ҳуқуқшинос, коршиноси гендерӣ ва Фарангиз Давронова – рӯзноманигори гендерӣ буданд. Давраи омӯзишӣ се рӯз давом кард, аммо пас аз анҷоми он ментор-журналистҳо Нисо Расулова ва Алия Ҳамидуллина бо иштироккунандагон чанд ҳафта кор мекунанд.

— Дараҷаи машғул нигоҳ доштани иштироккунандагон хеле баланд аст, мавзӯъҳои дахлдор пешниҳод мекунанд, матн менависанд, инфографика месозанд, — мегӯяд Нисо Расулова, — ман махсусан аз он шод ҳастам, ки дар байни иштироккунандагон муаллифони тоҷикзабон зиёд ҳастанд. Ҳамаи мутахассисони соҳаи гендер мехоҳанд, ки муҳтавои бештар ба забони тоҷикӣ дошта бошанд, зеро то ҳол мухотабони тоҷикзабон фаро гирифта нашудаанд, мавзӯъҳои гендерӣ маъмулан бо забони русӣ матраҳ мешаванд, вале ин тамоюл тадриҷан тағйир меёбад, зеро журналистҳои тоҷикзабон низ аҳамияти ин мавзӯъро дарк мекунанд.

Нисо бо ин гуфта розӣ аст, ки дар бозори расонаҳои Тоҷикистон журналистҳои ҳассос ба гендер кофӣ нестанд, аммо мушкили бештар аз ин нарасидани мутахассисон ва коршиносон дар ин мавзӯъ аст.

— Ин хусусан ба коршиносоне дахл дорад, ки забонхои русию точикиро баробар медонанд. Чунин мутахассисон хеле гаронқимат ҳастанд ва ҳар созмони ғайридавлатӣ наметавонад бо онҳо кор кунад, дар ҳоле ки ниёз ба коршиносони тоҷикзабон вуҷуд дорад, – мегӯяд Нисо.

Омӯзиш дар Хуҷанд

Яке аз журналистҳои тоҷикзабон, ки Нисо махсус аз ӯ ёд кард, Холбибӣ Эшонқулова аст. Вай солҳои зиёд ба журналистикаи гендерӣ машғул аст ва дар маводҳои худ, масалан, мавзӯъҳои ҳассос, аз қабили маърифати шаҳвониро матраҳ мекунад.

– Машғул шудан ба журналистикаи гендерӣ Дар Тоҷикистон хеле мушкил аст, – мегӯяд Холбибӣ, – пайдо кардани қаҳрамонҳо мушкил аст, илова бар ин, мо, журналистҳо ва коршиносон, ба ин мавзӯъ ҳанӯз пурра омода нестем. Масалан, вақте ки бо зани коршинос мусоҳиба мекунем, ӯ ҳамеша тарафи занро мегирад, агар бо марди коршинос мусоҳиба кунем, ӯ тарафи мардро мегирад.

Ба гуфтаи Холбибӣ, бисёре аз мавзӯъҳои давраи омӯзишӣ ба ӯ аллакай ошно буданд, аммо вай зид набуд, ки ин маводро такрор кунад. Ба ҳар ҳол, дар байни иштироккунандагони ҳар ду давраи омӯзишӣ журналистҳое низ буданд, ки дар чунин давраҳои омӯзишӣ иштирок накардаанд. Аз ин рӯ, ҷумлаи «Иваз кардани памперс (пӯшак), оббозӣ доштан ва хӯронидани кӯдакон вазифаи модар аст» – онҳоро ба тааҷҷуб наовард. Дар санҷиши пас аз чорабинӣ (пост-тест), пас аз се рӯзи дарсҳо иштироккунандагон дар бораи қолабҳои гендерӣ, аз қабили “зан хонанишин аст”, “мард таъминкунанда аст” мисол оварда, хостори мубориза бо онҳо дар сайтҳои худ шуданд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *