Рӯзҳои 19-23-уми декабр Internews чорумин MediaCAMP Эдютонро баргузор мекунад. Эдютон – чорабинии формати инноватсионӣ, майдони озод ва эҷодӣ мебошад, ки барои ба даст овардани донишҳои нав, табодули таҷриба, таҳияи идеяҳо ва лоиҳаҳо барои паҳн кардани саводи расонаӣ-иттилоотӣ ва рақамӣ нигаронида шудааст. Ин имконият на танҳо барои гирифтани донишҳои навтарин дар соҳаи пешбурди саводи расонаӣ, иттилоотӣ ва рақамӣ, балки барои гирифтани маблағгузорӣ барои лоиҳаи шахсии шумо низ мебошад.
Он чӣ гуна кор мекунад? Шумо идеяи лоиҳаро омода мекунед ва онро дар дархостатон тавсиф мекунед. Гурӯҳҳои интихобшуда аз омӯзиши интенсивӣ мегузаранд ва лоиҳаҳои худро ҳамроҳ бо менторҳо ба итмом мерасонанд, беҳтарини онҳо аз питчинг мегузаранд ва маблағгузорӣ мешаванд.
Кӣ метавонад иштирок кунад? Расонаҳои устувор, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, таълимӣ, ҷамъиятӣ ва соҳибкорони хусусӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон.
Эдютон дар шакли онлайн ба забони русӣ бо тарҷумаи синхронӣ ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва узбекӣ баргузор мешавад. Мо интизори дархостҳо ҳастем!
Имсол лоиҳаҳо дар самтҳои зерин дастгирии молиявӣ мешаванд:
- эҷоди муҳтаво барои пешбурди саводи расонаӣ аз ҷониби созмонҳои устувори касбии журналистӣ дар жанрҳои гуногун: мусоҳиба, видеоҳои кӯтоҳ, комиксҳо, мемҳо ва ғ. бо имкони интишор дар манбаъҳои расонаии довталабон;
- асарҳои театрӣ ва намоишӣ, ки принсипҳои саводи расонаиро тарғиб мекунанд (бо унсурҳои иштироки фаъолонаи бинандагони толор);
- ташкили айтисҳо дар Қазокистон дар миёни акинҳои ҷавон доир ба саводи расонаӣ-иттилоотӣ ва рақамӣ;
- ташкили платформаи мубоҳисавӣ барои муҳокимаи усулҳои устуворӣ ба манипулятсияи рақамӣ ва маълумоти бардурӯғ ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ.
- ҷалби намояндагони тамоми наслҳо, гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир ва маъюбон ба саводи расонаӣ ва иттилоотӣ;
- довталабон аз Тоҷикистон метавонанд дар самти саводи расонаӣ барои муҳоҷирон кумак гиранд.
Ҳама дархостҳо бояд манфиатҳои аудиторияеро, ки ҳам аз забони давлатӣ ва ҳам аз забони муоширати байни миллатҳо истифода мебаранд, ба инобат гирифта, то 31 июли соли 2023 анҷом шаванд, бидуни имкони тамдид ба муҳлати дертар.
Муаллифони пешниҳодҳои умедбахш ба MediaCAMP Эдютон, ки моҳи декабри соли 2022 дар шакли онлайн баргузор мегардад, даъват мешаванд. Таҳти роҳбарии менторҳои ботаҷриба иштироккунандагон то ба пуррагӣ риоя кардани шартҳои озмун барои маблағгузорӣ омӯзонида мешаванд ва лоиҳаҳои худро анҷом медиҳанд. Барои гирифтани маблағгузорӣ, иштирок дар Эдютон ҳатмист. Барои иштирок дар озмун, лутфан, дархостро то 4 декабри соли 2022 (то соати 23:59 ба вақти пойтахти кишвари худ) пур кунед.
Формаи дархост барои иштироккунандагон аз Тоҷикистон дар ин ҷо
Барои пешниҳоди дархост, шумо бояд номнавис шавед. Ҳангоми номнавис шудан, лутфан суроғаи почтаи электронии дурустро нависед, зеро ба ин почтаи электронӣ маълумот дар бораи қабули дархости шуморо мефиристем. Лутфан дастур оиди интихоби парол-ро риоя кунед ва пас аз номнавис шудан “учетная запись”-и худро ки ба почтаи электронии шумо фиристода мешавад, тасдиқ кунед.
Пас аз номнавис шудан “Тоҷикистон”- ро интихоб кунед ва баъд аз он барномаи – “Таджикистан – Эдьютон”- ро интихоб кунед. Барои қабули дархости шумо, дар охир тугмаи сабзи “Отправить”- ро зер кунед.
Мо омодаем ба саволҳои шумо тавассути почтаи электронии mnazirova@internews.org ҷавоб диҳем.
Ҳамаи довталабон на дертар аз 12 декабри соли 2022 тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.
Агар боз саволе дошта бошед, 24 ноябр соати 15:00 ба вақти Душанбе ба ҷаласаи иттилоотӣ дар Zoom биёед. Сабти ном дар ҷаласа тавассути линк дастрас аст.
Рӯзи 2 декабр, соати 10.00 ба вақти Душанбе ҷаласаи пӯшида барои онҳое, ки аз интихоби пешакӣ гузаштанд, баргузор мешавад.
Агар шумо доир ба лоиҳаҳои рушди саводи расонаӣ ягон савол дошта бошед, лутфан ба Central-Asia-Applications@internews.org муроҷиат кунед. Дар сатри мавзӯи паём “Лоиҳаҳои саводи расонаӣ 2023”-ро нишон диҳед.
Ин лоиҳа бо кумаки мардуми Амрико тавассути Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) имконпазир гардид ва дар доираи Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ карда мешавад. Internews барои муҳтавои он масъул аст, ки он на ҳатман мавқеи USAID ё ҳукумати ИМА-ро инъикос мекунад.