Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар расонаҳои Тоҷикистон 162 саргузаштро бозгӯ карданд

Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ имсол ҳангоми пандемияи COVID-19 аз санҷиши ҷиддӣ гузаштанд. Вақте ҳамкорони касбиашон бемор буданд, онҳо корро идома доданд. Навгониҳои нашрияҳои худро пур карда, вазъи минтақаҳоро назорат карданд. Баъзеи онҳо тасмим гирифтанд, ки барои ҳамеша дар ВАО бимонанд.

Лоиҳаи “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон амал мекунад. Дар он сокинон аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳатто агар маълумоти журналистӣ надошта бошанд ҳам, метавонанд бо расонаҳои марказӣ ҳамкорӣ кунанд. Қаблан расонаҳо чунин ҳамкориро барқарор карда буданд, аммо ҳоло якчанд нашрия шабакаҳои чунин стрингерҳоро сохта истодаанд. Ин ҳадафи асосии лоиҳаи “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” мебошад.  Имсол дар ин лоиҳа чор нашрия – “Азия-Плюс”, “Пайванд”, “SugdNews” ва “Оила” иштирок карданд. Ҳамаи онҳо ғолиби озмуни Internews барои иштирок дар лоиҳа гардиданд, ки охири соли гузашта эълон шуда буд. Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар минтақаҳои кишвар ба кор тавассути таблиғ даъват карда шуданд. Барои мисол, “Азия-Плюс” аз онҳое, ки мехоҳанд худро дар ВАО санҷанд, 155 дархост қабул кард.

– “Ман аслан ин қадар дархостро интизор набудам. Фикр мекардам, ки ҳадди ақал 50 довталаб хоҳад буд, баъд маълум шуд: 155! Аммо на шумораи муроҷиатҳо маро бештар ба ҳайрат овард, балки он, ки дар посух ба саволи «Чаро шумо рӯзноманигори шаҳрвандӣ шудан мехоҳед», аксари онҳо навиштанд, ки мехоҳанд чизеро дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тағйир диҳанд ва мушкилоти кишварро ҳал кунанд. Яъне, мардум рӯзноманигорро ҳамчун шахсе дарк мекунанд, ки метавонад чизеро тағйир диҳад, ба қудрати сухан боварӣ доранд. Мо ҳама шикоят мекунем, гӯё ҳама чиз бад аст, ВАО ҳеҷ чизро ҳал намекунад, аммо дар ин ҷо чунин ғайрат”, – мегӯяд Маҳпора Киромова, рӯзноманигори “Азия-Плюс”, ки дар нашрияаш дастаи рӯзноманигорони шаҳрвандиро назорат мекард.

Аз 155 дархост ба Маҳпора муяссар омад, ки ҳашт номзади беҳтаринро интихоб кунад. Онҳо бояд аз се марҳилаи интихоб мегузаштанд, ки дар ин даврҳо рӯзноманигорони оянда мавзуъҳоро пешниҳод намуда, ҳатто кӯшиши омодаи маводи аввалини худро карданд. Дар байни онҳое, ки ба ҳайати дастаи “Азия-Плюс” дохил шуданд, Ашраф Азамӣ, хонандаи синфи ёздаҳум низ буд.

-“ Аз кӯдакӣ орзуи рӯзноманигор ё ровии телевизион шуданро доштам. Бо баъзе нашрияҳо тамос мегирифтам, аммо онҳо аз сабаби синну солам дар ҳама ҷо маро рад мекарданд. Баъдан ман чанд муддат аз амалӣ кардани орзуям даст кашидам. – Баъдан рӯзе ногаҳон дар “Азия-Плюс” як эълонеро дидам, ки дар он гуфта мешуд: “Синни соли шумо барои мо муҳим нест” ва фавран дархост фиристодам. Ман фикр намекардам, ки дархости маро қабул мекунанд. Ман 16-солаам, таҷриба надорам, аммо Маҳпора гуфт, ки ман дар қатори 20 – гонаи беҳтаринҳо қарор гирифтам. Вазифаи охиринро барои ман доданд: навиштани мавод. Ман навиштам ва баъди он маро ба кор қабул карданд”.

Маводи Ашраф

Худи Ашраф мавзӯи даври гузаришро пешниҳод карда, гуфт, ки дар бораи се стартапер аз Хуҷанд қисса мекунад. Ӯ навишт, ки агар онҳо дар Аврупо бошанд, миллионҳо ба даст оварда метавонанд. Ин идея ба Маҳпора писанд омад, аммо Ашраф то нашри ин мавод ва оғози кор дар сомона дар якчанд вебинарҳо ширкат кард.

– “Мо аз интихоби мавзуъҳо оғоз кардем. Фаҳмидани он душвор аст, ки кадом мавзуъ барои маводи журналистӣ мувофиқ аст ва кадомаш мувофиқ нест. Пас аз ду ҳафта, онҳо ба ҳама чиз аз нуқтаи назари ВАО нигаристанд ва мавзуъҳои ҷолиб пешниҳод карданд. Оҳиста-оҳиста мо сохтори маводро омӯхтем, ман ба онҳо мафҳумҳои асосӣ – пирамидаи баръакс, панҷ саволи W-ро шарҳ додам. Ва ман боварӣ дорам, ки агар шумо аз таҳти дил, то шабҳои бехобӣ кор кунед, ҳамааш натиҷа хоҳад дод. Масалан, дар охири лоиҳа, пас аз панҷ моҳи корӣ ман бачаҳоро тақрибан таҳрир намекардам. Онҳо матнҳо менавиштанд, маводҳои мукаммал омода намуда, мустақилона наворбардорӣ мекарданд”, – мегӯяд Маҳпора.

Ғайр аз кори куратор, рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар вебинарҳои махсусе, ки коршиносони Интернюс дар ду кишвар – Тоҷикистон ва Қазоқистон гузаронидаанд, ширкат варзиданд. Масалан, коршиноси расонаӣ, роҳбари лоиҳаи “Новый репортер” Ольга Каплина ба онҳо фаҳмонд, ки ахлоқи рӯзноманигорӣ чист, Ержан Сулейменов, продюсери онлайн телевизиони қазоқӣ дар сохтани саргузаштҳо ва пайдо кардани қаҳрамонҳо кӯмак кард, наворбардор, рӯзноманигор Марат Садыков нақл кард, ки чӣ тавр дар смартфон навор сабт кардан мумкин аст. Дар маҷмӯъ нӯҳ адад чунин вебинарҳо бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ баргузор шуданд. Дар охири сол “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ – 2020” бо хатмкунандагони соли гузаштаи ин лоиҳа – Фариза Оспан аз Қазоқистон ва Алия Ҳамидуллина аз Тоҷикистон сӯҳбат карданд. Фариза ва Алия пас аз ин тарҳ на танҳо дар расонаҳо монданд, балки дар як муддати кӯтоҳ рӯзноманигорони маъруфи кишварҳояшон низ гаштанд. Масалан, Алия, дар озмуни минтақавии MediaCAMP Award дар бахши “Вақти ёрӣ расонидан” ҷои аввалро соҳиб шуд.

Чӣ гуна мо COVID-19-ро аз сар гузаронидем

Аз оғози лоиҳа гурӯҳи сӯҳбати махсус дар WhatsApp барои рӯзноманигорони шаҳрвандӣ аз Қазоқистону Тоҷикистон сохта шуд. Дар ин ҷо маҷлисҳои банақшагирии виртуалӣ, минтақавӣ баргузор мешуданд ва дар байни онҳо журналистон бо ҳамдигар иртибот доштанд. Он гоҳ пандемия дар ҷаҳон паҳн шуда буд ва иштирокчиёни сӯҳбат коронавирусро муҳокима мекарданд.  
Дар аввал чунин менамуд, ки вирус дур аст, аммо дар нимаи моҳи март аввалин беморон дар Қазоқистон ба қайд гирифта шуданд ва дере нагузашта ҷумҳурӣ ба карантини шадид гузашт. Журналистони қазоқ аз таҷрибаҳои худ нақл мекарданд, тоҷикон ҳамдардӣ баён карда, аксҳои таҷлили ҷашни Наврӯзро ба чат мефиристоданд. То 30-юми апрел дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи расман тасдиқшудаи COVID-19 вуҷуд надошт ва кишвар одатан ба таҷлили ҷашни асосии баҳор буд. Вақте коронавирус дар кишвар расман тасдиқ шуд, ҳамаи беморхонаҳои ҷумҳурӣ аллакай пур аз беморон буданд.

– “Чунин шуда буд, ки тақрибан тамоми кормандони нашрия дар беморхонаҳо буданд”, мегӯяд роҳбари “Оила” Шаҳноза Ҳамдамова. – Он рӯзҳо даҳшатнок буданд, ҳама бемор, касе набуд, ки кор кунад. Танҳо рӯзноманигорони шаҳрвандӣ боқӣ монданд, ки дар бораи ҳолати минтақаҳо мавод менавиштанд. Ин як кӯмаки воқеӣ буд!

Гирифтани иттилоот барои рӯзноманигорони касбӣ дар Тоҷикистон ҳатто дар замони муқаррарӣ осон нест; дар давраи пандемия дастрасӣ ба иттилоот боз ҳам мушкилтар гардид. Сарфи назар аз он, ки дар ҷумҳурӣ карантин эълон карда нашуд, худи одамон ба гӯшанишинии ихтиёрӣ шурӯъ карданд, аммо рӯзноманигорон корро идома доданд.

– “Онҳо дар давраи авҷи коронавирус ба ҷаҳони таҳрир дохил шуданд. Гардиши мавод кам буд, рӯзноманигорони шаҳрвандии мо сари вақт омаданд. Онҳо на танҳо ба пур кардани сомона ва рӯзнома шурӯъ карданд, балки аз минтақаҳое мавод омода карданд, ки мо аз он ҷойҳо дер боз хабар надоштем. Онҳо ба мо ёрии калон расониданд”, – мегӯяд Маҳпора.

Вақте ки вазъ дар Тоҷикистон хеле душвор шуд, куратори минтақавии лоиҳаи “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” – Дмитрий Ким номаи кушоди дастгирӣ ба рӯзноманигорон навишт.

“Ман ҳамчун куратори лоиҳаи Internews –Шабакаи байналмилалии журналистони шаҳрвандӣ, ки дар он дастаҳои Тоҷикистон ширкат меварзанд, дидам, ки онҳо он девори зарба ва инкорро шикаста истодаанд. Журналистони Тоҷикистон ба норозигии мақомот ва дурӯғгӯйиву норизоии баъзе хонандагон нигоҳ накарда, бо маводҳои худ он деворро шикастанд. Дар ниҳоят, бо изҳороти оштинопазиронаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуданд: рӯзноманигорон вазъиятро шадидтар мекунанд, онҳо бояд барои вайрон кардани одоби касбӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ”, – гуфт Дмитрий дар сӯҳбат бо  рӯзноманигорони шаҳрвандӣ, ки чанд моҳ пеш ҳатто намедонистанд – журналистика чи аст.

Бо вуҷуди ҳама мушкилот, аксарияти рӯзноманигорони шаҳрвандӣ то охир дар утоқҳои кории худ монданд ва дар тӯли панҷ моҳи корӣ 162 саргузашт қисса карданд. Соли дуюми лоиҳа ба охир расид, аммо баъзе рӯзноманигорон тасмим гирифтанд, ки корро дар ВАО идома диҳанд. Гузашта аз ин, дар ҷараёни MediaCAMP Fest, ки дар охири моҳи сентябр баргузор шуд, онҳо ҳавасмандии зиёд ба даст оварданд: барномаи фестивал озмуни рӯзноманигорони шаҳрвандиро дар бар гирифт ва Тоҷикистон дар як вақт дар ду бахш ғолиб омад. Элшод Ҳасанов аз тими “Азия-Плюс” дар ду бахш ғолиб омад. Дар бахши “Мо якҷоем” – барои маводи худ дар бораи он, ки чӣ гуна дар Панҷакент истеҳсоли ниқобҳо бо ионҳои нуқра оғоз ёфтанд ва дар бахши “Шамоли тағйиротҳо” – бо наворе дар бораи як бачаи нобино аз Панҷакент, ки электрики пурталабгор шудааст, беҳтарин дониста шуд. Ғайр аз ин, ҳар куратор рӯзноманигори беҳтарини дастаи худро интихоб кард: Ҷамшед Хусайнов “Азия-Плюс”, Фитрати Ҳикмат “SugdNews”, Рустамбек Аҳмадзода “Пайванд” ва Аминҷон Раҳматзода “Оила”. Ҳамаи ин рӯзноманигорон кори худро дар нашрияҳо идома дода истодаанд ва инчунин бо дигар ВАО ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *