Сабти ном ба тренингҳои онлайнӣ барои рӯзноманигорони навкор оғоз шуд

Барои маводи журналистӣ аз куҷо маълумоти зарурӣ пайдо кардан мумкин аст, маросими иттилоотӣ ва тарзи пешниҳоди мавод, ки хонандаи зиёд пайдо кунад – дар ин бора ва дигар қисмҳои муҳими журналистика, коршиносони маъруфи ВАО дар чорабинии омӯзишии мазкур нақл хоҳанд кард. Дар охири тренинг, иштирокчиён бо менторони худ малакаҳои гирифтаи худро дар амал татбиқ хоҳанд кард. Инчунин ба иштирокчиёни фаъол  тӯҳфаҳои арзишманд тақдим карда мешавад.

Тренинг барои рӯзноманигорони навкор як барномаи ҳаштрӯза мебошад, ки ҷараёни як моҳ тариқи онлайн баргузор мегардад.  Чорабинии омӯзиширо ташкилоти Эътилофи бонувониТоҷикистон таҳти сарварии рӯзноманигор, ровии телевизион Наргис Қосимова баргузор мекунад. Ин созмон ғолиби озмуни Интернюс дар Тоҷикистон оид ба ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ гардидааст.

Дар ҷараёни курсҳои онлайнӣ ширкаткунандагон донишҳои базавии рӯзноманигорӣ ба даст оварда, баъдан метавонанд дар ин самт ба кор шурӯъ кунанд. Пас аз омӯзиш, ҳар як иштирокчӣ малакаи гирифташударо бо ментор – рӯзноманигорони фаъолият дошта, ҳамкорӣ хоҳанд кард. Барои ширкат кардан рӯзноманигорони боистеъдод ва донишҷӯёни факултаи журналистика, ки ба васоити ахбори муосир ҳавасманданд, даъват карда мешаванд.

– Тренерҳои ботаҷрибаи мо ба иштирокчиён таълим медиҳанд, ки манбаъҳои иттилоотро бифаҳманд, фейкҳоро бисанҷанд, аксу навор ва подкастҳо сабт кунанд. Рӯзноманигорон роҳҳои истифодаи воситаҳои эҷоди муҳтаво ва ба фактҳо асосёфтаро меомӯзонанд.  Дар охири курс фаъолтарин иштирокчиён аз мо ҷоизаҳо мегиранд”, – мегӯяд Наргис Қосимова.

Ҳамчун тренер рӯзноманигорони пуртаҷриба ба тренинг даъват карда шуданд:


• Шаҳодат Соҳибназарова, тренери ВАО, рӯзноманигор, ки дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ фаъолият кардааст;

• Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор, ровии шинохтаи радио, директори барномаҳои радиои “Ватан”;

• Ҷамшед Марупов, рӯзноманигор, далелсанҷ, сардабири Factcheck.tj;

• Муҳайё Нозимова, тренери ВАО, рӯзноманигор, ки дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ фаъолият кардааст;

Тренинг барои ҳашт рӯзи корӣ дар тӯли як моҳ идома меёбад ва тренерон ба иштирокчиён супориши хонагӣ медиҳанд. Барои иштирок дар тренинг, шумо бояд Интернет ва компютер дошта бошед. Агар шумо дар тренинг иштирок кардан мехоҳед, дархостро ба почтаи электронии info@tcwj.tj ирсол намоед. Инчунин ба саволи  “Чаро шумо ба журналистика таваҷҷӯҳ доред ва аз он чӣ чиро интизоред?” посух бинависед.  Ҳамзамон дар дархости иштирок ному насаби пурраи худ, рақами телефон, минтақа / шаҳре, ки истиқомат мекунед, нишон диҳед.

Рӯзи охирини қабули дархостҳо 31-уми августи соли 2020 аст.

Омӯзиш бо ду забон: русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply