Рӯзноманигорони тоҷик ба омӯзиши саводи ҳуқуқӣ, инчунин амнияти шахсӣ ва рақамӣ ниёз доранд. Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) пас аз пажӯҳиши ниёзҳои рӯзноманигорони мустақил, ки бахше аз шабакаи ин созмон ҳастанд, ба чунин хулоса омадааст.
Мавзӯи аз ҳама серталаб барои омӯзишҳои ояндаи АМВАОМТ барои рӯзноманигорони мустақил саводи ҳуқуқӣ эътироф шуд. Илова бар ин, амнияти шахсӣ ва рақамӣ мавзуъҳои маъмулу зарурӣ барои омӯзишҳо гардиданд. Таҳқиқоти мазкур аз ҷониби АМВАОМТ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Интернюс – «Дастгирии иттиҳодияҳои ВАО дар Тоҷикистон» анҷом дода шуданд. Озмуни мазкур дар аввали соли 2022 эълон шуда буд ва аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳии ҳакамони мустақил дархости АМВАОМТ беҳтарин дониста шуд.
Дар айни замон ба АМВАОМТ зиёда аз 30 расона ва 60 рӯзноманигори мустақил аъзо ҳастанд. АМВАОМТ аз соли 1999 то инҷониб дар самти ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорону ВАО, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои созмонҳои аъзо ва рӯзноманигорони мустақил фаъолият дорад.
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОМТ қайд кард, ки дар якҷоягӣ бо аъзои ташкилот ва коршиносони расонаӣ, дар доираи лоиҳа аввал “Харитаи роҳ”-ро ташкил карданд. “Харитаи роҳ” ин нақшаи фаъолиятҳои АМВАОМТ мебошад, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайянкардаи стратегияи ташкилот равона шудааст.
“Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори АМВАОМТ тавассути таҳияи “Харитаи роҳ” доир ба рушди ассотсиатсия, инчунин мусоидат ба таблиғи ахлоқи ВАО ва механизмҳои худтанзимкунӣ дар матбуот» давоми 4 моҳ аст, ки амалӣ мегардад. То инҷониб дар доираи лоиҳа таҳқиқот бораи муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти АМВАОМТ, “Харитаи роҳ”, ки мақсади рушди АМВАОМТ бо назардошти эҳтиёҷи рӯзноманигорон ва расонаҳои аъзо, омӯзиши ахлоқи худтанзимкунии расонаӣ барои рӯзноманигорони шаҳри Хуҷанд ва ду гурӯҳи фокусӣ барои муайян кардани қадамҳои баъдии фаъолияти АМВАОМТ ташкил ва гузаронида шуд”, – мегӯяд Нуриддин Қаршибоев.
Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, ҳангоми баргузории фокус-гурӯҳҳо ва пажӯҳишҳо малакаҳои кори дастаҷамъона (набудани тим, нафаҳмидани аҳамияти кори дастаҷамъӣ), инчунин, дониши нокифоя доир ба таҳия ва идоракунии лоиҳаҳо мушоҳида мешуд. Илова бар ин, иштирокчиён хоҳиши гирифтани маслиҳат доир ба муайян кардани мушкилот ва таҳияи ҳадафу вазифаҳои лоиҳаҳо аз рӯйи меъёрҳои таҳлилии SMART ва SWOT-ро изҳор намуданд.
“Пеш аз шуруъи кор мо пурсиш гузаронидем. Ба пурсиши мо беш аз 60 нафар аъзо ва рӯзноманигорони мустақил посух доданд. Самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаамонро муҳокима кардем. Маълум шуд, ки нафарони зиёд мехоҳанд омӯзишҳоро дар масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор кунем”, гуфт Қаршибоев.
Дигар мавзуъҳое, ки аз ҳама зиёд садо доданд, ин самти дастгирии ҳуқуқии рӯзноманигорон, омӯзишҳои амнияти рӯзноманигорон: амнияти шахсӣ, рақамӣ, ҳуқуқӣ мебошанд.
Яке аз омӯзишҳои АМВАОМТ дар доираи лоиҳа рӯзҳои 12-13 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, дар толори “Маркази ҷумҳуриявии матбуот”-и “Тоҷикдипсервис” барои 14 хабарнигори тоҷик доир ба кори дастаҷамъӣ, таҳияи лоиҳа ва идоракунии лоиҳа гузаронида шуд. Ба омӯзиш кормандони ташкилотҳои аъзо, инчунин аъзоёни алоҳида — рӯзноманигорони мустақил, ки ба баланд бардоштани ихтисоси худ манфиатдор мебошанд, фаро гирифта шуданд.
“Дар асл, АМВАОМТ дар гузаронидани омӯзишҳо таҷрибаи ғанӣ дорад. Вале ба ин омӯзиш мо аҳамияти махсус додем ва тактикаи дизайни воқеиро пеш гирифтем. Кӯшиш кардем, ки ҳамаи ҷаласаҳои омӯзиш интерактивӣ баргузор шаванд”, – гуфт Нуриддин Қаршибоев.
Ширкаткунандагони омӯзиш хеле фаъол буданд ва саволҳоро ба баҳсҳо табдил мекарданд. Ҳар иштирокчӣ мехост аз таҷрибаи худ гӯяд, барои беҳтар кардани ҳолатҳо пешниҳодҳо кунад. Яке аз ширкаткунандагони омӯзиш, Марҳабо Зунунова, рӯзноманигори собиқадор, муҳаррири бахши русии “Паёми Душанбе” буд:
“Муддати зиёд мешавад, ки ман дар омӯзишҳо ширкат намекунам. Вале ин мавзуъ барои ман хеле ҷолиб ва диққатҷалбкунанда буд. Ин буд, ки ман ҳуҷҷатҳои худро фиристодам ва яке аз ширкаткунандагон гаштам”.
Ба ҳайси мураббиён худи кормандони АМВАОМТ ҷалб карда шудаанд. Тавре Нуриддин Қаршибоев қайд мекунад, қариб ҳамаи кормандони пуртаҷрибаи АМВАОМТ барои пурсамар гузаронидан ва донишҳои гирифташударо дар оянда истифода бурдани ширкаткунандагон сафарбар карда шуданд.
“Умедворам, ки ин омӯзиш ҳамчун роҳнамо ба ширкаткунандагон кор мекунад. Инчунин таҷриба барои рушди касбӣ дар фаъолияти имрӯзаву ояндаашон хоҳад буд”.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.