Internews барои дастгирии ассосиатсияҳои расонаӣ дар Тоҷикистон шарик меҷӯяд.
Мо омодаем, ки дар баланд бардоштани иқтидори ассосиатсияҳои расонаӣ ҷиҳати таҳияи механизмҳои худтанзимкунии ҷомеаи журналистӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи касбӣ аз фаъолияти ассосиатсияҳои расонаӣ мусоидат кунем.
Дар чаҳорчӯби дархост шумо бояд рӯйхати чорабиниҳоро барои ноил шудан ба ду ҳадафи асосӣ пешниҳод кунед:
- Рушди институтсионалии ташкилоти шумо, аз ҷумла тавассути ҷалби аъзои нав, тавсеа ва таҳкими робитаҳо ва ҳамкорӣ бо шарикон ва сохторҳои давлатӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои аъзои иттиҳодияи шумо;
- Ташкили шабакаҳои шарикӣ бо дигар ташкилотҳо, ки дар лоиҳаҳои рушди худтанзимкунӣ дар шакли маъракаҳои муштараки таблиғотӣ, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ иштирок мекунанд.
Дар дархост, лутфан, диди худро доир ба рушди иқтидори ассотсиатсия, стратегияи дастгирии ҷомеаи ВАО ва таҷрибаи қабулшудаи худтанзимкуниро тавсиф кунед. Лоиҳа бояд то охири моҳи сентябри соли 2022 анҷом ёбад.
Доварон пешниҳодҳоро аз рӯи чунин меъёрҳо: таҷрибаи довталаб дар соҳаи ВАО ва таҷрибаи ташаккули нерӯи иштироккунандагони худ, стратегияи фаъоли рушд дар шароити бозори муосири расонаҳо, стратегияи ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои иштироккунандагони худ, нишондиҳандаҳои хуб андешидашуда аз натиҷаҳои эълоншуда ва буҷети воқеӣ, баҳогузорӣ мекунанд. Ғолибон тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.
Қолабҳои ариза ва буҷет бояд пур карда ва то соати 18:00 ба вақти Душанбе 31 марти соли 2022 ба суроғаи зайл tj-info@internews.org бо қайди мавзуъ “Дастгирии иттиҳодияҳои ВАО” фиристода шаванд.
ТАМДИД ГАРДИД: то соати 18:00 ба вақти Душанбе 07 апрел соли 2022.
Барои посух ба ҳама гуна саволҳо, лутфан, бо почтаи электронии tj-info@internews.org тамос гиред.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.