Internews озмунро барои нашрияҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки мехоҳанд шабакаи шахсии рӯзноманигорони шаҳрвандиро таъсис диҳанд, оғоз мекунад.
Иштирок дар лоиҳа мавридҳои зеринро дар назар мегирад:
- Дастгирии молиявии ҳамоҳангсози шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар нашрия.
- Грант барои гонорари рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар марҳилаи аввал.
- Роҳнамоии фосилавӣ барои ҳамоҳангсозони шабакаҳои муқарраршуда.
- Омӯзиши фосилавӣ барои рӯзноманигорони шаҳрвандӣ.
Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ ва мутасаддиёни лоиҳа дар ҷаласаҳои ҳафтаинаи онлайн, вохӯриҳои ғайрирасмӣ бо ҳамкорон, мастер-класҳои омӯзишӣ аз ҷониби пешбарандагони платформаҳои расонаии байналмилалӣ (Globalvoices.org, ijnet.org ва ғайра) иштирок мекунанд.
Тайи чор соли татбиқи лоиҳаи «Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ» 25 расонаи ду кишвар шарики Internews шудаанд. Зиёда аз 200 нафар рӯзноманигори дурдасттарин нуқтаҳои аҳолинишини Қазоқистон ва Тоҷикистон зиёда аз 1200 қисса таҳия карданд. Аксари онҳо ба тағйир додани шароити зиндагии ҷомеа дар минтақаҳо таъсири калидӣ расониданд.
Шумо метавонед дар бораи чӣ гуна кор кардани шарикони лоиҳа дар линки зерин ва инҷо бихонед.
Дар солҳои 2022–2023 Интернюс то шаш нашрияро (сето дар Қазоқистон ва сето дар Тоҷикистон) дастгирӣ хоҳад кард.
Чӣ гуна дархост пешниҳод кардан мумкин аст?
1. Номаи асосдор бинависед ва ба саволе, ки чаро расонаи шумо бояд иштироккунандаи лоиҳаи “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” шавад, ҷавоб диҳед.
2. Онлайн-формаро то 7 ноябри соли 2022, соати 24:00 ба вақти Душанбе пур кунед.
Таваҷҷуҳ кунед! Барои пешниҳоди дархост, шумо бояд ба таври оддӣ дар платформаи ба қайд гузоред.
Лутфан ҳангоми пур кардани варақа ва пешниҳоди маълумот барои тамос эҳтиёт шавед. Ҳама огоҳиҳои навсозӣ дар бораи раванди интихоби ғолиб ба таври худкор ба нишонии почтаи электронии шумо фиристода мешаванд.
Агар шумо аз Қазоқистон бошед, пас аз бақайдмонӣ, шумо бояд Лоиҳаи журналистҳои шаҳрвандии KZ -ро интихоб кунед. Агар шумо дар Тоҷикистон зиндагӣ кунед, лутфан бахши Лоиҳаи журналистҳои шаҳрвандии TJ -ро интихоб кунед.
Барои ҳама саволҳои марбут ба кор бо платформа лутфан бо коршиносони Internews дар тамос шавед:
• дар Қазоқистон – konalbayev@internews.org
• дар Тоҷикистон – mnazirova@internews.org
Internews қарорашро на дертар аз 7 ноябри соли 2022 қабул мекунад, довталабон дар бораи натиҷаҳо на дертар аз 14 ноябри соли 2022 тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.
Барои посух гирифтан ба ҳама гуна саволҳо, лутфан, ба нишониҳои зерин муроҷиат кунед:
Қазоқистон: kz-info@internews.org
Тоҷикистон: tj-info@internews.org
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.