Дар Тоҷикистон роҷеъ ба мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ филми аниматсионӣ ба навор гирифта шуд

Рассом аз Тоҷикистон Алексей Румянтсев филми кӯтоҳи аниматсионии “Даф” -ро дар бораи мушкилоти  муҳоҷирати меҳнатӣ ба навор гирифт. Тамошои ин филм бе рехтани ашк барои мухотабони тоҷик хеле душвор буд.

Дар  филми чордақиқагии “Даф” достоне вуҷуд дорад, ки мутмаинан бисёре аз оилаҳои тоҷик, ки  бо муҳоҷирати меҳнатӣ  рӯбарӯ  ҳастанд, орзуи онро доранд. Дар ин филм ба садои даф муҳоҷирон ба хонаҳояшон, ба назди ҳамсарони худ бармегарданд. Танҳо муҳоҷирон дар ин филм ба шакли тоқиҳои миллӣ ба тасвир кашида шудаанд, ки зиндагӣ онҳоро дар манзараи барои тоҷикон ғайриоддӣ қарор додааст. Идеяи дар ин шакл намоиш додани ҳолатҳои вазнини муҳоҷирон ба рассоми муосир Алексей Румянсев тааллуқ дорад. Ӯ баҳори соли ҷорӣ дар вақти питчинг ба доварони мустақили озмуни Internews “Формати хурд – 2022” дар бораи ин филм нақл кард ва дар қатори ғолибон қарор гирифт. Барои таҳияи филм чор моҳ сарф шуд. Рӯйи ин филм ба ғайр аз Алексей боз Рамзан Валиев, Юсуф Неъматов ва инчунин композитор ва коргардон Неъмат Абдуллоев кор карданд. Тамошобинон филмро хуб пазируфтанд. Ба ҳар ҳол шарҳҳое, ки ман мегирифтам, аз он шаҳодат медиҳанд, ки мо тавонистаем эҳсосотеро, ки дар филм дарҷ шудаанд, ба тамошобин расонем. Таҳиякунандагони филм низ ба кор баҳои хуб доданд, кайфияти ҳар як саҳнаро дарк кардаанд. Журналистҳо низ ба лоиҳаи мо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ғайр аз ин, филми моро ба фестивали байналмилалӣ даъват карданд, фақат то ба таври расмӣ нашр шудани барнома мушахассан гуфта наметавонам, ки кадом фестивал аст – гуфт Алексей.

Дар ин филм “паёмҳои пинҳон” ҳам вуҷуд доранд, вале мухотабон то ҳол онҳоро мушоҳида накардаанд. Алексей ҳама асрорро ошкор намекунад, вале ҳамчун як рассом зид нест, ки маънои умумии корҳои худро тавзеҳ диҳад.

Мухотабон дар Тоҷикистон таҷрибаи зиёди ҳунарӣ надоранд, бо гузаронидани ҳар гуна намоишҳои ҳунарӣ ва дигар рӯйдодҳо эрка нашудаанд ва бешубҳа дар корҳои  худ маҷбурем аз хулосадостонҳо (синопсисҳо) истифода намоем, то роҳнамои мардум бошем. Ин барои ман вазнин нест, бароям фаҳмонидани моҳияти корам хеле муҳим аст, ман инро ҳамчун як кор “дар саҳро” арзёбӣ мекунам. Ҳамин тавр ба ман муяссар мешавад, ки идеяҳои худро бисанҷам: дар куҷо онҳо аз маводи зинда иборатанду дар куҷо чизҳои сунъии бофташуда мебошанд. Ин барои рушд кардан ёрӣ мерасонад, – шарҳ дод Алексей.

Мухотабони камтаҷриба дар Тоҷикистон натиҷаи он аст, ки дар ҷумҳурӣ миқдори начандон зиёди рассомон ба санъати муосир машғуланд. Гап дар он аст, ки барои ҳунарпешагони маҳаллӣ ёфтани маблағгузорӣ ба кори худ бениҳоят мушкил аст. Ба гуфтаи Алексей рассомони муосирро ба ғайр аз Internews боз як-ду  созмони байналмилалӣ дастгирӣ мекунанд. Боз дастгирии ғайримустақим низ вуҷуд дорад: асарҳои рассомонро барои ширкат дар намоишҳои гуногуне ки ба мушкилиҳои ҷомеа бахшида шудаанд, даъват мекунанд. Дар ҷумҳурӣ сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ барои ин намуди санъат вуҷуд надорад. Ҳарчанд дар Тоҷикистон санъати муосир аст, ки аксари вақтҳо мегӯяд, ки барои мухотабон чӣ муҳим аст, вале ин ҳам дар ҳақиқат бе маҳдудият нест.

– Худсензуракунӣ дар санъати муосир барои рассомони тоҷик мавзӯи аз ҳама муҳим  ба ҳисоб меравад – шарҳ дод  Алексей. – Рассом наметавонад бе назари интиқодӣ бошад, ӯ ҳамеша дар ботини худ мунаққид аст. Аммо мутаассифона мо дар Тоҷикистон ягон гурӯҳи асарҳои интиқодӣ, ё ҳатто ҳунармандонеро намебинем, ки саволҳо медиҳанд, дар натиҷа онҳо худро нигоҳ медоранд. Аз тарафи дигар, дар ин сарзамин роҷеъ ба мушкилоти ҷомеа ҳамеша пардапӯш суҳбат кардан хоси рассомон буд. Масалан, агар шумо ба санъати эрониҳо назар андозед, дар нақшҳои фиребандаву ҳайратангез паёмҳои муҳим ба ҷомеа нуҳуфтааст, ки ошкор гуфтани онҳо қобили қабул нест.

Дар кори худи Алексей маънои паёмаш мушаххас аст: филми “Даф” ба заноне бахшида шудааст, ки рӯзу шабҳо мунтазиранд ва шавҳарон, писарон ва бародарони худро аз муҳоҷирати меҳнатӣ фаро мехонанд ва бовар доранд, ки онҳо ба хонаҳояшон бар хоҳанд гашт.

“Мавзӯи муҳоҷират, оворагӣ ва дилтангӣ барои хонаи худ, ноумедӣ ва хоҳиши шадидии баргаштан ба чордевори ошнои худ имрӯз ба андозае калонмиқёс ва муҳим шудааст, ки дил мехоҳад ҳар чӣ бештар дар ин бора гап занем, то ки дигарон ба ин масъала диққат кунанд.” – мегӯяд Алексей.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *