ТАМДИД ГАРДИД: Интерньюс дар Тоҷикистон озмунро барои истихдоми ба вазифаи мутахассиси ҳуқуқии ВАО эълон мекунад

Internews дар Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии мутахассиси ҳуқуқи ВАО, ки аз фаъолияти ин созмон дар чаҳорчӯби барномаи MediaCAMP барои беҳбуди фазои ҳуқуқии ВАО дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад, озмун эълон мекунад.

Масъулиятҳои асосӣ:
• Мусоидат ба таъсиси шарикии мутақобилан судманд байни идораҳои давлатӣ, ассотсиатсияҳои расонаҳо, созмонҳои ислоҳоти ҳуқуқӣ ва бизнесҳо барои лоббигарӣ кардани ислоҳот доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак. Масалан, фароҳам овардани шароит барои гузаштан ба пахши рақамӣ, афзоиши дастрасӣ ба иттилоот, инчунин баланд бардоштани устувории молиявии расона;
• Ташвиқ ва ҳимояи шароити одилона ва дастрас барои расонаҳои хусусӣ;
• Тақвияти маҳорати ассотсиатсияҳои расонаӣ, ки манфиатҳои саноати расонаро намояндагӣ мекунанд;
• Ҷалби ҳуқуқшиносони нав барои зиёд кардани шумораи коршиносони расона;
• Гузаронидани семинарҳо доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, аз қабили курсҳои такмили ихтисос барои ҳуқуқшиносон, ки дар мониторинг ва таҳлили қонунгузории марбут ба расона тахассус доранд;
• Идоракунӣ, назорат ва арзёбии лоиҳаҳое, ки аз ҷониби шарикони Internews амалӣ мешаванд;
• Ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот дар бораи лоиҳаҳои ҷорӣ, омода намудани гузоришҳо роҷеъ ба барномаи созанда;
• Дастгирии барномавӣ ва маъмурӣ дар ташкили чорабиниҳои барномавӣ, тренингҳо, ки ҳам аз ҷониби дафтари Internews ва ҳам аз ҷониби шарикон гузаронида мешаванд;
• Ҳамоҳангсозии ҷадвали амалисозӣ барои саривақтӣ ноил шудан ба ҳадафҳои барнома.
Дастгирии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ бо идораҳои давлатӣ:
• Таъмини дастгирии ҳуқуқии дохилии Internews Тоҷикистон доир ба тамоми масъалаҳои марбут ба қонунгузории маҳаллӣ;
• Таъмин намудани мутобиқати тамоми сиёсатҳо ва қоидаҳои дохилии Internews дар Тоҷикистон бо қонунҳо ва қоидаҳои маҳаллӣ;
• Мусоидат ба роҳбарияти Internews зимни ба кор қабул кардани мушовирон ва провайдерҳои хидматрасонӣ тибқи қонунгузории маҳаллӣ;
• Баланд бардоштани саводи ҳуқуқии кормандон ва зершарикони Internews;
• Эҷод кардан ва ба роҳ мондани муносибатҳо бо идораҳои дахлдори давлатӣ дар Вазорати адлия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи андоз ва дигар идораҳои давлатӣ, ки ба фаъолияти Internews дар Тоҷикистон алоқаманданд;
• Дигар уҳдадориҳо дар ҳолати зарурӣ.

Тахассус:
• Шаш сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳуқуқ, агар таҷрибаи кор дар соҳаи қонуни расона бошад, ҷанбаи мусбат ҳисобида шуд;
• Фаҳмиши амиқ дар бораи қонунгузории расона ва муҳити ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи расона дар Тоҷикистон;
• Дараҷаи ҳуқуқшиносӣ;
• Таҷрибаи кор бо расона ё лоиҳаҳои рушд бартарӣ дорад;
• Қобилияти олии таҳлилӣ ва навиштан;
• Маҳорати хуби муошират ва муаррифӣ;
• Маҳорати хуби ташкилӣ;
• Донистани забони русӣ ва тоҷикӣ дар сатҳи касбӣ ҳатмист, забони англисӣ бартарӣ дорад;
• Уҳдадорӣ ба арзишҳои асосии Internews.

Дар як изҳороти кӯтоҳ (на бештар аз як сафҳаи матн), лутфан ҳавасмандии худ, интизориҳо дар бораи кори дарпешистода дар Интернюс ва инчунин ҳадди ақали музди дар назардоштаатонро баён кунед. Лутфан тарҷумаи ҳоли худ (CV) ва дархостро то охири рӯз, 15 ноябр соли 2022 бо зикри “Мушовири ҳуқуқии ВАО” дар сатри мавзуъ ба суроғаи почтаи электронии TJ-Info@internews.org фиристед.

ТАМДИД ГАРДИД: Лутфан тарҷумаи ҳоли худ (CV) ва дархостро то охири рӯз, 25 ноябр соли 2022 бо зикри “Мушовири ҳуқуқии ВАО” дар сатри мавзуъ ба суроғаи почтаи электронии TJ-Info@internews.org фиристед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *