Интернюс дар Осиёи Марказӣ озмуни грантии «Формати хурд. Мавсими зимистона» – ро эълон мекунад. Ғояҳо барои истеҳсоли муҳтаво қабул карда мешаванд.
Охирин рӯзи қабули дархостҳо – 13-уми декабри соли 2020 аст.
Ин озмун барои тарҳҳои хурд, вале ҷолибу бо навовариву беназире мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби як тими хурди муаллифон татбиқ карда мешавад.
Чунин тарҳ чӣ буда метавонад? Тарҳ дар формати анъанавӣ: лонгрид, силсиламақолаҳо, як ё якчанд гузоришҳои махсус, аз ҷумла навор, аниматсия, карикатураҳо ва ғайра. Аммо худро бо маводҳои классикӣ маҳдуд накунед, тарҳҳои таҷрибавиро пешниҳод кунед, ки дар он муҳтаво натиҷаи эҷодкорӣ, бадеӣ, фаъолияти шаҳрвандӣ мебошад. Чунин ғояҳоро на танҳо дар фазои интернетӣ, инчунин офлайн (намоишҳо ва ғ) низ амалӣ кардан мумкин аст.
Мо дар боло танҳо чанд намуна овардем. Аммо шумо метавонед дилхоҳ жанру форматро интихоб кунед. Ғояҳои худро пешниҳод кунед – орзу кунед, эҷод кунед! Танҳо дар хотир доред, ки муҳтавои расонаӣ бояд аҳамияти иҷтимоӣ ва паёме ба ҷаҳон дошта бошад!
Шумо кадом мавзуъҳоро пешниҳод карда метавонед? Ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад – ҳар он чизе, ки ба назари шумо муҳиму мубрам аст, интихоб кунед. Ҳамзамон, чунин мавзуъҳо хуш пазируфта мешаванд:
тандурустӣ (коронавирус ба ин соҳа таъсири шадид расонида, мушкилоти ҳуқуқи кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон, шаффофияти хароҷот барои буҷаҳои соҳаи тандурустиро шадидтар кард);
соҳибкории хурд ва миёна (COVID-19 инчунин ба соҳибкорон таъсир расонд; онҳо ба як гурӯҳи осебпазири ниёзманд ба дастгирии ҷомеа табдил ёфтанд);
ҳуқуқҳои занон;
ҳуқуқҳои ҷавонон (алахусус – агар чунин тарҳҳоро худи ҷавонон эҷод кунанд).
Чунин тарҳ то чанд муддат давом карда метавонад? Аз як то шаш моҳ.
Кӣ метавонад дар озмуни «Формати хурд. Мавсими зимистона» ширкат кунад?
Расонаҳои ғайридавлатӣ, нашрияҳои интернетӣ, рӯзномаҳову маҷаллаҳо, телеширкатҳои хурд, радио, студияҳои истеҳсолӣ, муаллифони мустақил, рӯзноманигорон, вебнависон, рассомон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин дигар тимҳои эҷодӣ аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд ширкат варзанд.
Эзоҳ: Дархостро метавонед ҳам тавассути расонае, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст (ҶДММ, соҳибкори инфиродӣ, фонди ҷамъиятӣ ё дигар) ва ҳам аз ҷониби муаллифони мустақил пешниҳод кунед.
Муҳтаво метавонад бо кадом забон бошад? Ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва / ё русӣ.
Тими корӣ барои тарҳи худ чанд миқдор маблағ дархост карда метавонад? Як тарҳ дар Қазоқистону Тоҷикистон метавонад аз 500 то 5000 доллари амрикоӣ ва дар Ӯзбекистон аз 500 то 3000 доллари амрикоӣ дастгирӣ ёбад. Буҷаи дархостшаванда бояд кофӣ ва асоснок бошад.
Муаллифони мустақил метавонанд барои гирифтани стипендия то 500 доллари амрикоӣ дархост фиристанд.
Буҷаи дархостшуда барои стипендия низ бояд оқилона ва асоснок бошад.
Интихоб чӣ гуна баргузор мешавад? Озмуни «Формати хурд. Мавсими зимистона” дар се марҳила сурат мегирад:
Марҳилаи 1 – пешниҳоди ғояҳо
Дар мавзуъҳо маҳдудият вуҷуд надорад, аммо самти иҷтимоӣ доштанашон муҳим аст. Мо интизори пешниҳодҳои ҷолиб, илҳомбахши муҳтавову шаклҳои он ҳастем.
Барои пешниҳоди тарҳи худ дархости онлайниро то 13-уми декабри соли 2020 пур кунед.
Агар шумо барои гирифтани стипендия муроҷиат мекунед, лутфан инро дар дархости худ нишон диҳед.
Як тими корӣ метавонад якчанд ғоя пешниҳод кунад. Аммо барои ҳар як ғоя, бояд дархости алоҳида пур кунад.
Ғояҳои ҷолиб ба даври дуюм мегузаранд. Рӯйхати кӯтоҳро дастаи Интернюс то 20-уми декабр тартиб медиҳад.
Марҳилаи 2 – муаррифии ғояҳо
Муаллифони тарҳҳои интихобшуда, ба ҷаласаи махсус даъват карда мешаванд. Дар он ҷо, онҳо метавонанд консепсияи худро дар ҳар шакл, давоми панҷ дақиқа муаррифӣ кунанд, ки он аҳамият ва иҷрои воқеии тарҳро собит кунад. Номзадҳоро кумитаи махсуси озмун мешунавад, ки ба он коршиносони мустақили расонаӣ ва кормандони Интернюс шомиланд.
Дар муаррифӣ ба ҳакамон бояд қисмҳои зерини тарҳ нишон дода шавад:
● тафсилоти истеҳсолот;
● аудиторияи тарҳ;
● буҷа;
● маҳсулоти ниҳоӣ.
Онҳое, ки ба даври дуюм роҳ меёбанд, мо барои рӯнамоӣ даъватномаи алоҳида мефиристем. Ҳангоми омодагӣ ба ҳимояи тарҳ, формуларо ба ёд бигиред: мавзуъи ҷолиб + формати хуб + фаҳмиши аудитория = лоиҳаи хуб.
Барои маводҳое, ки барои онҳо стипендия талаб карда мешавад, чунин талаботҳо мавҷуданд: мувофиқати мавзуъ, формати асоснок, мултимедия ва чизҳои дар боло зикршуда. Дар Қазоқистон ва Тоҷикистон шаш стипендия додан мумкин аст, яъне барои ин ду кишвар, танҳо 12 – стипендия.
Пас аз муаррифӣ, аъзоёни комиссия метавонанд саволҳои муайян диҳанд ва барои такмили ғояи тарҳ тавсияҳо пешниҳод кунанд.
Имсол питчинг тариқи бархат (онлайн), то 30-юми декабри соли 2020 баргузор мешавад.
Дар хотир доред, ки натиҷаҳои озмун рӯзи муаррифӣ эълон карда намешавад. Ғолибони “Формати хурд. Мавсими зимистона” дар аввали соли 2021 эълон хоҳанд шуд.
Марҳилаи 3 – таҷдиди назар ва ҳуҷҷатгузорӣ
Ба муаллифони тарҳҳо, ки бо натиҷаҳои муаррифӣ тасдиқ шудаанд, ду ҳафта вақт дода мешавад. То ки тарҳро такмил ва буҷаро тартиб диҳанду ҳуҷҷатҳои заруриро омода кунанд.
Қарори ниҳоӣ дар бораи маблағгузории тарҳҳои муҳтаво аз ҷониби комиссия дар асоси меъёрҳои зерин қабул карда мешавад: аслӣ будани ғояву формат, фаҳмиши аудиторияи мақсадноки шумо, диди маҳсулоти ниҳоӣ ва буҷаи оқилона. Агар шумо дар озмун ғолиб оед, буҷаи шумо метавонад харид ё иҷораи таҷҳизот ва хариди барномаҳои литсензионӣ ё воситаҳои мултимедиявиро низ дар бар гирад. Ғайр аз ин, Интернюс метавонад барои ҷалби мушовирон дар тарҳ кӯмак кунад. Барои мисол, агар шумо фикр мекунед, ки барои таблиғи муҳтаво дар Youtube дониши кофӣ надоред.
Кадом ғояҳо дастгирӣ карда намешаванд? Интернюс созмону таблиғи сомонаҳо, таҳияи филмҳои бадеӣ, сериалҳо, роликҳои иҷтимоӣ ва клипҳоро дастгирӣ намекунад. Озмуни “Формати хурд” дастгирии институтсионалиро таъмин намекунад (масалан, иҷораи офис ва дигар хароҷоти шабеҳ дохил мешавад).
Чаро Internews истеҳсоли муҳтаворо маблағгузорӣ мекунад? Мо мехоҳем, ки васоити ахбори оммаи Осиёи Марказӣ – касбӣ, дар платформаҳои гуногуну форматҳои гуногун, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷалби аудитория – дар бораи ҷанбаҳои муҳимтарину мураккаби ҷомеа қисса кунанд. Ҳадафи озмун дастгирии истеҳсоли барномаҳои босифати телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, лонгридҳо, лоиҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, подкастҳо, веб-докҳо, веб-серилҳо, саргузаштҳои мултимедиявӣ, таҳқиқоти журналистӣ ва ғайра мебошад.
Муаллифони Ӯзбекистон низ метавонанд имсол барои тарҳҳои муҳтаво дастгирӣ ёбанд. Онҳо инчунин метавонанд стипендия гиранд.
Агар ба шумо чизеро дақиқ кардан лозим ояд, луфтан ба суроғаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org бинависед. Мавзуъи номаро “Савол оид ба озмуни “Формати хурд. Мавсими зимистона» гӯён, бинависед.
Агар шумо як ғояи тарҳи буҷаи калону дароз ва мустаҳкамро доред, ба озмуни “Формати хурд” иштирок накунед. Махсусан барои чунин ғояҳо, мо озмуни алоҳидаи “Формати калон” -ро эълон кардем, ки дар он дархостҳо низ худи ҳозир (то 18-уми декабри соли 2020) – тавассути ин линк қабул карда мешаванд.
Ғайр аз ин, аввали соли 2021 мо худи ҳамин ярмаркаи ғояҳо – «Формати хурд. Мавсими тобистона»-ро эълон мекунем. Агар ба шумо барои ба итмом расонидани тарҳ вақт лозим бошад, имконият доред дар озмуни навбатӣ ширкат варзед. Дар бораи он, ки чӣ гуна Internews истеҳсоли муҳтаворо дар солҳои 2020-2021 дастгирӣ мекунад, дар ин ҷо бихонед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.