Ду сол пеш Темур Шарифов дар атрофи худ як дастаи мутахассисони ҷавонро гирд оварда, якҷоя студияи эҷодии Oogway Comics-ро ташкил кард. Маҳсули асосии онҳо комиксҳо дар бораи мушкилоте, ки наврасони тоҷик бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, буд: буллинг, нобоварӣ ба нерӯи худ ва бисёр чизҳои дигар. Ҳоло ин саргузаштҳо дар саросари Тоҷикистон садҳо мухлис доранд, ки ба эътирофи онҳо ҳатто мӯйҳои худро ба ранги бунафш – ранги бренди Oogway Comics ранг мекунанд.
Аъзои дастаи «Oogway Comics» дар Тоҷикистон соли гузашта ба даври ниманиҳоии барномаи ҷаҳонии Space Apps Challenge роҳ ёфтанд, ки аз ҷониби NASA баргузор мешавад. Он замон даста як китоби комиксҳо ва барномаи мобилиро дар бораи рисолати NASA «Люси» барои омӯзиши астероидҳои троянӣ (боқимондаҳои системаи офтобии бармаҳал) нашр кард ва журналистҳои маҳаллӣ дар бораи муаллифони ҷавон ба тамошобинони тоҷик суҳбат карданд.
– NASA Space Apps Challenge бузургтарин ҳакатон аст, ки соли гузашта дар он 28 ҳазор нафар ширкат варзиданд ва дастаи мо ба 30 нафари беҳтарин дохил шуд. Дар байни кишварҳои ИДМ мо ягона гурӯҳе будем, ки чунин натиҷа ба даст овардем, – мегӯяд Тимур Шарифов, роҳбари лоиҳаи Oogway Comics.
Дувумин муваффақияти назарраси даста пирӯзӣ дар озмуни грантҳо аз лоиҳаи «Формати калон» аз Internews дар Тоҷикистон буд. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳии доварони мустақил, лоиҳаи комиксҳои Oogway низ дар байни даҳҳо расона аз саросари Тоҷикистон ба сифати беҳтарин лоиҳа писандида шуд. Даста пешниҳод кардааст, ки як силсила комиксҳои нав бо номи «Дӯкони муъҷизаҳо» эҷод шавад, ки дар он се наврас аз Тоҷикистон – Мадина, Дена ва Азиз душвориҳои барои ҳамаи наврасон ошноро паси сар мекунанд. Дар болои ин комиксҳо як гурӯҳи иборат аз 12 нафар кор кардааст: копирайтерҳо, ороишгарон, барномасозон, мутахассисони расона ва дигарон.
– Ҳар як қаҳрамон дар «Дӯкони муъҷизаҳо» дорои абарнерӯ аст, ки ба одамони гирду атроф дар фаҳмидани он ёрӣ мерасонад, ки онҳо кадом корро нодуруст анҷом дода истодаанд. «Қаҳрамонҳо дар шаҳри сохтаи Метан зиндагӣ мекунанд, аммо дар асл ин шаҳр омехтаи Душанбе ва Хуҷанд аст» – нақл кард Темур.
Дар доираи лоиҳаи «Формати калон», даста ду силсилаи комиксҳои «Дӯкони муъҷизаҳо»-ро омода кард ва инчунин барномаи мобилиро навсозӣ намуд, ки дар он корбарон метавонанд шумораҳои нави Oogway Comics-ро пайгирӣ кунанд.
– Пештар, барномаи замимавӣ танҳо комиксҳоро дошт, аммо ҳоло мо функсияи огоҳкунандаро сохтаем, то тамошобинони мо аз нашри силсилаи нав бехабар намонанд; мо қобилияти хондани комиксҳои шабонаро илова кардем ва инчунин барои мағозаи онлайн бахше сохтем, ки дар он шумо метавонед маҳсулоти Oogway Comics-ро харидорӣ намоед – мегӯяд Темур.
Даста барои тарғиби комиксҳои «Дӯкони муъҷизаҳо» дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд чаҳор нахустнамоиши бузургеро ба саҳна гузошта, дар ҷараёни чорабиниҳо 500 нусхаи чопшудаи саргузаштҳои худро паҳн кард. Садҳо мухлиси лоиҳа ба ҳар як нахустнамоиш меомаданд, баъзеҳо ҳатто мӯи худро ранги бунафш мекарданд – ранги бренди Oogway. Гузашта аз ин, баъзе аз мухлисони лоиҳа иштироккунадагони он шуданд: дар моҳи июн даста дар Instagram-и худ озмунро барои эҷоди як саргузашти кӯтоҳ дар бораи буллинг (буққагарӣ) дар мактаб оғоз кард, 10 асари беҳтарин дар маҷмӯаи алоҳидаи «Ҷаҳонҳои гумшуда» тасвир ва нашр шуданд. Масалан, Масрур Пӯлотови ҳабдаҳсола қиссаеро нақл кард, ки писари хурдсоле ба номи Амир аз оилаи бадбахт, ки дар он падару модарон пайваста ҷанҷол мекунанд, ба дуздии хотираҳои шоди дигарон шурӯъ мекунад. Сафина Гадоеваи бистсола дар бораи писари хурдсоле ба номи Карим қисса навиштааст. Карим як хонандаи навомада дар синфе мебошад, ки дар он танҳо кӯдакони махсус таҳсил мекунанд.
-Чанд сол пеш дар яке аз созмони амрикоӣ коромӯзӣ мекардам ва ба мо омӯзиш медоданд, ки чӣ гуна тавассути маҳсулоти расонаӣ мушкилоти иҷтимоии ҷомеаро ҳал кардан мумкин аст. Вазифаи комиксҳои мо аз он иборат аст, ки ба наврасону ҷавононе ёрӣ расонанд, ки имрӯзҳо ба душворӣ дучор ҳастанд ва мушкил доранд. Масалан, буллинг дар мактаб ва мо на танҳо ба ҷабрдидагон, балки ба зӯргӯён низ муроҷиат мекунем. Мо мехоҳем нишон диҳем, ки некӣ ҳанӯз ҳам талабгор дорад, – шарҳ медиҳад Темур.
Мушкили дигари умдае, ки муаллифони Oogway Comics баррасӣ мекунанд, ин набудани эътимод ба худ аст.
-Ин мушкил ҳам ба буллинг иртибот дорад ва монанди як занҷир аст: ҳамсинфон дар мактаб ба сари ту зурӣ мекунанд ва дар хона волидайн турро аз баёни андешаи худ манъ мекунанд ва ин боиси он мешавад, ки инсон аз он метарсад, ки наметавонад худро баён кунад, аз мусиқӣ, рақс ё математика рӯ мегардонад, зеро ҳалли муодилаҳо низ мояи ифтихор аст, – мегӯяд Темур.
Пас аз нашри «Дӯкони муъҷизаҳо» дастаи Oogway Comics-ро мавҷи дуюми муваффақиятҳо фаро гирифт: бачаҳо барои ширкат дар фестивали комиксҳо ва фарҳанги поп Almacon дар моҳи октябр дар Қазоқистон даъват шуданд ва даста барои дастгирӣ ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон муроҷиат кард ва сафорат барои ин сафар маблағ ҷудо кард. Дар фестивал ҷавонони эҷодкор аз тамоми кишварҳои пасошӯравӣ гирди ҳам меоянд, то тамоюлҳоро дар соҳаи худ муҳокима кунанд ва идеяҳои худро бо ҳамдигар мубодила намоянд. Дастаи Oogway Comics умедвор аст, ки иштирок дар ин фестивал ба бачаҳо дар идомаи эҷоди комиксҳо ва тавсеаи мухотабони худ дар тамоми минтақаҳо Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
– Замоне дар айёми кӯдакиам аз модарам мепурсидам, ки чаро дар Тоҷикистон абарқаҳрамонҳо нестанд, ягон чизи фантастикӣ рӯй намедиҳад? Охир мо чунин таърихи ғанӣ дорем ва дар он бояд абарқаҳрамонон бошанд. Ман фикр мекунам, ки бисёр кӯдакон ҳамин гуна саволҳоро мепурсанд ва мо тасмим гирифтем, ки абарқаҳрамонҳои худро созем. Умедворам, ки комёб шуда бошем, – мегӯяд Темур.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.