Пас аз хатм кардани мактаб-интернат кӯдакони ятим амалан дар кӯча бе сарпаноҳ мемонанд( зеро давлат барои онҳо манзил ҷудо намекунад), аз бепулӣ ранҷ мекашанд (азбаски нафақаи онҳо аз 200-250 сомонӣ зиёд нест), малакаҳои оддии зиндагиро надоранд (зеро интернат инро таълим намедиҳад). Бо ин ҳама мушкилоти ҷиддии зиндагӣ хатмкунандагони мактаб-интернатҳо дар синни 15, 16 ё 17-солагӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва дар бисёре аз маворид дар умқи мушкилоти зиндагӣ афтида, дигар аз он раҳоӣ намеёбанд. Бачаҳои ятим қиссаҳои ғамангези худро ба рӯзноманигорони ҷавони лоиҳаи “Zira Media”, ки мехоҳанд таваҷҷӯҳи ҷомеаи Тоҷикистонро ба ин мавзӯъ ҷалб кунанд, нақл хоҳанд кард.
Чанд сол пеш, рӯзноманигори тоҷик Муҳайё Нозимова дар ҳоли омода кардани матлаб доир ба наҳваи фарзандхонии ятимон дар Тоҷикистон буд ва аз раванди хеле мушкили фарзандхонӣ дар Тоҷикистон ба ваҳшат афтод.
– Одамоне, ки мехоҳанд кӯдакеро аз интернат ба оилаи худ бигиранд, солҳои зиёдеро барои гирдоварии асноди мухталиф сарф мекунанду дар охир муваффақ намешуданд. Яъне, агар ту ба интернат афтодӣ, дигар имкони раҳоӣ аз онро надорӣ. Кӯдакон интернатро танҳо пас аз хатми синфи 9 ё 11 тарк карда метонанд. Баъдан, онҳо ба мушкилоти азиме дучор мешаванд, ки ҳатто калонсолон дар ҳал кардани онҳо оҷиз мемонанд, – мегӯяд Муҳайё.
Рӯзноманигор аз пеш ният дошт, ки доир ба ин масъала сӯҳбат кунад, вале дар як барнома ё матлаб не, балки дар силсила матлабҳо. Вақте Интернюс дар Тоҷикистон озмуни грантии истеҳсоли муҳтавои ватаниро эълон кард, Муҳайё дархост равон намуда, аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳии аъзои ҳакамони мустақил ғолиб баромад. Идеяи ӯ эҷоди як лоиҳаи махсуси расонаӣ бахшида ба хатмкунандагони мактаб-интернат ва барпо намудани намоишгоҳи мавзӯъӣ мебошад. Муҳтаворо ширкаткунандагони ҷавони лоиҳаи “Zira Media”, ки Муҳайё онро чанд сол пеш таъсис дода буд, омода мекунанд. Ба ҳайси коршинос Маргарита Войтова, раиси созмони ҷамъиятии “Зумрад” ҷалб карда мешавад, ки солҳои зиёд бо кӯдакони ятим кор карда, ин мавзӯъро хуб медонад. Масалан, Маргарита Анатольевна дар навбати аввал ба рӯзноманигорон фаҳмонд, ки шароити мактаб-интернатҳои ҳозира хуб аст: хӯроки хуб, либоси зебо, дар рӯзҳои иду таътил тӯҳфаборон аз хайрхоҳон. Вале, мутаассифона, ҳамаи ин онҳоро аз мушкилоти ҷиддии оянда эмин намедорад.
– Дар вуҷуди онҳо чунин холигӣ аст, ки бо ҳеҷ шароити хуб пур карда намешавад. Онҳо баъд аз тарки интернат бо зиндагӣ таку танҳо мемонанд. Ба худ мегӯянд, ки мисли бақия кӯдакони интернатӣ дар ин зиндагӣ чизи хубе нахоҳанд дошт. Ин кӯдакон орзу карда наметавонанд, намедонанд чӣ гуна бо ҷаҳон муошират намоянд ва бо одамон муомила кунанд. Мутаассифона, ин чизҳоро дар мактаб-интернат таълим намедиҳанд, – мефаҳмонад Маргарита Анатолевна.
Мушкилоти асосие, ки хатмкунандагони мактаб-интернат фавран пас аз хатми мактаб рӯ ба рӯ мешаванд, норасоии манзили шахсӣ мебошад. Давлат ба онҳо манзил намедиҳад. Қонун ҷудо кардани қитъаҳои заминиро пешбинӣ мекунад, ки ҷавонон метавонанд дар он ҷо барои худ хона созанд. Вале барои ба даст овардани ин “тӯҳфа” кӯдакон бояд ҳуҷҷатҳои махсусро тартиб диҳанд, ки кори осон нест ва албатта аз дасти онҳо намеояд.
– Аксар вақт, кӯдакони мактаб-интернатҳо наметавонанд аз манфиатҳои худ дифоъ кунанд ва ё чизе талаб кунанд. Кӯдакон одат кардаанд, ки дигарон бе назардошти фикру хоҳишашон ба ҷойи онҳо тасмим мегиранд. Пас аз хатми мактаб, духтарон метавонанд ба хобгоҳи махсус дохил шаванд, агар онҳо таҳсилро дар коллеҷ ё литсей идома диҳанд. Вале барои писарон ин гуна имконият нест, – мегӯяд Маргарита Анатолевна.
Мушкилоти дигари муҳим ин мизони хеле пасти пардохтҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони мактаб-интернатҳо мебошанд, ки тақрибан 200-250 сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, қайди макони зист, наёфтани кор ба мушкилоти онҳо илова мешавад.
Гузашта аз ин, тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои Тоҷикистон амалан барои гирифтани маълумоти олӣ имконият надоранд, зеро онҳо синфи 11 – ро хатм карда наметавонанд. Дар қаламрави Душанбе ягон мактаб-интернат вуҷуд надорад, ки дар он хонандагон таҳсилоти ёздаҳсола гиранд – танҳо то синфи нӯҳ мехонанд. Танҳо тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияҳои кишвар метавонанд синфи 11- ро хатм кунанд.
Муҳайё ва тими ӯ қаҳрамонҳои матолиби худро дар бачаҳои ҷавоне мебинанд, ки аллакай мактаб-интернатро хатм кардаанд ва метавонанд дар бораи мушкилоте, ки дар синни балоғат бо онҳо дучор меоянд, қисса кунанд. Дар интихоби қаҳрамони матлаб ба рӯзноманигорон ташкилоти “Зумрад” кӯмак хоҳад кард. «Зумрад» яке аз он ташкилотҳоест, ки робитаи худро бо хатмкунандагони мактаб-интернатҳо идома дода, кӯшиш мекунад ба онҳо ҳамаҷониба ёрӣ расонад.
– Мо аллакай бо қаҳрамононе, ки омодаанд дар бораи зиндагии худ қисса кунанд, сӯҳбат кардем ва дарҳол аз онҳо саволҳо шунидем: «Чаро? Агар мо бигӯем, чӣ тағйир хоҳад ёфт? ”, ва ман ростқавлона гуфтам, ки ба эҳтимоли зиёд чизе барои онҳо тағйир нахоҳад ёфт. Аммо шояд ба зиндагии он кӯдаконе, ки оянда бе волидон мемонанд, таъсири муфиде хоҳад дошт, – мегӯяд Муҳайё.
Дар тамос бо хатмкунандагони мактаб-интернатҳо рӯзноманигор эътироф мекунад, ки вай аз набудани малакаҳои ибтидоӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи он бачаҳо дар ҳайрат монд.
– Албатта, гуфта наметавонам, ки ман умқи пурраи мушкилотро мебинам. Мо бо бачаҳо сӯҳбат карда, кӯшиш кардем бифаҳмем, ки мушкили система дар куҷо аст. Онҳо ба мо иқрор шуданд, ки барои зиндагии мустақил омода нестанд, масалан, хӯроки оддиро пухта наметавонанд. Чун то синни 16-солагӣ чунин таҷрибае надоштанд. Чунин ба назар мерасад, ки ин масъалаи ночиз аст, аммо ин тавр нест, зеро дар асл барои бачаҳо мушкил эҷод мекунад, – мегӯяд Муҳайё.
Дар маҷмӯъ, рӯзноманигорон тасмим гирифтаанд, ки дар ин мавзӯъ 20 мавод дар форматҳои гуногун омода кунанд. Сипас намоишгоҳи аксҳоро баргузор намоянд, то ки тамошобинон дарк кунанд, ки чаро орзуҳои кӯдакони мактаб-интернатҳо амалӣ шуда наметавонанд. Ғайр аз он, рӯзноманигорон кӯшиш мекунанд, ки дар ҷомеа оид ба зарурати эҷоди падидае, ба монанди “оилаи иҷтимоӣ”, ки ҷойҳои мактаб-интернатҳоро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон иваз намуда, самаранокии худро исбот кардааст, баҳс кунанд.
– Албатта расонаҳо ба ин мавзӯъ даст мезананд, вале хеле ба нудрат, – идома медиҳад Муҳайё. Шояд мушкилӣ дар он аст, ки худи бачаҳо барои тамос бо рӯзноманигорон омода нестанд. Гарчанде, ки онҳо феълан зиндагии мустақилона доранд, вале аз гуфтани ҳарфи бад нисбати мактаб-интернатҳое, ки дар он ҷо ба воя расидаанд худдорӣ мекунанд. Ҷомеа бошад дар навбати худ намедонад, ки гап дар бораи кадом масъала меравад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.