Рӯзноманигорони навкори Тоҷикистону Ӯзбекистон лоиҳаи “Соседи”-ро роҳандозӣ карданд

Тақрибан 20 рӯзноманигори навкор аз якчанд шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар платформаҳои махсуси Facebook ва Telegram достонҳо дар бораи кишварҳои худ қисса мекунанд. Ин лоиҳаи “Соседи” мебошад, ки дар озмуни грантии Интернюс оид ба истеҳсоли муҳтавои ватанӣ “Формати калон” ғолиб омадааст.

Жанна Рахимова – як рӯзноманигор аз Ӯзбекистон мебошад. Ӯ мегуяд, ки ба журналистика соли гузашта ҳангоми сар задани пандемия ва баъди иваз кардани соҳаи фаъолияташ омадааст. Жанна аслан мутахассиси соҳаи гендерӣ буд ва фаъолияташро дар журналистика низ аз ин мавзӯъ оғоз кард. Пас аз ин, Жанна ба якчанд лоиҳаҳои муштараке ворид гардид, ки аз ҷониби ВАО-и Ӯзбекистон ва Тоҷикистон амалӣ мегардиданд.

– Ман бо лоиҳаҳои муҳоҷират ва далелсанҷӣ кор кардам ва дар он ҷо бо рӯзноманигорони тоҷик Манижа Қурбонова ва Ҷамшед Маъруф ошноӣ пайдо кардам. Вақте ки ин лоиҳаҳо ба анҷом расиданд, аз ҳамкоронам хоҳиш кардам, ки маро ба дигар лоиҳаҳои муштарак низ даъват кунанд, зеро бо онҳо кор кардан барои ман хеле ҷолиб аст, мегӯяд Жанна.

Аввали моҳи март Жанна ниҳоят чунин пешниҳодро гирифт: пас аз эълони ғолибони озмуни грантии Internews оид ба истеҳсоли муҳтавои ватанӣ “Формати калон” маълум шуд, ки дар байни онҳо лоиҳаи “Соседи” низ ғолиб дониста шудааст. Муаллифони “Соседи” Наргис Қосимова, роҳбари созмони “Даст ба даст” ва Муҳайё Нозимова, Zira Media буданд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки ҳайати муштараки нашрияҳои иборат аз рӯзноманигорони Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо ҳам оранд ва дар якҷоягӣ муҳтаво эҷод кунанд. Жанна пешниҳодро қабул кард.

– “Лоиҳаи “Соседи” платформаест дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Telegram ва Facebook), ки мо муҳтаворо дар форматҳои хурд – иттилоияҳо, кортҳо, наворҳо ҷойгир карда, ба ҳамдигар дар бораи зиндагии ҳаррӯзаи худ нақл мекунем”, – шарҳ медиҳад Жанна.

Рӯзноманигор аллакай дар бораи симои занҳо дар сериалҳои Ӯзбекистон, намоишгоҳи рассомони муосир дар Тошканд мавод омода кардааст. Ҳоло Жанна дар бораи достони Арал кор карда истодааст. Ӯ аз Қорақалпоқистони Ӯзбекистон суратгузориш омода мекунад.

– Дар расонаҳои Ӯзбекистон дар бораи Тоҷикистон кам мегӯянд. Асосан ахбор ва рӯйдод. Аммо чанде пеш, расонаҳо дар бораи оне, ки Душанберо барои Наврӯз чӣ гуна оро доданд, зиёд қисса карда буданд, мегӯяд Жанна.

Тоҷикистон бошад ба ҷумҳурии ҳамсоя таваҷҷуҳи зиёд дорад.

“Дар дохили кишвари мо муҳтаво аз Ӯзбекистон дорои маҳбубият аст. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки мамлакати мо на он қадар бузург ҳаст ва аз ин лиҳоз мо метавонем на на танҳо ахбори минтақаи худ, балки ҳамосякишварро низ пайгирӣ кунем. Зиёда аз як моҳ аст, ки мо бо ҳамкасбони ӯзбеки худ дар тамос ҳастем ва дарк кардем, ки мушкилот дар кишварҳои мо як асту мардум ҳам хеле ба ҳам монанданд” – мегӯяд Наргис Қосимова.

Бо назардошти ин Наргис тасмим гирифт, ки як тим аз ҷумлаи журналистони тоҷику ӯзбек ташкил кунад.

– Дар Тоҷикистон “Соседи” – ро рӯзноманигорон Муҳайё Нозимова ва Ҷамшед Маъруфов роҳбарӣ мекунанд.  Муҳтаворо рӯзноманигорони ҷавони лоиҳаи Zira Media ва инчунин хабарнигорони ҷавони мактабҳои пойтахт омода мекунанд. Аз ҷониби Узбекистон бошад, лоиҳа за ҷониби журналист Дилфуза Мирзоахметова, ки Жанна бо ӯ ҳамкорӣ мекунад,  роҳбарӣ мешавад, шарҳ медиҳад Наргис.

Ба ҳар як даста даҳ нафар рӯзноманигор аз Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва инчунин Тошканд, Бухоро ва Намангон шомиланд. Муоширати кории онҳо дар чатҳои Telegram ва WhatsApp сурат мегирад. Дар он ҷо ҳамкорон ҷаласаҳо гузаронида,нақшаи корӣ ва мавзӯъҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Барои мусоҳибон саволҳо омода карда, табодули хабар мекунанд.

– Мо муқоисаи нархҳоро хуб ба роҳ монда истодаем: мо арзиши донишгоҳҳои кишварҳоямонро муқоиса кардем ва фаҳмидем, ки таҳсил дар Ӯзбекистон нисбат ба мо хеле гаронтар аст. Тақрибан ҳамаи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар кишвари ҳамсоя гаронтаранд, мегӯяд Наргис.

Илова бар муқоисаи нархҳо, тимҳои корӣ миёни сокинони ҷумҳуриҳо дар мавзӯъҳои мубрам пурсишҳо мегузаронанд. Масалан, дар бораи ваксина алайҳи COVID-19, наворҳои хӯрокҳои наврӯзӣ ё радабандии донишгоҳҳои машҳуртарини ҳарду кишвар. Жанна умедвор аст, ки лоиҳаи “Соседи” рушд хоҳад ёфт ва ӯ метавонад ба аудиторияи Тоҷикистон аз кишвараш нақл кунад. Инчунин шумораи бештари рӯзноманигорони ҳарду ҷумҳурӣ умедворанд, ки пас аз хотима ёфтани пандемия ба дидори якдигар мерасанд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *