Уктам Ризаев яке аз рӯзноманигороне дар Тоҷикистон аст, ки бо забони узбекӣ муҳтаво эҷод мекунад. Ба ақидаи ӯ ҷавонони узбекзабонӣ ватанӣ дар бораи саводнокии ВАО дониши кофӣ надоранд. Ва Уктам махсус барои онҳо медиа-квестро оғоз намуд. Квест якбора ба се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ сурат гирифт, то касе хафа нашавад.
“То ҳол дар радиуси 10 километраи вилояти Суғд медиа-квести ҷавонон бо се забон вуҷуд надошт”, – мегӯяд Уктам дар бораи лоиҳаи худ, ки дар шаҳри Хуҷанд рӯйи кор омад. Ӯ чанд муддат идея дошт. Вақте ки Интернюс дар Тоҷикистон озмуни грантиро оид ба тарҳҳои расонаӣ ва саводнокии рақамӣ эълон кард, Уктам фавран дархост пешниҳод кард ва ғолибият ба даст овард.
Забони ӯзбекӣ дар байни расонаҳои тоҷикиву русӣ, ки барои ҷумҳурӣ анъанавианд бо тарҳи худи Уктам ба миён омад. Ӯ ҳамчун рӯзноманигори нашрияи ӯзбекии “Суғд Ҳақиқати” ва созмони ҷамъиятии “Узбеклар Жамияти”, ки диаспораи узбекони этникиро дар вилояти Суғд муттаҳид мекунад, фаъолият дорад.
– Дар вилояти Суғд сафи рӯзноманигороне, ки натанҳо ба забони ӯзбекӣ менависанд, балки бо забони ӯзбекӣ муҳтавои ҷолиб пешниҳод карда метавонанд, хеле каманд. Аммо барои он ки тамошобинони ӯзбекзабон ба муҳтаво таваҷҷуҳ кунанд, он бояд ба забони узбекӣ омода карда шавад. Аз ин рӯ, ду сол қабл, бе дастгирӣ ва маблағгузории беруна, мо Мактаби рӯзноманигории ҷавононро бо забони ӯзбекӣ оғоз намуда, ба муошират бо ҷавонон оғоз кардем. Баъдан фаҳмидем, ки онҳо воқеан саводи расонаӣ надоранд. Албатта, на танҳо ҷавонони ӯзбекзабон ба саводи расонаӣ ниёз доранд, аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки тарҳи худро ба се забон таҳия кунем, – мегӯяд Уктам.
Дар медиа-квест духтарону писарони аз 18 то 25-сола, ки сокинони Хуҷанд ҳастанду смартфонҳои дорои дастрасӣ ба Интернет доштанд, ширкат варзиданд. Дар маҷмӯъ, Уктам шаш дастаи иборат аз се нафариро ҷамъ овард, барои онҳо вебинар гузаронид, ки дар он қоидаҳои бозиро шарҳ дод. Ва квестро оғоз намуд. Рамзҳои QR дар ҷойҳои маъмултарини шаҳр пинҳон карда шуданд. Иштирокчиён саволҳои аввалро аз ташкилкунандагон тариқи паём гирифтанд ва сипас онҳо рамзҳоро ёфта, барои сафари минбаъдаи худ ишораҳо гирифтанд.
-Ҳама саволҳои мо ба ВАО ва саводи рақамӣ марбут буданд. Ҷойҳое, ки мо рамзҳоро пинҳон кардем дар шаҳри Хуҷанд хеле машҳуранд. Мо инчунин якчанд рамзро дар бозори Панҷшанбе пинҳон кардем ва ин хеле масоҳати бузург аст. Иштирокчиён вазифадор буданд, ки дар он ҷо рамзҳоро пайдо кунанд, – мегӯяд Уктам.
Аз 18 даста се нафар ғолиб шуданд ва аз ҷониби ташкилкунандагон мукофотҳои хурд – соатҳои интеллектуалӣ, гӯшмонакҳо, батареяҳои беруна ва ҳамзамон як қисми донишҳои саводнокии расонаӣ гирифтанд. Аммо Уктам ният дорад, ки бо ин таваққуф намекунад. Чун ҳангоми медиа-квест ӯ тими орзуҳои худро пайдо кард.
-Вақте мо иштирокчиёни квестро ҷамъ овардем, ду бача аз шаҳри Хуҷанд ба мо дархост пешниҳод карданд. Онҳо ба дастаҳо дохил шуданд. Се нафари дигар, ки аз минтақаҳо дархост фиристоданд, ба квест роҳ наёфтанд. Баъдан мо бо тим шиносоӣ пайдо карда, ба муошират шурӯъ намудем. Баъдан онҳо худашон пешниҳод карданд, ки минбаъд низ метавонем чунин квестҳоро дар заминаи тиҷорӣ ташкил кунему шарик пайдо кунем. Рости гап, ман аз бачаҳо чунин фаъолият ва ташаббусро интизор набудам, аммо ҳоло мебинам, ки ин як тими воқеии орзуҳост, – мегӯяд Уктам.
Моҳи сентябри соли равон Уктам бо тими ҷадиди худ иштирокчиёни лоиҳаи дигари Internews дар Тоҷикистон – MediaCAMP Business LAB гардиданд, ки дар ҷараёни он расонаҳо пул кор карданро омӯхтанд. Пас аз Лаборатория Уктам барои татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратии худ грант ба даст наовард. Аммо ин ба хоҳиши рушди идеяҳояш таъсир нарасонид.
– Ман ҷараёни Лаборатория дониши хеле хуб гирифтам, ки онро ҳатман дар амалия истифода мекунам. Мо боварӣ дорем, ки квестҳо дорои иқтидори бузург мебошанд. Аз рӯи он, ки чӣ гуна лоиҳаи хурди мо қабул карда шуд, онҳо дар ин бора чӣ қадар сӯҳбат карданд, чӣ гуна онҳо мехоҳанд иштирок кунанд – ба мардум ин формат писанд аст. Ҳоло мо онро такмил медиҳем ва шариконе меҷӯем, ки минбаъд низ ҷалби аудитория ва таблиғи ғояҳои саводнокии ВАО-ро идома диҳанд, – мегӯяд Уктам.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.