INTERNEWS қабули дархостҳоро барои иштирок дар MediaCAMP Business LAB эълон мекунад

Тимҳои расонаӣ, ки лоиҳаҳои махсусро таҳия ва пешниҳод мекунанд, барои иштирок дар MediaCAMP Business LAB даъват карда мешаванд. MediaCAMP Business LAB – ин ҳафтаи чорабиниҳои омӯзишӣ барои намояндагони гуногуни тиҷорати расонаӣ мебошад. Чорабинии мазкур тариқи онлайн, аз 21-ум то 28-уми сентябри соли 2020 баргузор мешавад.

MediaCAMP Business LAB ба шумо имкон медиҳад, ки оид ба устувории молиявии расонаҳои мустақил, малакаҳои идоракунӣ ва тамоюлҳои охирини ин соҳа мубодилаи таҷриба кунед.

Лаборатория таҳти роҳбарии менторҳо ҷараён мегирад, ки иштирокчиён усулҳои маркетингу менеҷментро омӯхта, пакети пурраи бизнесро барои лоиҳаҳои махсус таҳия мекунанд.

Инчунин Лаборатория ба шумо имконият медиҳад, ки

  • Таҷрибаи коршиносони пешбари ин соҳаро бигиред;
  • Омӯхтани эҷоди муҳтаво, ки барои аудиторияи мақсаднок равона шудааст, биомӯзед;
  • Маблағ барои стартап бурд намоед;

Гурӯҳи корӣ ҳадди ақал аз ду нафар иборат бошад, ки дорои салоҳияту роҳандозӣ ва идоракунии лоиҳаҳои махсус бошанд. Масалан: сармуҳаррир + мутахассис оид ба фурӯш.

Намояндагони расонаҳое, ки аз озмун мегузаранд, метавонанд дар MediaCAMP Business LAB ширкат кунанд. Шакли моликият – гуногун.

Агар шумо мехоҳед, ки яке аз иштирокчиён бошед, пас дархости худро то 16-уми сентябри соли 2020 бифристед.

Барои саволҳои иловагӣ метавонед бо почтаи электронии мазкур дар тамос бошед: kmurtazakulova@internews.org

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *